ОМӮЗГОР, МУҲАҚҚИҚ ВА АДИБИ РАВШАНЗАМИР

Малики Кабир аз ҷумлаи инсонҳои шариф ва ҳунарманду боиззат аст, ки бо заҳмат ва фидокорӣ ҷойгоҳашро дар ҷомеа устувор сохтааст.

Дар суннати мардуми мо мазкур аст, ки худованд ҳар бандаи муъминро бо ризқаш меофаринад. Маънии таҷрибии ин ҳарф он аст, ки дар ҳама гуна низоми иқтисодиву иҷтимоӣ тақсимоти меҳнат сурат мегирад ва ҳар шахс дар ҳамин чаҳорчӯб мувофиқи қобилияту майли фардӣ ва шароиту зарурати иҷтимоӣ шуғли муносиб меёбад ва дар ҷомеа ҷойгоҳу манзалат пайдо мекунад, ҳамчунон ки Ҳофиз фармуда:
Яке теғ донад задан рӯзи кор,
Якеро қаламзан кунад рӯзгор.

Малики Кабирро рӯзгор қаламзан ва омӯзгор офарид. Ӯро, ки ба тасодуф дар ин ҷода гом барнадоштааст, саводи комил, таҷрибаву малака ва истеъдоду маҳорат комёб намуд. Малик зода ва парвардаи деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ, мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо ба поён бурдааст. Баъд ба бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад ва онро бо дипломи аъло ба итмом мерасонад. Дар Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд аз фанни забони тоҷикӣ дарс гуфта, бо зарурати рӯзгор ба зодгоҳаш бармегардад ва дар мактаби миёнаи рақами 40 ба шогирдон дарс мегӯяд. Соли 1986 қисмат ӯро ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон меоварад ва дар мактаби рақами 13-уми ҳамин ноҳия омӯзгорӣ кардааст. Соли 1989 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтепа ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият шурӯъ карда, соли 1995 вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикиро низ бар ӯҳда доштааст. Дар мавзӯи «Лексикаи лаҳҷаҳои тоҷикони Чирчиқи вилояти Тошканди Ӯзбекистон» рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд.
Малики Кабир аз соли 2002 фаъолияташро дар кафедраи «Таълим бо забони тоҷикӣ»-и Донишкадаи давлатии омӯзгории вилояти Тошканд (шаҳри Ангрен) идома дода, баъд вазифаи мудири кафедраи забони ҳамин донишкадаро низ иҷро кардааст. 
Фаъолияти ӯ се паҳлу дошта, заҳматҳои босамарашро дар соҳаи таълиму тарбия, илми забоншиносӣ ва адабиёту фарҳанг дар бар мегиранд. Ӯ дар баробари омӯзгори хуб будан, муҳаққиқи тозаназари забоншинос, шоир ва нависанда низ ҳаст. Ин донишманд ҳам дар таҳқиқоти рисолавии номзадӣ, ҳам дар мақолаҳои баъдиаш, аз ҷумла «Аз асолати хеш дур нашавем», «Мулоҳизаҳо оид ба таркиби луғавии лаҳҷаҳои тоҷикони Чирчиқ», «Тарзи таълими мавзӯи ҳарфи «ъ» дар муҳити лаҳҷа», «Истифодаи маводи лаҳҷавӣ ҳангоми таълими садонокҳо», «Корбурди унсурҳои луғавии лаҳҷа дар тадриси забони адабӣ» ва ғайраҳо асолати бунёдӣ ва миллии шеваи сокинони Чирчиқро исбот кардааст, ки хидмати таҳсиномез мебошад.
Бисёре аз мақолаҳои ӯ ба таҳқиқи забон ва услуби шоиру нависандагони гузашта ва муосир бахшида шудааст, ки таҷрибаи судманди ӯро дар ин замина собит месозанд. Аз ҷумла дар мақолаҳои «Забон ва услуби як  ғазали Шамсиддин Шоҳин», «Забон ва услуби тамсили «Аз мост , ки бар мост»-и Носири Хусрав» ва «Забон ва услуби як ғазали Камоли Хуҷандӣ» дар заминаи таҷрибаи шоирони тавонои гузашта костагиҳои забонро аз лиҳози фонетикӣ, луғавӣ, қолабҳои сарфиву наҳвӣ ва корбурди таъбирот ба миён мегузорад, ки арзиши муҳими амалӣ ва таълимӣ дорад. 
Дар мақолаи пурмуҳтавои «Забон ва услуби як ғазали Лоиқ» муҳаққиқ такрори садоноки «о», калимаҳо, усули истифодаи Лоиқро аз «услубиёти фонетикӣ, луғавӣ ва сарфию наҳвӣ» устодона шинохта, ин тарзи нигоришро ҳамчун унсури сабксоз ва «салосату балоғати забони ғазал» таъбир мекунад, ки низ дар шинохт ва арзёбии сабки Лоиқ ҳарфи тоза ва бодалел аст. 
Малики Кабир аз оғози фаъолияташ ба эҷоди осори манзум ва наср  машғул шуда, дар ин замина низ истеъдод ва маҳорати худро нишон додааст. Ӯ ашъорашро таҳти унвони «Субҳи вафо» гирд овардааст, ки ғазалҳо ва чанд шеъри бачагонаро дар бар мегирад. Ӯ дар шакли ғазал қувваозмоӣ намуда, андешаву орояшро ба тарзи худ ва таъсиргузор ба риштаи назм кашидааст, ки  албатта диққати хонандагонро ҷалб хоҳанд кард.
Зайли намуна чанд байтеро аз як ғазалаш иқтибос мекунем:
Наҷӯям дасти ёрӣ, гарчи дарвешам,
Бупарҳезам зи бори миннати хешам.
Мазан санги маломат дар сари хонам,
Дили хуш дорам аз моли каму бешам.
На ҳар дасти расо боли саховат шуд,
Зи чини ҷабҳаи мумсик биандешам.

Ин ва бисёре аз ғазалҳои дигари шоир  дар заминаи таассурот ва ҳиссиёти фардӣ андешаҳои муҳимми умумиятёфтаи ахлоқиро ба хонанда талқин мекунанд, ки ҷанбаи таълимии онҳо қавӣ буда ба хонанда таъсири амиқ мегузоранд. 
Эҳсоси воқеият дар таҷрибаи шоирии ӯ ду паҳлу дорад: бадиву некӣ, маргу зиндагӣ, адолату разолат, садоқату хиёнат ва ҷуз инҳо. Ӯ воқеиятро дар ҳамин оина софкорӣ карда, тазодҳои ҳаётро ба воситаи шеъраш ба хонанда намудааст. Хонанда шеърҳоро хонда, метавонад гӯяд, он чӣ ӯ мегӯяд, нав нест. Мо мегӯем, ки дар асл мазмуну мундариҷа дар   шеър нав намешавад, вале тарзи баён ва тасвир ба он тозагӣ ато мекунад. Дар ҷустуҷӯҳояш Малики Кабир ба сабки ҳиндӣ пайравӣ карда, дар ин замина тозагӣ ва таъсиргузории шеърашро таъмин кардааст, ки бешак диққати хонандаи рамзошноро ба худ ҷалб хоҳад кард. Пораҳои зер маҳсули ҳамин гуна таҷрибаи шоирии ӯянд, ки писандиданист:
Лайли умр омаду баҳор гузашт,
Тирамоҳам биҷӯ баҳор гузашт.
Барги гул хок шуд зи бори ҷафо,
Савти субҳонаи ҳазор гузашт.
Бад макун як дамест пояи умр,
Бӯи гул монду захми хор гузашт.

Ва ё:
Боди атрафшони Наврӯз аз лаби гул бӯ рабуд,
Ин ҷаҳон меҳмонсарои хоҷаи аттор шуд.

Боз:
Ин себи Самарқанд ҳаме ақл рабояд,
К-он сарви равон авҷи камолест, худоё.

Инҳо ва намунаҳои дигари ашъори Малики Кабир аз шавқи дил, муҳаббати рӯзгор, талқини покизагӣ ва бузургӣ, аз меҳрубониву дилсӯзӣ, зебошиносиву покизакорӣ паём меоваранд.  
Самимияти эҳсосу андешаи шоир дар чаҳор мисраи зер ба ҳаддест, ки фосилаи маъмули байни қаҳрамони лирикӣ ва шахсияти шоирро аз байн бурдаву муҳаббати ӯро ба забони модарӣ ҳамчун муҷассамаи нотакрори зебоӣ ва ҳуввияти миллӣ шукӯҳи ҷовидона бахшидааст:
Лафзи модар дар ниҳодам гавҳари якдона шуд,
Дар сиришти миллатам бо хуни дил дурдона шуд.
Дар ҳавои қудсиён дури дариро суфтаанд,
Дафтари ҳусни баёнам олами фарзона шуд.

Малики Кабир дар наср низ қувваозмоӣ карда, чанд ҳикояву масалҳо низ таълиф кардааст, ки чеҳраи ҳунарии ӯро такмил бахшидаанд. Дар ин замина метавон аз ҳикояи ҷолиби ӯ «Кори савоб» ва масалҳояш «Себи хубонӣ ва пораҳои он», «Зоғи айбҷӯ», «Қиссаи баргак», «Зоҳирпарастони худбин», «Мошони одатқарин», «Чинори солхӯрда», «Сабақи мурғи куку» ва ғайра ёд кард, ки дар маҷмуъ баёнгари заҳматҳо ва поймардии ин фарди донишу ҳунар мебошанд. 
Он чӣ гуфтам дар ҳаққи қаламкаш Малики Кабир, ки имсол синни мубораки 75-ро пур мекунад, мухтасар буд. Чеҳраи комили инсонӣ ва ҳунарии ӯро хонандаи огоҳ метавонад дар паси навиштаҳояш ба таври ҷомеъ дарёбаду шиносаду арҷгузорӣ кунад. 

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: