Ба оғоз гардидани мавсими ҷамъоварии ғалладона рӯзҳои башумор боқӣ мондааст.
Ин аст, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё ба мавсими мазкур омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Мавзӯи омӯзиши ҷамъомади густурда дар ноҳияи Қамашӣ бо ширкати сарварони хоҷагиҳои фермерӣ, намояндагони ҳокимияти вилояту ноҳия ва дигар идороти масъули қаламрав ҳам омодагиҳо ба ҷамъоварии кишти ғалладона буд. Маълум гардид, ки ноҳияи Қамашӣ дар ин кор пешсаф буда, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бояд таъкид кард, ки дар ноҳия 402 хоҷагии фермерӣ вуҷуд дорад, ки бо кишти ғалладона машғул. Соли равон ин хоҷагиҳои фермерӣ дар 10450 гектар замини обӣ гандуму ҷав кишт намуда, алҳол мунтазири ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Барои дар амал татбиқ намудани ин корҳо аллакай техникаи ғалладарав таъмир гардида, кори идораҳои қабули ғалладона низ ҳамоҳанг гардонда шудаанд. 13 гуруҳи корӣ созмон ёфтаву камбудиҳои 26 комбайни хушкору тезкор бартараф карда шуд. Барои муташаккилона гузаронидани мавсими ҷамъоварии кишти ғалла зиёда аз 150 мошини боркаш низ ҷалб хоҳад гашт. Идораи сӯхторнишони ноҳия низ дар ҳолати омодабош қарор дорад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.