ОМОДАГӢ БА ИДИ ГУЛ

Ҳоло 60 сол аст, ки дар вилояти Намангон гузаронидани «Иди гул» ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҳоло 60 сол аст, ки дар вилояти Намангон гузаронидани «Иди гул» ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин ҷода ҳар як намангонӣ ҳаёташро бе парвариши гул тасаввур карда наметавонад. 
Аз 23 то 31 май дар Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобури шаҳри Намангон 60-умин чорабинии анъанавии «Иди гул» баргузор мегардад. Ғайр аз ин чорабинии «Фестивали гул» низ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳудуди боғ аз 80 корхона ва муассисаи вилоят, 100 нафар гулпарварон 10 миллион гулро парвариш мекунанд. Инчунин, барои ҳар як ноҳияи вилоят дар ҳудуди боғ барои гузоштани гул ҷой ҷудо кардаанд.
Ба «Иди гул» ғайр аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз 50 мамлакати хориҷӣ ташрифи меҳмонон ва журналистон, ҷамъ 500 ҳазор нафар меҳмонон ва дӯстдорони гул пешбинӣ шудааст. Барои меҳмонони хориҷӣ хидмати волонтёрҳоро ба роҳ мондаанд.
Тантанаи «Иди гул» аз дарвозаи рамзии вилоят бо иштироки 200 мошини бо гулҳои рангоранг ҷиҳозонидашуда оғоз меёбад.
Санъаткорони маҳаллӣ ва аз пойтахт ташрифоварда бо барномаҳои маънавиву маърифатӣ ба хидмати иштирокчиён омодаанд.
«Иди гул»-и Намангон дар дили меҳмонон чун анъана таассуроти бой хоҳад гузошт.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: