ОМӮЗГОРИ ЭҶОДКОРУ ФИДОӢ

  • ОМӮЗГОРИ ЭҶОДКОРУ ФИДОӢ
  • ОМӮЗГОРИ ЭҶОДКОРУ ФИДОӢ
  • ОМӮЗГОРИ ЭҶОДКОРУ ФИДОӢ

Мо беҳуда ин суханонро нисбати қаҳрамони лавҳаамон наовардем.

Пайдост, ки на ҳама дорои ин сифатҳоянд. Ҳастанд нафароне, ки барои миллат, таълими миллӣ суханони баландпарвоз ва пурҳарорат мегӯянд, вале вақти дар зини  аспи амал нишастан ин ҳамаро фаромӯш ва ё бо рафти замона созиш мекунанд... 
Омӯзгори мактаби рақами якуми ноҳияи Сӯх Абдулҳошим Ҷалолов аз зумраи фардҳоест, ки дар баробари дӯст доштани пешаи худ, доштани маҳорати баланди соҳавӣ барои забону миллати хеш ҷонсӯзу ҷонфидост. На дар забон, балки дар амал ӯ содиқ ба аҳди худ аст. 
Ин дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1993) ба вазифаи ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ ба қарибӣ, аниқтараш, дар соли таҳсили нави ҷорӣ таъин гардидааст. 
Дар фурсати кӯтоҳ бо саъю ҳаракат, талош ва таку давҳо вай тавонист, ки толорҳои мактабро бо лавҳаҳои панду андарзҳои тоҷикӣ ҷиҳозонад. Ҳар як утоқи фаннӣ бо навиштаҷоти зарурӣ оро дода шуд. Гӯшаҳои махсус доир ба фаъолияти дабистон ташкил гардид ва ин ҳама, бе ёрии моддии талабагон, аз ҳисоби худи Абдулҳошим  маблағгузорӣ шудааст. Портретҳои адибони тоҷик, чӣ муосиру чӣ классик, бо байтҳои пандомезашон  дар толорҳо  овезонанд ва ин имкон медиҳад, ки талаба дар вақти танаффус онҳоро омӯзад, ҳифз кунад.
Абдулҳошим соҳиби маданияти баланд буда, бо ҳамкорону шогирдонаш зуд забон меёбад ва дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои фанниву  фарҳангии мактаб комёб мегардад. Ана барои ҳамин ҳам имрӯзҳо кораш пеш меравад, обрӯяш дар ҷамоаи педагогӣ ва байни волидон рӯз аз рӯз меафзояд.
Бояд гуфт, ки дар мактаб  сафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва  камарбастаи соҳаи таълим бисёранд. Онҳо низ ёвару маслиҳатгари Абдулҳошиманд ва барои тарғиби мақоми забони модарӣ беш аз пеш ҷидду ҷаҳд менамоянд. 
– Боло бардоштани сатҳи маънавият ва ҳисси меҳанпарастиву ифтихори миллӣ дар дасти худи мост. Шукр, ки  туфайли  эътибор ва сиёсати дурандешонаи сарвари давлат забони мо зинда ва таълим дар  мактабҳоямон, ба оҳистагӣ бошад ҳам, бо забони модариамон сурат мегирад. Ман ҳаракат мекунам, ки тибқи Қонуни Асосии кишварамон, барои пойдории забони модарӣ тамоми имкониятҳоро истифода барам, – гуфт дар суҳбат бо мо Абдулҳошим Ҷалолов. – Барои ин қувваю ғайрат ва  маблағамро дареғ намедорам...
Ин кори хайри Абдулҳошим Ҷалолов воқеан хеле арзанда ва қобили дастгирист. Бо чашмони сар дидем дар мактабе, ки ӯ фаъолият дорад, толору синфхонаҳоро хеле хуб ҷиҳозонидаанд. Портретҳои бузургони илму адаб, байтҳову суханҳои пурҳикмати шоиру нависандагони тоҷик, аз рӯйи мантиқ ба болои дари ҳар синф гузошта шудани навиштаҷоти муносиб аз эҷодкории Абдулҳошим дарак медиҳанд.
Воқеан, одамро муҳит ташаккул медиҳад. Ба ин муносибат шоири муосири тоҷик Аскар Ҳаким чӣ барҳақ фармудааст:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод 
кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли 
шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Ҳанӯз айёми мактабхонӣ солҳои пеш аз истиқлол дар мактабамон ҳамаи шиору деворовезаҳо ба забони модарӣ буданд. Қариб ҳама аз бисёр хондан он байтҳои ҳикматомезро азёд карда будем ва дар байтбаракҳо истифода мекардем.
Ҳоло дар ҳамаи мактабҳои миллии ҷумҳуриамон забони давлатӣ, яъне ӯзбекӣ шурӯъ аз синфи ду омӯзонда мешавад. Ба фикри мо, ҳамин кофист, ки насли ҷавон забони давлатиро ба дараҷаи даркорӣ омӯзад. Вале дар мактабҳои миллии таълими ҳамагонии кишвар ба манзарае дучор меоем, ки даруну берун аксарияти шиору деворовезаҳо ба забони давлатиянд... 
Корҳое, ки Абдулҳошим анҷом медиҳад, ҳама дар доираи Конститутсия ва Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Вай ба рушди забон ва маданияти миллии яке аз халқҳои таҳҷоии мамлакатамон саҳм мегузорад. Худо ӯро дар ин кори савоб комёб гардонад. 

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
Аҳрори МАҲМУДЗОД.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: