ОМОДАГӢ БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишварамон 24 октябри соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор мегардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишварамон 24 октябри соли ҷорӣ интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат дар саросари кишвар тайёрӣ мебинанд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи “Янги Чоштепа”-и ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд корҳо дар авҷ аст.
Вақте вориди маҳаллаи номбурда шудем, аз субҳи содиқ аллакай ҳама ҷо об зада рӯфтагӣ буд, накҳати гулу райҳони ду тарафи роҳрав ба машом мерасид. Мутахассиси кор бо занону духтарони маҳалла Ҷонон Ҳидоятова моро ба дафтари раис ҳамроҳ бурд. 
– Дар маҳаллаи мо қитъаҳои интихоботии 580 ва 581 мавҷуд аст ва онҳо бо ҳамаи қулайиҳо таъмин карда шудаанд, – гуфт баъди пурсупос раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мазкур Шокирҷон Муҳаммадҷонов. – Барои гузарондани ин маъракаи сиёсӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст ва барои фаъолона иштирок кардани интихобкунандагон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бурда истодаем. Ба таркиби гурӯҳи корӣ аз Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Навоӣ як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёнро низ дохил намудем. Аллакай дар ҳамаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия корҳои барӯихатгирӣ поён ёфт. Дар маҳаллаи мо наздик ба 150 нафар ногирои  аз 18 сола боло, инчунин се-чор нафар пирони барҷомонда истиқомат мекунанд. Ҳамаи онҳо ба рӯихат гирифта шудаанд. Ба ногироҳое, ки имконияти ба қитъаи интихоботӣ омадан надоранд, мутасаддиён вобаста карда шудаанд. 
Вақте бо раис суҳбат доштем, ҷавоне дар даст шиноснома даромада омад. Ва ӯро низ ба суҳбат ҷалб намудем.
– Ман Бакирхӯҷа Хӯҷаев синни 18-ро пур кардам. Интихоботи президентӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Аз он хурсанд ҳастам, ки маротибаи аввал овоз медиҳам. Номзад ба интихоби президент, албатта, шахси одил, донишманд ва инсонпарвар бояд бошад, аввало ғами халқро хӯрад, барои рушди мамлакат, ҳаёти фаровони мардум ва хусусан насли ҷавон муносиб бошад, – гуфт Б. Хӯҷаев.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: