Омӯзгори ӯзбекистонӣ дар марафони Сидней ғолиб шуд

Дар мусобиқаи "TCS Sydney Marathon", ки дар Сиднейи Австралия баргузор шуд, аз рӯйи тоифаи синну соли 50-54 сола Дилфуза Аллаяроваи ӯзбекистонӣ мақоми аввалро касб кард.

Ҳамватани 54-солаи мо, ки аз рӯйи ихтисос омӯзгор аст, тавонист масофаи муайяншударо дар 2 соату 55 дақиқаю 53 сония тай кунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: