ОМОДАГӢ БА МАВСИМ ҲАНӮЗ БА ОХИР НАРАСИДААСТ

Дар Хонаи матбуоти Самарқанд бо иштироки ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, ходимони хидмати ахбори ҳокимияту садоратҳо ва блогерҳо оиди корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон анҷумани матбуотӣ баргузор шуд.

Нахуст Э. Турдимов бо шароити кории кормандони рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» шинос шуда, аз музейи таърихи матбуот дидан кард. 
Маълум аст, ки бо фармоиши ҳокими вилояти Самарқанд аз 26-уми октябри соли равон мавсими гармидиҳӣ оғоз ёфт. 8-уми августи соли 2019 қарори ҳоким оиди таъмини тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 қабул шуда буд.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки барои ба мавсими тирамоҳу зимистон омода кардани 1236 мактаби таълими умумии вилоят аз ҳисоби маблағи буҷа беш аз 42 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Дар 306 мактаб дегхонаҳои замонавӣ сохта, қариб 11000 батареяи гармидиҳанда гузошта шуданд. Боми 36 мактабро таъмир карда, дар 85 мактаб ҳоҷатхонаи нав сохтанд. Мувофиқи натиҷаҳои омӯзиш аён гардид, ки 81 мактаби Пастдарғам, Оқдарё, Ургут ва дигар ноҳияҳо то ҳол ба мавсим омода нестанд.  
– Ҳоло аксари сарварони мактабҳо мушкилоту камбудиҳои мактаби худро пинҳон мекунанд, – гуфт ҳоким. – Аммо давраи пинҳон кардани камбудиҳо гузашт. Бояд ҳар як мушкил ошкоро баён карда шавад. Сарварони мактабҳо камбудиҳоро агар аз дасташон биёяд, худашон ҳал кунанд. Агар иҷрои он бо маблағ вобаста бошад, ба ҳокимият, Садорати таълими халқ ва дигар ташкилотҳои мутасаддӣ бояд муроҷиат кунанд. Мутаассифона, ҳамон дар 12 мактаби ноҳияи Ургут, 10 мактаби ноҳияи Пахтачӣ, 7 мактаби ноҳияи Пайариқ биноҳои таълимии сохти солҳои 50-60-уми асри гузаштаро дидан мумкин аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: