ОМӮЗГОРИ НЕКСИРИШТ

Хотира муқаддас аст.

Хотира муқаддас аст. Пос доштани хотираи устодон вазифаи ҳар як фарди солим мебошад.
Назар Неъматзода зодаи деҳаи Валиғунди ноҳияи Масчоҳи Кӯҳии вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад. Солҳои тӯлонӣ дар синфҳои  ибтидоӣ дарс додааст. Ӯ марди қоматбаланд ва бузургҷусса, дорои бисёр фазилатҳои нек буд. Пеш аз ҳама омӯзгори ҳақиқӣ буд. Соҳиби дониши баланд, қатъи назар аз ихтисос ҷаҳонбинии васеъ дошт.
Шумо чӣ аз ҳаёт, чӣ аз санъат, чӣ аз деҳқонӣ ва чӣ аз дигар ин ё он соҳаи илм савол диҳед, албатта,  ҷавоби зарурӣ мегирифтед. Устоди зиндаёд Назар Неъматзода ана ҳамин хел омӯзгори нексиришт буд.
Гоҳо дар хонаи омӯзгорон сари мавзӯе баҳсҳо мешуд. Ҳама ибрози фикр мекард. Талошҳои зиёде мешуд. Чун ба қароре намеомаданд, якбора ором мешуданду чашмҳо ба сӯйи устод Н. Неъматзода дӯхта мешуданд. Устоди ҳамадон аз тиреза ба берун назар меандохту пас аз лаҳзае оромона, вале бо боварӣ далелҳо оварда ба баҳс хотима мебахшид. Пас аз ин касе ҳарфе намегуфт. Зеро ҳама бо боварӣ такя ба дониши устод мекарданд.
Неъматзода ба ғайр аз ба касби худ содиқ будан мудом дар хидмати аҳли диёр буд. Халқ устодро ҳурмат мекард ва дар ҳар гуна маврид, чӣ шоду чӣ ғам ба устоди худ такя мекард. Муаллим китобдӯст буд, шогирдонашро низ ба китобхонӣ талқин менамуд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ аз забон ва адабиёти тоҷик ҳамчун раиси ҳакамон ширкат варзида, дар ин кор низ муваффақ гаштааст. Байти зерро гӯё сармашқи ҳаёти худ қарор дода буд:
Кӯш то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон 
биороӣ.
***
Тобистони соли 1983 омӯзгорон ҳама дар таътил буданд. Рӯзе дар деҳа овозае паҳн гардид: Бобо (устод Неъматзодаро аз рӯйи ҳурмат хурду калон Бобо мегуфтанд) «ГАЗ-24» харидаанд. Он вақтҳо ин гуна мошини сабукрав дар деҳа набуд. Дар ноҳия як-ду нафар мансабдорон доштанд ё не. Аз ин рӯ хурду калон ба хонаи устод мешитобид, то автомобилро бинад. Ҳамон тобистон устод қарор мекунад, ки «УАЗик» харад. Нархи навои ин ҷо аз Русия хеле фарқ мекард. Аз географияву таърих хуб бохабар буд. Аз ин лиҳоз харитаи сиёсии Шӯравиро гирифта, қарор намуд, ки ба Русия рафта мошинро бо пойи худ, яъне ронда меорад. Чунин ҳам шуд. Устод додар ва ҷияни худро ҳамроҳ гирифт. Бо 23 ҳазор сӯми шӯравӣ, ки пули калон буд, ба Маскав рафт. Дар бозори мошин  «УАЗик» 25 ҳазор сӯм. Ба «УАЗик» пул намерасад ва бо арзиши 20 ҳазор сӯм «ГАЗ-24» мехарад. Мошин моли Гурҷистон буд. Барои расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳо ба Гурҷистон рафт. Сипас, аз ҳамон ҷо автомобилро бо пойи худаш овард. Ҳамон вақт 3500 км роҳро тай кардаанд. 237 км роҳро дар болои киштӣ паси сар кардаанд, ки дар он замон на ҳар кас аз ӯҳдааш мебаромад. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки ҳамин мошин то кӯҳнаю фартут шудан дар хидмати мардум буд. Муаллим мошин моли шахсии ман намегуфт, корафтодае агар онро пурсад, албатта, барои осон кардани мушкили ӯ кӯмак мерасонд.
Устод Н. Неъматзода гарчанде зодаи Тоҷикистон буд, вале дар қатори дигарон солҳои 60-уми асри гузашта ба деҳаи Навободи ҳозираи но-ҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд кӯчида омад. Аз ҳамон сол, то дами вопасин дар мактаби рақами 9-уми деҳа кору фаъолият бурдааст. Муаллим раҳнамои илму маърифат ва маслиҳатгару мушкилосонкуни хурду калон ба шумор мерафт. 
Имрӯз ҷойи ӯ холист. Номи неку амали некаш зинда аст. 
Зиндаву ҷовид монд, 
ҳар кӣ накӯном зист,
Ки аз ақибаш зикри 
хайр зинда кунад номро.

Сулаймонбеки СОДИҚ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи
Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: