ОМӮЗГОР – СОҲИБКОР

Ҷавонони мо

Дар оила чор духтару ду писар ба воя расидем. Падарам ронанда, модарам хонанишин. Барои таъмини рӯзгор ва тарбияи фарзандон онҳо аз саҳар то шом меҳнат мекарданд ва мани хурдсол орзу мекардам, ки зуд калон шаваму дастёри онҳо гардам...
Соли 2004 мактаби миёнаи рақами 11-уми ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах, солҳои 2004-2007 факултети кураши миллии коллеҷи захираҳои олимпии  Ҷиззахро хатм намудам. Солҳои 2007-2008 хидмати ҳарбиро адо намудам ва дар асоси қарори роҳбари давлат бо гирифтани 25 фоизи имтиёз ба Донишгоҳи давлатии ахбору технологияи Тошканд дохил шудам. Донишгоҳро соли 2013 бомуваффақият хатм намудам. Солҳои 2013-2018 дар коллеҷи касбу ҳунари меъморӣ ва сохтмони шаҳри Ҷиззах омӯзгорӣ кардам. Алҳол дар мактаби таълими умумии рақами 4-уми ноҳияи Зафаробод ба шогирдон аз фанни информатика дарс медиҳам. Бо роҳбарии директори мактаб Ҷасур Расулов дар мактаб корҳои таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст. Синфхонаҳо бо компутер ва аёниятҳои замонавии дарсӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Роҳбари давлатамон ба соҳаи таълим эътибори ҷиддӣ медиҳад. Пӯшида нест, ки даҳсолаҳои охир дар ин соҳа ба сусткориҳо роҳ дода шуданд. Барои беэътиборӣ ва кам шудани маоши омӯзгор муаллимон-мардҳо, ки таъмини оила асосан бар дӯши онҳо аст, аз ин соҳа дур шуданд. Кори таълиму тарбия дар мактаб аксар ба зиммаи занҳо гузошта шуд. Табиист, ки зан-модарро Офаридгор меҳрубон, дилсӯз ва нармдилу хоксор офаридааст. Онҳо таълиму тарбияи хуб диҳанд ҳам, сахтгир нестанд. Ба фикрам, ба мактабҳо ҷалб намудани мардони омӯзгор мувофиқи мақсад аст. Ман ҳам ҳар доим ҳаракат мекунам, ки дар асоси барномаҳои нави замонавӣ ва аёниятҳо дарсҳоямро шавқовар гузарам. Бояд рӯирост гӯем, ки хонандаи имрӯз худсариҳои зиёд дорад. Каме беэътиборӣ зоҳир намоем, дарсро як сӯ монда ба телефон, компутер ва бозиҳои беҳудаи интернет машғул мешавад. 
Дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии «Ҳар як оила соҳибкор» ман ҳам аҳд кардам, ки вақти холии худро беҳуда сарф накунам. Аз фермаи шутурмурғпарварии соҳибкор Ҷ. Ҳамроев 50-сар чӯҷа гирифтам. Бо аҳли оилаам ба парвариши онҳо пардохтем. Шутурмурғ ба гармию сардӣ тобовар аст. Хӯроки он асосан гандум, ҷуворимакка, юнучқа мебошад. Чӯҷаҳо баъди 2-2,5 сола шудан тухм мемонанд. Аз пӯст, пат, гӯшт ва тухми онҳо дар истеҳсолот ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз пӯсти он сумка, ҳамён ва пойафзор истеҳсол карда мешавад. Гӯшташ низ аз таомҳои парҳезӣ ба шумор меравад. Ният дорам, ки шумораи шутурмурғҳоямро зиёд кунам.
Имрӯз барои мо – ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳо дари имкониятҳо боз аст, ки аз мо масъулият ва меҳнатро талаб мекунаду халос.

Ҷасур ТУРСУНОВ,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 4-уми 
ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах.  
  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: