Аз рӯи ташхис ва таҳлили обуҳавосанҷон зимистони имсола низ обу ҳаво хеле сард меояд.
Аз ин рӯ, омодагӣ ба фасли зимистон яке аз масоили умдаи рӯз маҳсуб ёфта, муҳайё намудани шарту шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов дар ҳар сафари кории хеш ба ҳудуди навоҳии вилоят пеш аз ҳама бо шароити мактабҳои миёнаву томактабӣ шинос шуда, омодагии онҳоро ба фасли зимистон ба назари эътибор гирифта, тавсияҳои зарурӣ дода меояд. Аз ҷумла, дар сафари навбатӣ аз ноҳияҳои Тирмиз, Ангор, Музработ ва Шеробод, ки дар як самт воқеанд, дидан намуд. Дар ҷараёни омӯхтану таҳлил кардан маълум гардид, ки дар мактаби касбу ҳунари ноҳияи Тирмиз, мактаби рақами 35-уми ноҳияи Ангор, мактаби рақами 32-юми ноҳияи Музработ ва мактаби рақами 20-уми ноҳияи Шеробод ҳарчанд системаҳои гармидиҳанда насб карда шуда бошанд ҳам, аз сабаби баъзе камбудиҳо, носозиҳо кафолати пурра гарм кардани синфхонаҳо ҳоло мавҷуд намебошад. Ба маъмурияти мактабҳо ва мутасаддиёни соҳа супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ камбудиҳо пурра бартараф карда шаванд. Инчунин, таъкид гардид, ки дар соли хониши имсола новобаста аз хунукии шадид гармии синфхонаҳо ва бардавомии таҳсил бояд таъмин карда шавад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.