ОМӮЗГОРИ ҶАНГОВАР

Ҳар боре сари мизи корӣ нишаста ба дарсҳо омодагӣ мебинам, ҳамеша симои муаллими нахустинам – Субҳони Рӯзӣ пеши назарам ҷилвагар мегардад.

Ҳар боре сари мизи корӣ нишаста ба дарсҳо омодагӣ мебинам, ҳамеша симои муаллими нахустинам – Субҳони Рӯзӣ пеши назарам ҷилвагар мегардад. Дил мехоҳад пайрави устод бошам, вале орзу ҳамон орзу мемонад. Он солҳо вазъият ва шароит дигар буд. Ба замми ин ҷаҳонбинӣ  ва имконоти хонандагон дигар буд. Муаллим якбора ба ду синф – якуму сеюм ва ё дуюму чорум дарс мегузашт. Дар ҳар синф аз ҳафт  то даҳ нафар хонанда  таҳсил мегирифт. Ҳамаи хонандагон навиштану хондан ва ҳисобро хубу аъло аз бар мекарданд. Ба худ меандешам, чӣ  тарз муаллим метавонист  дар як синфхона  ба ду ва баъзан ба хонандагони се синф сабақ диҳад ва кораш ҳам босамар буд. Ба ин, албатта, иродаи мустаҳкам ва матонати шахсӣ, донишу таҷрибаи кофӣ зарур буд. Ин хусусиятҳоро устод доро буд. Эътироф бояд кард, насли навраси деҳаи Сойихурдро дар тӯли  беш аз 30 сол Субҳони Рӯзӣ хондану навиштан ва ҳисобро омӯхт. Омӯзгорони  мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нураторо, ки то ибтидои соли 2010 фаъолият мебурданд, маҳз аз устод Субҳони Рӯзӣ сабақ омӯхтаанд.  
Зиндагиномаи Субҳони Рӯзӣ  сар то ба охир  шогирдону пасомадонро  сабақест мондагор. Ҳар як ҷабҳаи ҳаёти устод боиси ибрат ва пайравӣ аст. Қаҳрамони мо 5 январи соли 1926 дар деҳаи зебоманзари Чашмаи Сурх, ки дар иҳотаи кӯҳҳои сар ба фалаккашида воқеъ аст, ба дунё омадааст. Чашмаи Сурх,  ки имрӯз Чишми Сурх мегӯянд, оби зулолу равон дорад. Он маҳаллаҳои Чишми Сурх, Соягӣ (Сойиқӣ)-ро  бо оби ошомиданӣ ва обмонии замин таъмин мекунад. Солҳои сиюм тақрибан 200 метр болотар аз чашма мактаби ҳафтсола амал мекард. Субҳони ҷавон дар ҳамин мактаб таҳсил гирифтааст.
Фаъолияти худро чун муҳосиби хоҷагии ҷамоавии ба номи Орҷоникидзе оғоз намуд. Солҳои 1942-1943 дар бунёди канали Фарҳод саҳм гирифт. Солҳои ноором буд. Ҷанги дуюми ҷаҳон идома дошт. Соли 1944 ҷавони ҳаждаҳсола — Субҳони Рӯзиро ба ҷанг сафарбар намуданд. Ӯ дар дивизияи 125-уми полки шимолу ғарбии фронти Белоруссия чун тирандози оддӣ ҷангидааст. Бародари Субҳон Раҳмони Рӯзӣ соли 1942 ба фронти пеши ҷанг сафарбар гардида буд. Ӯ, ки дар Озарбойҷон таълими ҳарбиро аз бар карда буд, аввалин афсари ҳарбӣ мебошад аз мардуми кӯҳпояи Нурато.
Субҳони Рӯзӣ дар соли 1945 ба деҳа баргашт. Ва соли 1946 Субҳонро боз ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват намуданд. Дар барқарорсозии оқибатҳои ҷанг фаъолона иштирок намуд. Чун ватанпарвари асил худро нишон дод...
Субҳони Рӯзӣ соли 1950 пас аз хатми техникуми омӯзгории Самарқанд ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. То соли 1985 ба фарзандони мардум хондану навиштан ва ҳисобро омӯзонид. Ва як умр дар мактаб ба синфҳои комплектӣ сабақ дод. Воқеан, Субҳони Рӯзӣ дар оилаи  омӯзгорон тарбия гирифтааст. Модари устод момои Маъмур солҳои 30-юм дар мактаби Чашмаи Сурх бо фаъолияти педагогӣ машғул шудааст. 
Роҳи ҳаёт равон нест. Субҳони Рӯзӣ ҳам аз ин қонуни ҳаёт дар канор намонд. Бародараш Раҳмони Рӯзӣ дар ҷанг ҳалок гардид. Шаш нафар фарзанд дошт. Тарбияи онҳо бар дӯши Субҳони Рӯзӣ монда буд. Марди дасткушоду меҳрубон, ифтихорманду боғурур буд устод. Фарзандони бародарро аз фарзанди худ кам надид. Бо ҳамсари вафодору меҳрубон – апаи Момогул чор писар ва ду нафар духтари бародарро бо меҳр парвариш ва тарбият доданд. Ду нафари онҳо маълумоти олӣ гирифтанд. Воқеан, Субҳони Рӯзӣ, шахси бадавлат, падари дувоздаҳ нафар фарзанд, 9 писар ва се духтарро ба воя расонида, хонаву дардор кардааст. Бо нони муаллимӣ 18 нафар ҷавононро тарбия намуда ба воя расонидааст.
Он солҳо мӯйсафедон касеро маломат ва ё таъна намекарданд, бештар аз таърихи аҷдод ва комёбиҳои замон, меҳру оқибат ва осоиштагӣ суҳбат меоростанд. Мушкилоти мардуми деҳаро ҳаллу фасл мекарданд. То миёнаи солҳои 80-ум ба суд кашида шудан ва ё вайрон шудани оилаеро ёд надорам. Ҳар гуна ҷангу ҷанҷол аз ҷониби мӯйсафедон ҳаллу фасл меёфт. Ба хусус, муаллимон таъсири бештар доштанд ба насли наврас.
То нимаи аввали солҳои 80-ум таъсири муаллим дар ҷомеа  бештар буд. Мардум  омӯзгорро қадр мекарданд, эҳтиром дошт. Вале аз нимаи дуюми солҳои 80-ум қадру эҳтироми муаллим паст рафт.  Ин ҳодиса 10-15 соли аввали асри бисту як боз ҳам бадтар гардид. Омилҳои пайдоиши ин раванди номатлуб зиёданд. Солҳои 80-ум баъзе ҷавонон мактаби олиро дар сояи «амаку тағо» хатм намуда, сафи омӯзгорони тасодуфӣ афзуд. Муносибати волидон ба муаллим тағйир ёфт. Ба замми ин солҳои 90-ум ва даҳсолаи аввали садаи 20 муносибат ба муаллим боз ҳам номатлубтар гардид. «Муаллим – мурғпарвар», «муаллим – кирмакпарвар», «муаллим – пахтачин» ва ҳоказо гардид. Фаъолияти  Субҳони Рӯзӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қадр гардидааст. Ӯ бо ордену медалҳои «Барои хизматҳои шоиста», «Ситораи сурх» ва ғайра сарфароз гардонида шуд. Таассуфовар аст, агар фаъолияти омӯзгории муаллим қадр карда нашавад. Фаъолияти омӯзгории Субҳони Рӯзӣ низ, ки беш аз сӣ сол дасти каҷи ҷавонони як деҳаро рост кардааст, аз ҷониби ШТХ ноҳияи Нурато қадр карда нашуд. Вале хотираи устод  дар қалби шогирдон ва пайвандон нақши абадӣ бастааст, ҳамеша бо некӣ ёд мекунанд. Беҳтарин унвон ҳурмату эҳтироми мардум аст. Беҳуда нагуфтаанд:
Зиндаву ҷовид монд, 
ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри 
хайр зинда кунад номро.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: