ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ МАЛАКАНОКИ ИЛМӣ ВА ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ – ТАҚОЗОИ ДАВР

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Дар соҳаи фанҳои кишоварзӣ ва ветеринария натиҷаҳои аттестатсияи кадрҳои олии малаканок ва илмӣ-педагогӣ» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Навъе таъкид гардид, таълими баъди муассисаҳои таълими олӣ, ки қисми таркибии сохтори таълими мамлакатамон мебошад, дар қонеъсозии эҳтиёҷи ҷамъият ба кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии малаканок, тарбияи авлоди баркамол, рушди таълим ва баланд бардоштани дараҷаи сифатии илму фан, ҳамчунин таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим касб менамояд.
Дар даврае, ки гузашт, дар натиҷаи амалӣ гардонда шудани чораҳои барномавӣ дар соҳаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии малаканок дар соҳаи хоҷагии кишоварзӣ ва фанҳои ветеринарӣ солҳои 2013-2018 ҷамъ 193 нафар, аз ҷумла 85 нафар унвонҷӯён дараҷаи докторӣ, 108 нафар дараҷаи илмии доктори фалсафаро соҳиб шуданд. Дар шароити сохтори дузинавии таълими баъди муассисаи таълими олӣ нишондиҳандаҳо оиди дараҷаи илмии доктори фан 45, дараҷаи илмии доктори фалсафа 108 нафарро ташкил намуданд.
«Рӯихати ихтисосҳои кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии малакаи олӣ» дар асоси талабҳои замонавӣ оптималӣ гардонда шуд. Ба рӯихат «Нигоҳ доштан ва аз нав кор кардани маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ», «Пиллапарварӣ», «Ихтология», «Гидробиология», «Коркард ва нигоҳдошти маҳсулоти моҳӣ» барин ихтисосҳои нав ворид гардиданд.
Шӯроҳои илмие, ки дараҷаҳои илмӣ медиҳанд, дар вазъи ба эътибор гирифтани дигаргуниҳои сифатӣ дар соҳаҳои таълим, илму фан ва иқтисодиёт ташаккул ёфтанд. Имрӯзҳо оиди фанҳои хоҷагии кишоварзӣ 5-то шӯрои илмӣ дар муассисаҳои таълими олӣ фаъолият мебарад.
Таркиби шӯроҳои илмии соҳаҳои хоҷагии кишоварзӣ ва ветеринария аз ҳисоби олиму мутахассисони малаканок ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ин таркиб 108 нафар мутахассисон – олимон фаъолият нишон медиҳанд.
Талаб оиди ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ дар амалиёт, ки дар банди 2-юми қарори дахлноки Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудааст, таъмин гашт, қайд карда шуд дар анҷумани матбуотӣ.
Раисон ва ҷонишини раисони шӯроҳои илмӣ Б.Сулаймонов, Ш.Нурматов, А.Даминов, Р.Қӯзиев доири мавзӯъ маърӯзаҳо хонданд ва ба саволи рӯзноманигорон ҷавобҳо гардонданд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: