ОМӮЗГОРИ ЭҶОДКОР

Нарзипӯлод Саидова яке аз занони эҷодкори шаҳри Самарқанд аст.

 Ҳангоме ки ӯ дар шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии  Самарқанд мехонд, бисёр ҳамсабақонаш ҳамчун дилбохтаи адабиёт шеъру ҳикояҳо менавиштанд. Бо гузашти солҳо як қисми онҳо, аз ҷумла, Маҳбуба Турсунова, Ҳадяи Бухороӣ, Ҳусниддин Зулфонов, Парда Тӯрақул Ҳамдамӣ ҳамчун нависандаву шоир ном бароварданд, чанд нафари дигар номзадҳои фан шуданд. 
Нарзипӯлод Саидова ҳам ҳамон солҳо ба корҳои эҷодӣ машғул буд. Баъди хатми донишгоҳ саргарми рӯзгор, тарбияи фарзандон ва корҳои омӯзгорӣ дар мактабу донишкада – барои эҷод вақт наёфт.
Меҳри эҷод, ки дар дилаш ҷӯш мезад, соли 2003 баъди ба нафақа баромадан, боз қалам ба даст гирифт. Намунаҳои эҷодаш дар матбуот чоп шуданд ва ҳатто порсол маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳои худро таҳти унвони «Сеҳри сухан» дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардонд. Ҳоло ӯ китоби нави ҳикояву тарҷимаҳояшро  ба нашр омода месозад. 
Мо ба муносибати 75-солагии зодрӯзаш ба муаллимаи фидоиву эҷодкор сиҳату саломатӣ, умри дароз ва барори корҳои эҷодӣ таманно намуда, ба хонандагони «Овози тоҷик» ҳикояи хурди ӯ – «Намунаи ибрат»-ро пешкаш менамоем.

Бахтиёри ҶУМЪА, 
нависанда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: