ОМӮЗГОРИ НАХУСТИН

Аҳли маорифи вилояти Тошканд 90-умин солгарди зодрӯзи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, сокини деҳаи Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқ Назира Эрназарова (Орифҷонова)-ро мутантан ҷашн мегиранд.

 Нанайи биҳиштосо дар болооби дарёи Чирчиқ, он ҷое, ки рӯдҳои хурду бузурги кӯҳӣ ҷорӣ гардида, обанбор ва истгоҳи барқии обии Чорбоғро ташкил медиҳанд, воқеъ аст. Барои табрики собиқадори фронти меҳнат дар арафаи ҷашни Ғалабаи бузург 7 нафар фарзанд (се писару чор духтар), 24 набераю абера, 25 чабера, хешону пайвандон, ҳамкасбону шогирдон ва ҳамсояю ҳамгузарон ҷамъ омаданд.
Дар водии байни силсилакӯҳҳои Тяншони ҷанубию ғарбӣ – ноҳияҳои Бӯстонлиқу Паркент аз замонҳои хеле қадим тоҷикон умр ба сар мебаранд. Бо гузашти солу қарнҳо ба туфайли иқлими мусоиду файзбахш барои рушди чорводорӣ, ғаллакорӣ, полизкорию боғдорӣ, бунёди минтақаҳои истироҳатӣ ва санаторияҳо ин минтақа «Швейтсарияи Ӯзбекистон» номида мешавад.
Имрӯз дар ин гӯшаи зебои кишвар ӯзбеку тоҷик, қазоқу рус ва дигар миллатҳо мисли фарзандони як оила умр ба сар мебаранд. Барои ҳамаи миллатҳо дари муассисаҳои таълими ҳамагонию томактабӣ, ки дар онҳо баробари забони модарӣ, дигар забонҳо низ омӯзонида мешаванд, кушода аст.
Инак, сатре чанд аз зиндагиномаи қаҳрамони ҳикояи мо холаи Назира, ки дар оилаи оҳангар дар Боғистон – воқеъ дар соҳили чапи дарёи Пском, ба дунё омад. Вақте ӯ ба синни мактабӣ расид, падараш Эрназар духтарчаашро сари китф гузошта ба мактаби ҳафтсолаи Боғистон бурд. Духтараки хушзеҳн зуд алифбо, математика ва дигар фанҳоро аз бар намуд, бо баҳои «аъло» хонд. Ба ҷуз ин, шеърҳои шоирони форс-тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ҷомиро дар маҳфилҳои адабӣ ифоданок мехонд. Бино ба суханони ӯ математикаро ба ӯ ва ҳамсинфонаш Муҳаммадҷон Орифҷонов, аз деҳаи Нанай, ки 9 сол аз онҳо калон буд, омӯзондааст. Он овон дар ёду хаёлаш наомада буд, ки ба ӯ ба шавҳар мебарояд ва якҷо ҳафт фарзандро тарбия мекунанд.
Тобистони соли 1941 Назира Эрназарова мактаби ҳафтсоларо хатм намуда, номаи камол мегирад ва барои ба омӯзишгоҳи педагогӣ даромадан омодагӣ мегирад. Шояд бузургсолон эҳсос мекарданд, вале хурдсолон даҳшати он солҳоро дарк намекарданд. 22 июн фаро расид...
Тақдири Назира ва ҳамсолони ӯ куллан тағйир ёфт. Директори мактаби Боғистон Маҳкам Назаров эълон кард, ки панҷ нафар талабаи аълохони мактаб ба курсҳои якмоҳаи омӯзгорӣ, воқеъ дар шаҳраки Байтқӯрғон, қабул шуданд. Баъди хатм онҳо ба бачаҳои синфҳои ибтидоии соҳили дарёи Пском дарс медоданд. Назирахола он вақт чордаҳсола буд.
– Баъд чӣ шуд? – суол кардам аз соҳибҷашн.
– Дар аввал як андак душвор буд,– гуфт Назирахола. – Қадди ман то тахтаи синф намерасид. Зери поям кунда гузошта, дар тахта менавиштам. Он солҳо хонандагон дар як парта чорнафарӣ менишастанд. Дар дарси якуми тарбиявӣ ба хурдсолон чӣ хел нишастан, истифодабарӣ аз қаламу сиёҳдон, китобу дафтарро ёд додам. Сипас, ба омӯзондани алифбою математика шурӯъ кардам...
Дар ин ҷо сатрҳои ёддоштии нависандаи машҳур ва дипломат Чингиз Айтматов, ки моҳи декабри соли равон 90-умин солгарди зодрӯзаш ҷашн гирифта мешавад, ба ёдам расиданд. Вай дар ёддоштҳояш аз омӯзгорони нахустини худ дар солҳои ҷанг, сарфи назар аз наврасӣ, дар овул ба омӯзгорӣ пардохтани худ, паси ҳам ба фронт рафтани ҷавонони наврас бо камоли ҳайрат нақл кардааст. Дертар бахшида ба ин мавзӯъ қиссаи «Нахустин омӯзгор»-ро навишт. Чунин мисолҳоро аз ҳаёти насли он солҳо метавон бисёр овард.
Холаи Назира дар рафти суҳбат изҳор дошт:
– Дар он солҳои ҷанг, вақте ки ман аз хона ба мактаб ё баръакс, аз мактаб ба хона мерафтам, мӯйсафедони чойхона ба ман аз дидгоҳи худ менигаристанд: яке ба либоспӯшии ман эрод мегирифт, дигаре ба ваҷд омада мегуфт: бубин, ин муаллимаро чӣ қадар ҷавон аст! Падарам маро руҳбаланд месохт, мегуфт, ки баъди ҷанг бояд ҳатман таҳсилро идома диҳам.
Назираи ҷавон дар мактаби деҳа натанҳо омӯзгори қаторӣ, балки роҳбари дастаи пионерӣ низ буд. Пас, бояд ба хонандагони синну солашон гуногун намунаи ибрат мешуд. Вай синфи даҳумро дар мактаби даҳсолаи деҳаи Бурҷимулло хатм намуд. Шаб мехонду рӯзона ба насли наврас сабақ медод.
Дертар бахши ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории Тошкандро хатм намуд. Ӯ 45 сол собиқаи корӣ дорад. Садҳо нафар хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои гуногуни деҳоти кӯҳии ноҳияи Бӯстонлиқ ӯро бо камоли эҳтиром «Омӯзгори нахустини ман» меноманд. Аз ҷумлаи шогирдони муаллима – Ортиқалӣ Ҳакимов доктори илмҳои техникӣ ва Қудратулло Фаёзов доктори илмҳои физика-математика мебошанд. 
Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҳамсари ӯ Муҳаммадҷон Орифҷонов дар шаҳрҳои Сталингради Русия, Украина ва Венгрия алайҳи фашистон набард кард. Бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонда шуд. Аълочии маорифи халқ, директори собиқ барои ба мактаби даҳсола табдил додани се таълимгоҳи ҳафтсолаи назди баҳри Чорбоғ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст...
7 фарзандаш бо дипломи сурх муассисаҳои таълими олии Тошкандро хатм намуданд. Писарашон Улуғбек аз роҳбарони ҷамоатии деҳа, Мунира омӯзгори фанни таърих, Ойбек доктори илмҳои техникӣ, Зулфия – омӯзгори забон ва адабиёти русӣ, Элмираю Гавҳар ва Рустам ходимони тиб, набераҳо низ соҳиби касбу кори худанд, насли ҷавон дар мактабу таълимгоҳҳои кишвар таҳсилро идома медиҳанд.
Соҳиби чунин оилаи калон аст муаллимаи нахустини деҳоти кӯҳии ноҳияи Бӯстонлиқ – Назирахола.

К. СУЛТОНОВ,
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: