ОМӮЗГОРОНИ ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА БО НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ҶОПОН ШИНОС ШУДАНД

Таҷрибаи таълими Ҷопон аз соли 2023 ба сифати санҷиш дар яке аз мактабҳои ҳар кадом шаҳр ва ноҳияи вилояти Фарғона ҷорӣ карда мешавад.

Бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Фарғона ҳайати намояндагони муассисаҳои томактабӣ ва мактабии минтақа аз 28 июн то 5 июл ба Ҷопон сафар кард. 
Дар ҷараёни сафар аъзои ҳайат дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи «Коэндзеигакуэн»-и ноҳияи Сугинамии Токио таълими 3-рӯза гузарониданд. Аз ҷумла дар машғулиятҳо оид ба фанҳои физика ва ҷамъиятшиносӣ, математика, тарбияи ахлоқӣ ва ҷисмонӣ, меҳнат ва санъат бевосита иштирок намуданд, бо ҷараёни баргузории дарсҳои омӯзгорони ҷопонӣ, муносибати онҳо ва тарзи корашон бобати таълими дониш ва навгониҳо ба толибилмон шинос гардиданд.
Ҳамчунин ташкили хӯроки нисфирӯзӣ дар мактабҳо, рӯбучини синфхонаҳо аз ҷониби хонандагон, фаъолияти маҳфилҳои беруназсинфии назди мактабҳоро омӯхтанд. 
Дар ҷараёни сафар барои аъзои ҳайат бо коршиносони ҷопонӣ дар соҳаи таълим як қатор машваратҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, ҳамдиёрамон Фирӯза Норматова, ки солҳои зиёд дар Ҷопон зиндагӣ карда, дар Маркази байналхалқии забони ҷопонии Токио кор мекунад, дар мавзӯи «Низоми таълими Ҷопон», муаллим, доктори илмҳои педагогӣ, ходими департаменти таълими префектураи Токио Хидео Идзима дар мавзӯи «Тарбияи ахлоқ дар Ҷопон» машваратҳо гузарониданд. 
Аъзои ҳайат ҳамчунин аз Донишгоҳи Сока дар шаҳри Хатиодзии префектураи Токио боздид ба амал оварда, ба пояи ҳайкали шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ, ки соли 2004 дар ҳудуди донишгоҳ қад кашидааст, гул гузоштанд. Дар вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ Масаси Судзуки бинобар ҳамкорӣ оид ба кумаки услубӣ ба омӯзгороне, ки дар вилояти Фарғона низоми таълими ҷопониро истифода мебаранд, муоҳида ба имзо расид. 
Мувофиқи барномаи сафар намояндагони раёсати таълими томактабии вилояти Фарғона бо фаъолияти боғчаи бачагонаи «Наританиши»-и ноҳияи Сугинами шинос шуданд, ҳамчунин бо низоми таълими томактабии Ҷопон ошно гардида, бо роҳбарияти муассиса табодули афкор намуданд. 
Баробари ин аъзои ҳайат дар ҷамъомади умумии ҷамъияти «Ҷопон – Ӯзбекистон» иштирок карданд ва ба аъзои ҷамъият бинобар ҷараёни ҷорикунии низоми таълими Ҷопон дар вилояти Фарғона маълумот доданд. 
Таъкид менамоем, ки аз ибтидои соли хониши 2023 таҷрибаи таълими Ҷопон ҳамчун санҷиш дар яке аз мактабҳои ҳар кадом шаҳр ва ноҳияи вилояти Фарғона ҷорӣ карда мешавад. Ба ин ҷараён 2 нафар коршиноси ҷопонӣ ҷалб карда шудаанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки аз соли хониши 2024 боз 3 мактаб аз 19 ноҳияи вилоят интихоб мегарданд ва ба онҳо низ низоми таълими ҷопонӣ ҷорӣ карда мешавад.

АИ «Дунё», 
шаҳри ТОКИО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: