ОМӮЗГОРӢ – ОРЗУИ ФАРАНГИС

Дар шуъбаи маънавият ва фарҳанги ҳокимияти ноҳияи Нурато ҳокими ноҳия А. Файзиев бо иштироки дигар роҳбарони секторҳо бо хатмкардагони мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳия вохӯрӣ гузаронд ва ба онҳо медалҳои тилло, нуқра ва туҳфаҳои хотиравии худро супурд.

Дар соли хониши 2021-2022  дар ноҳия 746 нафар хонанда муассисаҳои таълими ҳамагониро хатм намуданд. Аз онҳо 41 нафар ба медали тилло ва 14 нафар ба нуқра лоиқ  дониста шуданд. 
Ҳамчунин, 12 нафар хонандаи боиқтидор дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои 1, 2, 3 соҳиб шуда, пеш аз муҳлат ба номи донишҷӯй мушарраф гардиданд.
Мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Б. Бобоназаров ба мактабҳои миёнаи ноҳия рафта, бо хатмкунандагони синфи 11-ум ва падару модари онҳо суҳбатҳо гузаронд, ба хатмкунандагон доир ба масъалаҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ ва самтҳои интихобнамудаи онҳо тавсияҳо дод. Инчунин, ба хатмкардаи синфи 11-уми мактаби миёнаи 38-уми (деҳаи Синтаб) ноҳия, ғолиби давраи вилоятии озмуни фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, иштирокчии озмуни давраи ҷумҳурӣ  Фарангис Акабоева, ки соҳиби ваучери 20 миллион сӯм гардид, ташаккурнома ва туҳфаи хотиравии ҳокими ноҳияро ботантана супорид.
Солҳои охир сафи духтарбачаҳои деҳаҳои дурдаст, ки ташнаи илм ҳастанду таҳсилро идома додан мехоҳанд, хеле зиёд мегардад. Аз ҷумла, Фарангис Акабоева мехоҳад ба факултаи филологияи тоҷики ДДС дохил шуда, соҳиби касби бошарафи омӯзгорӣ гардад.

С.БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 
Дар сурат: Фарангис Акабоева ва устодонаш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: