Боғистони бостонию бӯстонӣ яке аз деҳаҳои кӯҳии хушманзари ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд мебошад.
Манзараҳои нотакрори ин ноҳия ва гирду атрофи онро, ки муъҷизаи табиатанд, гоҳе ба манзараҳои дилфиреби кишварҳои хориҷӣ монанд мекунанд. Беҳуда ба ин минтақаи зебои кишвар номи «Шведсарияи Ӯзбекистон» дода нашудааст.
Боғистони биҳиштосо зодгоҳу зодбуми шахсони бузургу барӯманди таърихӣ, бониён ва идомадиҳандагони тариқати нақшбандия – Шайх Умари Валӣ, Шайхованди Таҳур, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Исҳоқи Боғистонӣ маҳсуб мешавад.
12 июни соли 1955 дар оилаи бошандаи деҳаи мазкур – амаки Абдуҳомид писаре ба дунё омад. Фарзанд неъмати Худо гуфтаанд. Бо назардошти ин, пири гузар ба навзод номи Неъматуллоро муносиб дид.
Амаки Абдуҳомид, ба қавле, чил ҳунар дошт. Деҳқони моҳир, дуредгар буд, бо табобати халқӣ низ сарукор дошт, кӯдаконро хатна мекард.
Модараш – Хонбибӣ Зоирова духтари тоҷири соҳибмаърифат ба тарбияи фарзандон эътибор медод. Онҳо ҳашт фарзанд доштанд. Неъматулло – фарзанди ҳафтум аз хурдсолӣ кунҷкову хушзеҳн буд. Амаки Абдуҳомид овозхони касбӣ набошад ҳам, гоҳо машғули корҳои деҳқонӣ ва дуредгарӣ суруди халқиеро зери лаб замзама мекард. Аз замзамаҳои падар хуши писар меомад.
Неъматулло овони хурдсолию наврасӣ ба лаби дарёи Пском, ки аз пиряху чашмаҳои кӯҳӣ маншаъ мегирад, омада соатҳо аз оби шаффофи он дил канда наметавонист, аз садои мурғони хушилҳон ва андалебони боғҳои деҳа як олам завқ мебурд, дар пайравӣ ба мурғони хушхон хониш мекард.
– Соли 1964 оилаи мо аз Боғистон ба шаҳри Чирчиқ кӯч баст, – гуфт Неъматулло ҳангоми суҳбат бо инҷониб. – Дил басе мехост, узви маҳфили Қасри фарҳангии металлургҳо бошам, ки дур аз мо, дар маркази шаҳр воқеъ буд. Зеро ба мусиқӣ ва овозхонӣ дилбастагии зиёд доштам.
Неъматулло, ҳанӯз вақте дар синфҳои 7-8 мехонд, рубобу торро ҷӯр карда, сурудхониро машқ мекард. Боре дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 21 ҷашнвораи бошукӯҳи «Дӯстӣ» баргузор шуд. Неъматулло Зоиров дар ҷашнвора бо суруду таронаҳои тоҷикӣ, арабӣ ва ҳиндӣ баромад карда, ба назари мутахассисони соҳа афтод. Дар ин ҷашнвораи бонуфуз Артисти халқии Ӯзбекистон, шодравон Ҳалима Носирова, Нависандаи халқии Ӯзбекистон Иброҳим Раҳим ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ҳунар ширкат ҷуста буданд. Ифтихорномаи рақами як насиби Неъматулло гардид.
Баъди хатми мактаби мазкур директори он Раҳматулло Ниёзматов, ки шахси баобрӯй буд, Неъматуллоро, бо назардошти тавону салиқааш, чун омӯзгори фанни мусиқӣ ба кор гирифт. Ба ин тариқ, фаъолияти омӯзгории Неъматулло оғоз ёфт. Дар баробари ин, ӯ дар қасрҳои фарҳангии металлургҳо ва кимёгарон маҳфил созмон дода, ба шефтагони савту суруд аз фанни мусиқӣ дарс медод. Ҷавони серғайрат мехост ба олами мусиқӣ бештар ворид шавад.
Ба ин мақсад роҳи Бухорои Шарифро пеш гирифт ва ба факултаи мусиқии Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурд.
Неъматулло тӯли таҳсил дар донишкада яке аз донишҷӯёни фаъоли факулта буд. Дар ин даргоҳ аз омӯзгорони соҳибтаҷриба Ашӯров, Дӯстов,Турсунов ва дигарон асрори мусиқӣ ва ҳунари овозхонӣ омӯхт. Ошноии ӯ дар ин маърифатгоҳ бо Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Аҳмадҷон Шукуров қобили қайд аст. Аз ӯ, ки дар курсҳои охири факулта таҳсил дошт, бисёр чиз гирифт. Хоксорӣ, ҳалолӣ ва саховатпешагии овозхони шинохта барояш намунаи ибрат буд.
Баъди хатми донишкада маъмурият хост, ки Неъматулло фаъолияти педагогиашро дар ин даргоҳ идома диҳад. Вале Неъматуллоро зодгоҳ ба сӯйи худ мехонд. Вай дар Қибрай бо дӯсти ҳампешааш Акбар 10 километр масофаро тай карда, дар мактаби мусиқии ноҳия ба сабақ додан шурӯъ кард.
Хеле мехост, ки дар деҳа шуъбаи ин мактабро таъсис дода, ба шефтагони дунёи мусиқӣ асрори ҳунар омӯзад. Вақте дар совхози «Химик» (ҳоло маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ) шуъбаи мактаби мусиқӣ дари худро боз намуд, Неъматулло, бе дудилагӣ, ба сифати мутахассис дар мактаби мусиқии бачагон ба кор шурӯъ кард. Дертар дар ин даргоҳ ҳамчун мудири шуъба ва ҷонишини директор кор кард. Неъматулло ба ҳамроҳии директори мактаби мусиқӣ – Маҳкам Мирзобоев дар партави қарорҳои роҳбари давлат дар бисёр деҳаҳо шуъбаҳои мактаби мусиқиро созмон дода, ба рушди истеъдодҳои ҷавон замина гузошт.
Шуҳрати мактаби мусиқии бачагонаи рақами 1 натанҳо дар ноҳияи Қибрай, балки дар сар то сари ҷумҳурӣ доман паҳн кард.
Шогирдони Неъматулло Зоиров Рустам Ҳамитов, Дониёр Зоиров, Одилҷон Исҳоқов, Малика Маматкаримова ва Парвиза Додометова дар озмун-азназаргузарониҳои гуногун ширкат ҷуста, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Неъматуллои ташнаи илму дониш ба андӯхтаҳои худ қаноат накард. Ба факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи омӯзгории ба номи Низомии пойтахт ҳуҷҷат супурда, бо сари баланд онро хатм намуд. Дари олами эҷод ба рӯяш фарохтар боз гардид.
Омӯзгори моҳир шоири хушсалиқа низ мебошад. Якчанд маҷмӯаи шеъриаш, ба мисли «Боғистон наволари», «Сабр дарахти», «Боғистонлик боламан», «Сӯз хислати», «Хаёлимда ёлғиз сен», «Қуёшли юрт қӯшиғи», «Кӯнгил таронаси», «Армон гуллари», «Кӯркам дунё», «Боғистоним», «Сен ишончим, сен қувончим», «Баҳори Боғистон» (ба забони тоҷикӣ) аз тариқи нашриёти гуногуни пойтахт рӯйи чопро дидаанд.
Олимон ва шоиру нависандагони кишвар Наим Каримов, Пиримқул Қодиров, Рауф Парфӣ, Азиз Абдураззоқ, Ҳамидҷон Ҳомидов, Фахриддин Умаров, Шералӣ Ҷӯраев, Аҳмадҷон Шукуров, Ҳоҷиакбар Ҳамидов ва дигарон барои комёб гардидан дар ҷодаи шеъру мусиқӣ ва овозхонӣ ба ӯ маслиҳатҳои муфид додаанд.
Омӯзгори тоифаи олӣ, соҳиби чандин ифтихорнома, нишони сарисинагии «Ӯзбекистон мустақиллигининг 30 йиллиги», ғолиби озмуни «Энг улуғ, энг азиз», академики Академияи илмҳои Тӯрон Неъматулло Зоиров имрӯз низ дар саф аст. Ба насли ҷавон асрори ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ меомӯзад, дар матбуоти даврӣ шеърҳои нав ба наваш рӯйи чопро мебинанд.
А.СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».