ОМОДАГИҲО БА ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар асоси фармони Президентамон Шавкат Мирзиёев аз 1 ноябри соли 2018 оиди доирнамоии ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандон дар шаҳри Қӯқанд омодагиҳо дида мешаванд.

Ҷашнвора дар даҳрӯзаи дувуми моҳи сентябри соли равон сурат хоҳад гирифт. Аз 47 мамлакати дунё ташриф овардани 303 нафар аҳли ҳунар ва намояндагони санъати амалӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Дар доираи чорабинӣ, ки се рӯз давом мекунад, симпозиум ва анҷуманҳои байналхалқӣ гузаронида шуда ва дар онҳо аз хориҷ 28 нафар эксперт ва мутахассисон ширкат меҷӯянд.
Қӯқанд беҳуда маркази чорабинӣ интихоб нашудааст. Ҳанӯз дар қадим ва давраи асримиёнагӣ дар ин шаҳр ҳунармандӣ гул-гул мешукуфт. Солҳои истиқлолият ба туфайли эътибори алоҳида ба соҳа ҳунармандии халқӣ ривоҷи тоза ёфт.
Кӯча ва хиёбонҳои Қӯқанди латиф, ки ба қабули меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик тайёрӣ мебинад, файз ва зебоии тоза касб намудаанд. Маҷмӯъҳои нави хидматрасонӣ ва сервис, дуконҳои замонавии ҳунармандӣ, меҳмонхона ва иншооти дигар қад рост мекунанд.
Мақсад аз гузаронидани ҷашнвора, дар навбати аввал, ба ҷаҳониён дигарбора намоиш додани дурдонаҳои санъати ҳунармандию амалист, ки чун мероси ғайримоддӣ ҳаёти таърихию фарҳангии халқи моро дар худ таҷассум намудааст. Тарғиб намудани беҳтарин намунаҳои ин санъати нодир барои аҳолии маҳаллӣ низ аз фоида холӣ нест.
Маълум, ки моҳи марти соли равон Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ узви Шӯрои байналхалқии ҳунармандон гардид. Имконият фароҳам омад ҳунармандони мо бо ҳамкасбони хориҷ аз наздик ҳамкорӣ намоянд, таҷрибаи якдигарро омӯзанд. Хориҷиён ҳам метавонанд бе мамониат ба кишвари мо омада, аз объектҳои таърихии шаҳрҳоямон дидан кунанд, ба навигариҳои санъати ҳунармандӣ дар кишвар шинос шаванд.
«Дастурхончӣ» мадрасаест, ки зиёратгарони Қӯқандро қатори дигар объектҳои таърихӣ, аз қабили масҷидҳои ҷомеъ, мадрасаи «Ҳоҷибек», маҷмӯи «Ӯрда» ва осорхонаи давлатии шаҳр ба худ мекашад. Корҳои реставратсионӣ дар «Дастурхончӣ» ба поён расида, ин ҷо филмофаронамон картинаи ҳуҷҷатие офариданд бахшида ба чорабинии пешистода. Ҳунарпешагони маъруф ва актёрҳои ҷавони боистеъдод бо либосҳои миллӣ ҳунармандии мардумиамонро пеши назари тамошобини рӯз ҷилвагар месозанд.
Дар роҳи ба харитаи онлайни байналмилалӣ воридсозии объектҳои зиёратии шаҳри Қӯқанд тадбирҳо андешида мешаванд. Олимону профессорони Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯқанд ба номи Муқимӣ, айни замон, ба ҷашнвора туҳфаи муносиб омода месозанд. Таҳти роҳбарии профессор Ҳайдарбек Бобобеков бо се забон китоби калонҳаҷме омодаи нашр аст бо унвони «Таърихи Қӯқанд».
Раста ва павилонҳои ҳунармандӣ дар кӯчаҳои ба номи Усмон Носир ва Навбаҳор дар намуд ва низоми ҷойгиршавӣ эътиборро ҷалб сохта, маҷмӯи «Бозори ҳунармандон» ба маънии том боргоҳи ҳунармандии мардумӣ ва тиҷорати маҳсулоти одамони панҷ панҷаашон ҳунар қарор гирифтааст. Қобили таваҷҷӯҳ боз он ки ҳунармандони мо дар 59 маркази тиҷоратӣ, ки нав барпо шудаанд, ҳам маҳсулот мефурӯшанд ва ҳам зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ба азназаргузаронӣ-озмуне, ки дар доираи ҷашнвора доир мегардад, ҳамчунин тайёриҳо дар авҷ. Иштирокдорон дар 5 номгӯ маҳсули меҳнати худро намоиш медиҳанд. Мукофот ба ғолибон дар ҳаҷми 45 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар карда шудааст.
Дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Қӯқанд – наздикии «Бозори ҳунармандон» муҷассамаи уштурҳои равонро мебинед ва гумон мебаред корвон тавассути Роҳи бузурги абрешим ба роҳ даромадааст.

М.ШОДИЕВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: