ОМӮЗГОРИ БОТАҶРИБА

Омӯзгори мактаби рақами 80-уми ноҳияи Сариосиё Нозукой Насриддинова, ки 32 соли умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, инак ба нафақа гуселонида шуд.

Омӯзгори мактаби рақами 80-уми ноҳияи Сариосиё Нозукой Насриддинова, ки 32 соли умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, инак ба нафақа гуселонида шуд. 
Нозукой Насриддинова 7-уми январи соли 1965 дар маҳаллаи Қорасуви ноҳия дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи педагогии Тирмиз дохил гардида, ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти ӯзбек ин донишкадаро хатм мекунад. Фаъолияти кориашро бошад соли 1988 аз мактаби миёнаи рақами 12 оғоз менамояд. 
Нозукой Насриддинова ба шогирдон аз фанни забони давлатӣ дарс дода, нозукиҳои ин фанро ба насли наврас омӯзонда меояд.
Ҳисси ғамхорӣ ва серталабии ин омӯзгор буд, ки алҳол як зумра шогирдонаш дар соҳаҳои гуногун  камарбаста мебошанд. 
Ӯ ҳар як дарси худро бо маҳорати баланд мегузаронад, ки бевосита он дар хотири шогирдон нақш мебандад. Натиҷаи ҳамин меҳнатҳои пурсамар буд, ки шогирдони ӯ аз соли 2005 то соли 2018 дар озмунҳои фаннии вилоят ва озмуни «Санҷиши дониш» дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гаштаанд.
Баробари ташкил гардидани мактаби миёнаи рақами 80 Нозукой Насриддинова фаъолияти худро дар ин ҷо идома бахшид. Дар баробари касби омӯзгорӣ, инчунин вазифаи раиси иттифоқи касабаи мактабро низ ба ӯҳда дорад. Имрӯз бошад, бо ҳар як омӯзгори ҷавон аз таҷрибаи бойи худро ба ҳам мебинад.
Муаллима бо ҳамсари худ Ҳабибулло соҳиби 4 нафар фарзанд ва набераи дӯстрӯ мебошанд. Ҳамаи фарзандони ӯ дорои маълумоти олӣ буда, дар маҳалла аз оилаҳои онҳо намунавӣ мебошад. 
Нозукой Насриддинова вақтҳои холии худро дар хона бесамар нагузаронида, дар гармхонаи наздиҳавлӣ бо парвариши лимӯ ва дигар зироат машғул аст. Аз ҳама муҳимаш, ӯ самараи меҳнати худро бо хешу табор, ҳамсоягон ва ҳамкасбони худ ба ҳам мебинад. 
Рӯзе, ки муаллимаро ба нафақа гусел менамудем, дар чашмони ӯ ашк пайдо гардид. Ашки шодиву қаноатмандӣ. Ҳарчанд ба нафақа баромада бошад ҳам, албатта, боз солҳои зиёд дар мактаб маслиҳатгӯю маҳоратомӯзи мо – омӯзгорони ҷавон хоҳад буд. 

Хосият 
ХУДОЙҚУЛОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 80-уми ноҳияи Сариосиё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: