ОМОДАГИРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАД

Роҷеъ ба баргузор шудани ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ дар шаҳри Қӯқанди латиф ба муштариёни «Овози тоҷик» қаблан хабар дода будем.

Ёдовар мешавем, ки ин ҷашнвора дар ин шаҳри куҳан бар асоси қарори Президент гузаронида мешавад. Мувофиқи қарор ҷашнвораи мазкур дар ду сол як маротиба роҳандозӣ гардида, аз чаҳор гӯшаи ҷаҳон ҳунармандон дар он ширкат хоҳанд кард.
Тибқи таомули мардуми мо пеш аз омадани меҳмон хона рӯбучин мешавад, онро ба тартиб меоранд, ба кӯчаву дарвозахонаҳо об мезананд ва бо фазилати хоси меҳмоннавозӣ ӯро хайрамақдам мегӯянд. Барои ҳамин дар ин рӯзҳои фарорасии фасли Баҳору Наврӯз шаҳри Қӯқанд  ба маркази омодагириҳо табдил ёфтааст. Дар ин ҷо ба ҷашнвора дар баробари мутасаддиёну масъулони ин кор пиру барнои шаҳр низ шарик ҳастанд.
– Талоши мо ба он равона шудааст, ки ин ҷашнвораро дар сатҳи баланд баргузор кунем ва меҳмононамон бо кайфияти аъло баргарданд. Дар ин ҷода намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдову саноат, Иттиҳодияи «Ҳунарманд», Академияи бадеии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилоят пайваста бо мо ҳамкорӣ мекунанд, – мегӯяд ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов.
Ба гуфтаи ҳокими шаҳр аллакай қисми асосии корҳои омодагирӣ  ба фарҷом расонида шуданд. Маъруф Усмонов мегӯяд, дар айни ҳол барои қабули меҳмонон тақрибан тайёр шудем. 
Дарвоқеъ, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр беш аз пеш намои тоза касб менамоянд, корҳои ободкунии атрофу акнофи он низ вусъат пайдо мекунад. Гуфта мешавад,  ки дар муддати кӯтоҳ беш аз даҳ  меҳмонхонаи наву замонавӣ дар минтақаҳои мухталифи шаҳр қомат афрохта, ҳудудан панҷ меҳмонхонаи дигар комилан бозсозӣ гардиданд. Дар айни ҳол нуқтаҳои хизматрасонии маданиву маишӣ ба кор омода карда мешаванд. 
Дар шаҳри Қӯқанд баргузор шудани ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ сабабҳои худро дорад. Дар ин шаҳр дар баробари олимону фозилон, адибону соҳибқаламони маъруфу машҳур, ҳамчунин ҳунармандони зиёд низ зодаву парварда шудаанд, ки маҳсулоти онҳо дар бозорҳои соири мамлакатҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим ба фурӯш бароварда мешуданд. Ҳунармандон аз ҳамтоёни дигари худ нақшу нигорҳои навро низ омӯхтаву таҷрибаи онҳоро дар ривоҷи  санъати кулолгарӣ, ҳаккокӣ, дӯзандагӣ ва амсоли он фаровон истифода намудаанд. Зимнан тазаккур бояд дод, ки дар айни ҳол дар иттиҳодияи ҳунармандони шаҳри Қӯқанд беш аз сесад нафар  сабти ном шудаанд.
Дар ин шаҳри куҳан воқеъ гаштани масканҳои таърихиву фарҳангӣ низ баёнгари ҳамин нукта аст, ки барои баргузор шудани ҷашнвораи ҳунармандони дунё хеле мусоидат менамоянд. Ӯрдаи Худоёрхон аз чунин масканҳои бузурги таърихӣ унвон шудааст, ки рӯзмарра мардуми зиёд ба он ҷо омада, бо таърихи хонигарии Қӯқанд ва тарзу усулҳои сохта шудани он ошно мешаванд. 
Ҳамзамон, Масҷиди ҷомеъ, мадрасаҳои Норбӯтабӣ ва Соҳибзода Ҳазрат, дахмаҳо ё сардобаҳои «Модари хон», «Шоҳон» аз масканҳое маҳсуб меёбанд, ки диққату таваҷҷӯҳи ҳар як меҳмони шаҳр ва сайёҳро ба худ мекашанд. Метавон гуфт, ки дар маҷмӯъ ин шаҳри бостонӣ дорои беш аз шаст маскани таърихиву фарҳангӣ мебошад ва ба шукӯҳи он шукӯҳи тоза зам намудаанд.
– Дар миёни мардуми мо «Меҳмон мисли падар бузург аст» мегӯянд. Пас, ҳар як меҳмонеро, ки ба кишвари мо меояд, бояд хуш пазироӣ кунем, вай битавонад маҳсулоташро ба намоиш гузорад, бо ҳамдигар таҷриба иваз кунем. Банда низ барномарезӣ кардаам, ки дар ҷараёни ҷашнвора  корхонаамон ва тарзи кори худро ба ҳамтоёни худ нишон диҳам, — изҳор намуд ба мухбири «Овози тоҷик» узви Академияи бадеии Ӯзбекистон рассом-кулол Тоҳирҷон Ҳайдаров.
Интизор меравад, ки маросимҳои асосии ҷашнвора дар майдони пеширӯии Ӯрдаи Худоёрхони шаҳри Қӯқанд баргузор мегарданд. Дар ин майдон ҳамсон бо намоишҳои маҳсулоти ҳунармандӣ намоиши барномаҳои гуногуни консертӣ, аскиягӯиҳо, суруду таронаҳои фолклорӣ ва тамошои дорбозҳо низ ба вуқӯъ мепайванданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: