Варзишгарони мамлакат имрӯзҳо барои иштирок дар олимпиадае, ки соли 2020 дар Токио – пойтахти Ҷопон баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
Ба қарибӣ дар маҷмӯи «Паҳлавон»-и шаҳри Намангон доир ба тенниси рӯйи миз чемпионати Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар баҳсҳо аз Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд иборат аз 100 нафар мардон ва 80 нафар занони теннисбози бомаҳорат иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи байни мардон Зоҳид Кенҷаев (вилояти Тошканд) ва аз занҳо Римма Гуфранова (шаҳри Тошканд) ба ҷойи якум ноил гардида, ба унвони чемпиони Ӯзбекистон сазовор гардиданд.
– Барои гузаронидани чунин мусобиқаи бонуфуз ҳамаҷониба тайёрӣ дидем, – гуфт яке аз мураббиёни соҳибтаҷрибаи вилояти Намангон, чемпиони ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз Севара Қодирова.
– Камина соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок кардам. Вале аз сафи ғолибон ҷой гирифтан бароям насиб накард. Кӯшиш мекунам дар олимпиадаи Токио иштирок карда, ғолибиятро ба даст орам ва ба Ватанамон бо шаддаи медалҳо баргардам, – гуфт ғолиби мусобиқа Зоҳид Кенҷаев.
Дар рафти мусобиқа аз тарафи мураббиён ба тими яккачини Ӯзбекистон теннисбозони иқтидорнок интихоб гардиданд. Имрӯзҳо онҳо дар маҷмӯи варзишии «Баркамол авлод»-и шаҳри Намангон бо сарварии менеҷери Федератсияи байналхалқии тенниси рӯйи миз барои ба олимпиадаи Токио тайёрӣ дидан дар машғулиятҳо иштирок менамоянд.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.