ОМӮЗГОРИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳияи Пешкӯ Комил Тӯхтаевро аз охири солҳои 90-уми асри гузашта мешиносам.

 Ин муаллими фидоии собиқ мактаби тоҷикӣ соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» ва «Аълочии тарбияи ҷисмонӣ ва спорт»-ро на фақат дар ноҳия, балки дар вилоят низ ҳамкасбон хуб мешиносанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки мактаби миёнаи рақами 8-уми ба номи А.Берунии деҳаи Шавгон яке аз таълимгоҳҳои дерина ва пешқадами тоҷикии вилоят ба шумор мерафт. Бисёр дастпарварони собиқи ин мактаб дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат самаранок кор карда, ба обрӯю эътибор сазовор шудаанд. Шоири шодравон Асад Гулзодаи Бухороӣ низ дар ҳамин ҷо ба дунё омада, дар ҳамин даргоҳ таълиму тарбия гирифтааст. Бисёр кадрҳои болаёқати ин ҷоро медонам, ки баъди хатми мактабҳои олии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар миқёси ноҳияю вилоят фаъолият нишон додаанд. Мактаби номбурда дар вилоят ягона таълимгоҳест, ки то қарибиҳо якчанд синфи тоҷикӣ дошт. Охирин синфи тоҷикӣ (ҳашт нафар духтарон) ҳамин сол синфи XI-ро  хатм кардаанд.
Тракторчии ҳудуд Баҳром Тӯхтаев ва ҳамсари вай Розия Баҳроноваи колхозчӣ панҷ фарзанд – се писару ду духтарро табъи дил ба воя расонданд. Яке аз писарони онҳо Зойир Тӯхтаев (равонаш шод бод) сардухтури беморхонаи маризиҳои сирояткунандаи вилоят буд. Фарзанди хурдӣ Комил аз хурдсолӣ варзишгариро орзу мекард. Ба мусобиқаҳои байнимактабӣ, хусусан волейбол фаъолона иштирок менамуд. Вай баъди хатми синфи IX дар мактаби зодгоҳ, ду соли навбатӣ таҳсилро дар таълимгоҳи ба номи С.Айнӣ идома дод. Илмомӯзӣ дар мактаби миёна поён ёфту ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии Самарқанд супурд. Баъди таҳсил ва хидмати ҳарбӣ фаъолияти меҳнатии К.Тӯхтаев дар мактаби миёнаи рақами 11 оғоз ёфт. Вай дар ин ҷо то соли 1986 кор кард. Баъд ба мактаби азизи зодгоҳаш омада, чун омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ фаъолияташро давом дод. Бо наврасони болаёқат самаранок кор карда, дастаи пуриқтидори волейболбозони мактабро созмон дод. Тадриҷан командаи волейболбозони таълимгоҳ нафақат дар ноҳия, балки дар вилоят беҳамто будани худро борҳо дар амал исбот карданд. Соли 2012 бошад, барои онҳо соли таърихӣ гардид. Варзишгарони бомаҳорат дар байни волейболбозони мактабҳои вилоят аз ҳама беҳтарин будани худро бори дигар дар амал нишон дода, ба қувваозмоиҳои «Умид ниҳоллари»-и ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд ва ҳамаи рақибони худро мағлуб карда сазовори номи чемпиони Ӯзбекистон гардиданд. Дар давоми солҳо бо мақсади омӯхтани таҷрибаи кории омӯзгор дар мактаб семинарҳо созмон ёфтааст. Ҳамин тариқ, комёбиҳои пай дар пай барои варзишгарони баумеди мактаб ранги  одатро гирифтааст.
Соли 2022 К.Тӯхтаев ба нафақа баромада бошад ҳам, фаъолияти кориашро  ҳамоно давом медиҳад. Вай чун мураббии мактаби рақами 2-юми варзиши ноҳия ба ду гурӯҳи наврасон асрори варзиш меомӯзад.
Ӯ сарфароз аст, ки шогирдони дирӯзааш пайрави касби ӯ шуда, дар мактабҳо ҳоло аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс медиҳанд. 
К.Тӯхтаев соҳиби чор фарзанд: се писару як духтар мебошад. Алишер ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рометан бошад, писари хурдӣ Аббос низ омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби зодгоҳ, давомдиҳандаи кори падар аст.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: