ОМОДАГӢ БА КИРМАКПАРВАРӢ

Солҳои охир ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти кирмакпарварӣ, таъмини коркарди барқарори корхонаҳои соҳа ва таъмини корбурди рушди он эътибори махсус дода мешавад.

Ин амал ба ҳалли зина ба зинаи нишондодҳои қарори Президент Шавкат Мирзиёев аз 24 феврали соли равон «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи кирмакпарварӣ» нигаронида шудааст.

Дар вилояти Навоӣ баҳри иҷрои қарори мазкур, бунёди захираи озуқавории кирмакпарварӣ корҳои амалӣ анҷом ёфтаанд. Соли ҷорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои фермерӣ шинонидани ҷамъ 3 миллиону 690 ҳазор ниҳоли тут ба нақша гирифта шуда, 3 миллиону 692 ҳазор ниҳол шинонида шуд.
Соли 2022 дар вилоят 17 ҳазор қуттӣ кирми пилла ба аҳолӣ тақсим гардида, 1022 тонна ашёи хоми хушсифат истеҳсол гардид. Соли равон ба аҳолӣ 18 799 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст ва ба даст овардани 1090 тонна ашёи хоми хушсифат дар нақша аст. Барои ноил гардидан ба ин мақсад бо 849 хоҷагии фермерӣ ва 6088 нафар шахсони инфиродӣ ба парвариши мутобиқан 12 709 қуттӣ ва 6090 қуттӣ кирмаки пилла, ҳамчунин ба даст овардани 737 тонна ва 353 тонна ашёи хоми хушсифат шартнома имзо шудааст.
– Дар айни ҳол намояндагони иттиҳодияҳои хоҷагии қишлоқи вилоят, кадастр, Шӯрои фермерҳо дар ҳамкорӣ бо ҶММ «Agropilla» майдонҳои тутзорро аз назар мегузаронанд, – мегӯяд сарҳосилоти ҷамъият  Хислат Очилов. – Ҳолати тутҳо аз назар гузаронида мешавад. Дар ҷои тутҳои хушкида ниҳолҳои нав мешинонанд. Соли равон барои барпо намудани майдони тутзорҳои нав ҷудо намудани 5000 гектар замин дар назар аст. Чунки кирмакпарварӣ соҳаи сердаромади хоҷагии қишлоқ мебошад. Зимни васеъ намудани майдони тутзорҳо ҳаҷми истеҳсоли ашёи хоми абрешим афзуда, самаранокии он таъмин карда мешавад.
Бинобар нишондоди қарор бо кор таъмин кардани аҳолии ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» воридгардида ва гузаронидани самараноки мавсими кирмакпарварӣ аз ҷониби ҳокимиятҳо муттаҳидгардонии корхонаҳои кирмакпарварӣ дар назар аст. Ба ҳаллу фасли ин масъала дар вилоят корхонаҳои зер масъул гардонида шудаанд: ҶММ «Al-aziz ipagi» дар ноҳияҳои Конимех ва Навбаҳор, корхонаи хусусии «Xatirchi pilla» дар ноҳияи Хатирчӣ, ҶММ «Qiziltepa pillachilic»дар ноҳияи Қизилтепа, ҶММ «Navoiy silk produksion 2020» дар ноҳияҳои Нурато ва Кармана.
Ҳамин тариқ, соли равон дар вилоят 57 752 нафар шаҳрванд бо кирмакпарварӣ машғул мешаванд. Аз ин миқдор 4 773 нафар бо кори доимӣ ва 52 979 нафар бо шуғли мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори  
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: