ОМӮЗГОРИ «ШОҲИ ФАНҲО»

Вай аз дарси охир баромада ба сӯи ошхонаи мактаб рафт, ки тановул кунад.

Табақи пурро гирифта, навакак паси миз гузашта менишаст, ки ба ошхона яке аз ҳамкоронаш даромад. Ӯ низ табақи хӯрок дар даст ба курсии холии паси мизи Абдураззоқ омада ҷой гирифт. Як ба чеҳраи ҳамкораш нигарист. Абдураззоқ оҳиста “нӯши ҷонат бод!” гуфт ва дигар ба сӯи ӯ нигоҳ накарда, ба хӯрдан идома дод. Вайро шогирдонаш интизор буданд. Абдураззоқ Шеров  ҳафтае се маротиба ба  як гурӯҳ донишомӯзони синфҳои болоӣ машғулиятҳои иловагиро ба роҳ монда буд.
– Абдураззоқ, чаро хӯрокро ин қадар зуд мехӯрӣ? Гӯё кори муҳиме дориву он набояд ба таъхир афтад. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки дар пеш туро ягон хурсандии калон интизор аст, – гуфт ҳамкораш бо оҳанги нимҷиддиву нимҳазл ва баъд ба Абдураззоқ синчакунон нигарист. Вай донистан мехост, ки ин ҳарфҳояш дар вай чӣ вокунишеро ба бор овардааст.
– Илоҳо, гуфтаҳоят рост бароянд. Шаби гузашта магар ягон хоб дидӣ, ки ин гапҳоро ба ман мегӯӣ? – орому ботамкин пурсид аз ҳамкораш Абдураззоқ.
– Хоб дидан куҷо? Дирӯз ба шӯъбаи таълими халқи ноҳия рафта будам. Он ҷо шунидам, ки ба се нафар медали “Шуҳрат”  медодаанд. Ба назарам, яке аз ин се нафар ту ҳастӣ, – гуфта хост бо ин хабар вайро мутаҳаййир созад.
Вале Абдураззоқ инро ҳамту гуфтугӯи ҳамешагии ҳамкораш пиндошт ва ҳарфе нагуфт. Хӯрокашро хӯрда тамом карду аз ошхона берун шуд ва шитобон ба сӯи утоқи риёзиёт рафт. Ҳамон рӯз машғулияти иловагӣ хеле хуб гузашт. Шогирдонаш вазифаҳои додаашро бекаму кост ба ҷо оварданд. Ин Абдураззоқро боз шерак мекард. Вай чунин машғулиятҳои иловагиро аз таҳти дил ва пурмаҳсул мегузаронд.
– Мебинам, ки шумо аз иҷрои ҳалли масъалаҳои зиёд мустақилона баромада метавонед. Акнун бояд дар озмуни вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол кунед ва шуҳрати мактабу ноҳияамонро боло бардоред, – гуфт ба шогирдон муроҷиаткунон Абдураззоқ Шеров.
Баъд гаштаю баргашта ба шогирдонаш таъкид намуд, ки вақтро ғанимат шуморанд ва нағзакак ба озмуни ояндаи вилоятӣ тайёрӣ бинанд. Рӯзи дигар Шеровро барои ширкат дар ҷамъомади васеи шуъбаи таълими халқи ноҳия даъват карданд. Дар радифи ду нафар омӯзгорони фанни риёзиёт номи вай низ ба забон оварда шуд. Мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Амирҷон Темиров дар фазои тантанавӣ медали “Шуҳрат”-ро ба сари синаи Абдураззоқ Шеров овехт. 
– Аз номи шуъбаи таълим шуморо барои сазовор шудан ба ин мукофот самимона муборакбод мегӯям. Фикр мекунам, ки ин мукофоти охирини шумо нест. Дар пайи меҳнати пурсамари омӯзгорӣ ва ба олимпиадаҳо тайёр кардани шогирдони донову закӣ бароятон аз ин ҳам бештар комёбиҳо таманно мекунам, – гуфт Амирҷон Темиров зери кафкӯбии аҳли толор.
Ин ҳодиса барои Абдураззоқ Шеров ғайримунтазир буд. Вайро дар мактаб ҷамъи омӯзгорон низ хурсандона пешвоз гирифтанд ва бо мукофот шодбош гуфтанд. Чанд гулдастаи тару тоза  низ ба ӯ тақдим гардид. Абдураззоқ дарк намуд, ки ин подош минбаъд масъулияташро дар байни ҳамкорон ва шогирдон бештар мекунад ва  боз водор месозад, ки беҳтар кор кунад.
Вай аллакай аз давраи мактабхонӣ медонист, ки омӯзгори фанни риёзиёт мешавад. Устодаш Додохон Комилов, ки аз омӯзгорони беҳтарини риёзиёт дар ноҳияи Сӯх шинохта шудааст,  шавқи Абдураззоқи шогирдашро дида, барояш бештар вақт ҷудо мекардагӣ шуд. Оҳиста-оҳиста Абдураззоқ дар мактаби рақами 1 ба сифати талабаи аълохон шуҳрат пайдо кард. 
– Ин фан дар мактаб барои аксари ҳамдарсонам дарси аз ҳама мушкил маҳсуб меёфт. Барои ҳамин онҳо бештар дар ҳалли мисолу масъалаҳои вазифаи хонагӣ аз ман кӯмак мехостанд. Ман онҳоро аз баҳои “ду” наҷот медодам. Дарвоқеъ, риёзиётро  олими машҳур К.Гаусс “шоҳи фанҳо” унвон кардааст. Боз мегӯянд, ки риёзиёт гимнастикаи ақл низ мебошад. Пас, чӣ тавр метавон ба ин гуна фан дил набаст?! Баҳри ман риёзиёт на танҳо шоҳи фанҳо ҳисоб меёбад, балки фаннест, ки тамоми тараққиву пешрафти хоҷагии халқамон маҳз ба он вобаста мебошад, – мегӯяд Абдураззоқ Шеров.
Ба гуфтаи ин омӯзгор ҳоло баръакси ҳамдарсони собиқаш, дар мактаби онҳо донишомӯзони зиёд ба  риёзиёт шавқу завқ зоҳир мекунанд. Абдураззоқ Шеров мегӯяд, ташкили мусобиқаҳои фаннии байни донишомӯзон мусоидат намудааст, ки ин завқу шавқ беш аз пеш боло равад. Ба таъкиди ӯ шавқмандони ба истилоҳи баъзеҳо “ин фанни мушкил ва кундфаҳм” дар мактаби рақами 26-уми ноҳияи Сӯх сол аз сол меафзояд ва он ба яке аз фанҳои дӯстдоштаи донишомӯзон табдил меёбад.
– Солҳои донишҷӯӣ дар факултаи физикаву риёзиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд талош мекардам, ки аз устодон бештар омӯзам. Ҳатто интизор мерафт, ки дар кафедраи донишгоҳ монам, вале шароит тақозо намуд, ки соли 1991 баъди хатми он ба деҳа баргардам. Аввал дар мактаби рақами 22 муаллимӣ кардам. Се сол қабл ба мактаби рақами 26 ба кор гузаштам, – мегӯяд бо ифтихор Абдураззоқ Шеров.
Директори мактаб Фаррух Боборустамов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки аз кори А. Шеров аҳли ҷамоаи омӯзгорон ва падару модарон розӣ ҳастанд. Ба гуфтаи директор агар дар дили шахс нисбати касб меҳр набошад, ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд.
– Абдураззоқ Шеров шогирдонашро дӯст медорад. Дарк мекунад, ки лоқайдиву бетарафӣ нисбати онҳо ғайр аз хиёнат чизи дигар нест. Ҳамин сифату хислатҳо вайро дар байни омӯзгорони ноҳияамон шуҳратёр намудааст, – мегӯяд Фаррух Боборустамов.
А. Шеров соҳиби таҷрибаи калон мебошад. Вай ба як гурӯҳ омӯзгорони ҷавони мактаб роҳу равиши кор ёд медиҳад ва онҳоро ҳамеша даъват мекунад, ки ба ҳар як соати дарс бо тайёрии пухта ҳозир шаванд, дарсҳояшонро дар савияи баланд гузаронанд. 
Бешак, кас аз меҳнати ҳалол шуҳрату обрӯ пайдо мекунад. Абдураззоқ Шеров маҳз аз зумраи ҳамин гуна омӯзгорон мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: