ОМОДАГӢ БА САРДИҲОИ САХТ ДАР ҚАШҚАДАРЁ

Навид

Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Қашқадарё омодагӣ ба зимистонгузаронии аксари аҳолии қаламрав ба таври фаврӣ тадқиқ гардида, ба қишри нодор, барҷомондагон ва оилаҳои бепарастор кумакҳои амалӣ расонда шуданд.
Кормандони ҳокимиятро ба ин амал дар ин рӯзҳои сар задани сардиҳои аномалӣ дар аксари вилоятҳои ҷумҳурӣ водор кардааст. Назар ба маълумотҳо, ин гуна сардиҳо дар фасли зимистон дар бист соли охир бори аввал такрор ёфта, аслан хоси қаламрави мо набудааст. Аммо дар ҳамин давр аҳолиро бидуни талафоти ҷонӣ ба рӯзҳои нисбатан мусоид расонидан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи раҳбарияти ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо  ба шумор меравад. Гуфта мешавад, ки вазъ дар тамоми маҳаллаҳои ҳанӯз бо гази табиӣ таъминнабуда аз рӯи рӯйихати пешакӣ омӯхта шудааст. 
Аз ҷумла, ҳокимияти ноҳияи Қаршӣ тибқи чорабинии фаврӣ омодагии аҳолиро ба сардиҳои аномалӣ санҷида, ба аҳолии 58   маҳаллаи қаламрав ёрии амалӣ расонд. Ба онҳо аз захираи ҳокимият барои гарм кардани хонаҳояшон ангиштсанг тақсим карда шуд. Ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаҳои “Бодомзор”, “Чӯлибӯстон”, “Тинчлик” , “Навбаҳор”, “Коҷор” ва “Истиқлол” ба миқдори 5 тоннагӣ ангиштсанг гирифтанд ва он таҳти назари масъулини ҳокимияти ноҳияи Қаршӣ ва шуъбаи кумак ба пиронсолони ноҳия ба оилаҳои дармонда тақсим гардид.
Аз дафтари матбуоти ноҳия ба мухбири рӯзнома гуфтанд, ки ҳоло корҳои захира кардани ангиштсанг идома дорад ва то имрӯз беш аз 2 ҳазор тонна чунин сӯзишворӣ ба қишри нисбатан нодори аҳолӣ расонида шуданд.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони “Обод”-и ноҳияи Қамашӣ Ш. Эшмаматов гуфт, ки тибқи дастури ҳокимият ба нӯҳ оилаи камдаромад ва шахсони бепарастор кумаки амалӣ расонда шуд. Онҳо аз захираи ҳокимияти ноҳия ба миқдори муайян сӯзишворӣ гирифтанд.  
Чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё низ роҳандозӣ шуда, хусусан ба шароити зисти мардуми деҳаҳои кӯҳистонӣ бештар эътибор дода шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Деҳқонобод, Китоб ва Шаҳрисабз, ки як қисмати аъзами аҳолии таҳҷоӣ дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, омодагӣ ба сардиҳои фавқулода аз рӯи реҷаи махсус амалӣ гардиданд.
 
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик”. 
Вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: