ОМӮЗИШИ ФАННИ НАВ

Чанде пеш, яке аз шогирдонам аз ноҳияи дурдасти кишварамон занг зада пурсон шуд, ки доири фанни нави «Тарбия» ба саволҳояш ҷавоб диҳам.

Чанде пеш, яке аз шогирдонам аз ноҳияи дурдасти кишварамон занг зада пурсон шуд, ки доири фанни нави «Тарбия» ба саволҳояш ҷавоб диҳам. Азбаски худам дар ин бора чандон маълумот надоштам, бинобар ин ваъда карда будам, ки дертар хабар мерасонам. Рости гап, ин чӣ гуна фан аст, барои синфҳои чандум ҷорӣ мегардад, ҳафтае чанд соат омӯзонида мешавад, кадом мутахассисон ҳуқуқи аз ин фан дарс доданро доранд, ба ҳамин қабил саволҳо то андозае ҷавоб пайдо кардам ва хостам, ки ба тариқи умумӣ маълумоте пешкаши хонандагон гардонам.
Ба ходимони соҳаи таълим маълум аст, ки имсол дар қатори фанҳои таълимӣ фанни наве ҷорӣ гардид. Фанни «Тарбия» дар хонандагон ба туфайли ташаккули дониш, малака, таҷриба онҳоро ба ҳаёти иҷтимоӣ тайёр мекунад. Дар тафаккури хонандагон мазмун ва моҳияти ғояи «Аз барқарории миллӣ –  рӯ ба сӯйи инкишофи миллӣ»-ро ҷойгир менамояд. Онҳоро ба воситаи ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ  барои ба амал баровардани  фазилатҳои масъулият, маҷбурият, тафаккури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ, эътиқоди солим, соҳибмаърифатӣ, саховати динӣ ва миллӣ тарбия мекунад. Фанни мазкур маҳз аз ҳамин нуқтаи назар таълиф шудааст.
Хуб медонем, ки фанни таълимӣ дар асоси стандарти давлатии таълим, консепсияи таълим ва барномаи таълимӣ таҳия мегардад. Аз ин нуқтаи назар, барои оммаи васеи хонандагон дар ҳамин бора каме маълумот медиҳем.
Стандарти давлатии таълими фанни «Тарбия» мақсад ва вазифаҳои стандарти давлатии таълим, тартиби назорати риояи талаботи стандарти давлатии таълимро муайян менамояд. Коркарди Стандарти давлатии таълими фанни «Тарбия» бо ҳуҷҷатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим», Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Доир ба тайёр кардани кадрҳои миллӣ», Қарори Девони Вазирон «Доир ба таҳия ва дар амал ҷорӣ кардани стандарти давлатии таълим барои соҳаи таълими пайдарпай» аз 5-уми январи соли 1998 ва ғайра асоснок карда мешавад.
Пас, маълум мешавад, ки муаллифон дар таҳияи фанни мазкур аз маъхазҳои фаровон истифода мекунанд. Ин, албатта, ба тайёр кардани донишомӯзони ватандӯсту ватанпарвар ва болаёқату камолёфта мусоидат мекунад. Дар ҳамин ҷо саволе ба миён меояд, ки консепсияи фанни мазкур аз чӣ иборат аст? Ҳамин тариқ, ҷараёнҳои глобалии имрӯза, инкишофи илму техника, эҳтиёҷот ба ҷомеаи инноватсионӣ ба ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам меоварад. Дар назди онҳо талаботи ҳаётии зуд қарор қабул намудан, ташаккули тафаккури инноватсионӣ, баланд бардоштани салоҳияти интеллектуалӣ ва ҳамчунин садоқат ба арзишҳои умумимиллиро пеш мегузорад.
Консепсияи фанни мазкур барои маънан ва ҷисмонан солим тарбия ёфтани ҷавонон, амалӣ намудани иқтидор ва салоҳияташон ба кор меояд. Илова бар ин, барои ҷалб намудани онҳо ба равнақи кори давлат ва ҷамъият бо мақсади дастгирӣ кардани ташаббусҳояшон, боз ҳам афзун намудани асосҳои ҳуқуқӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва механизмҳои ташкилӣ хидмат менамояд. 
 Консепсия мутобиқи синни донишомӯзон дар мактабҳои таълими  умумӣ  ба ҷойи фанҳое, ки ба таркиби фанни «Ғояи истиқлоли миллӣ: мафҳум ва тамоюлҳои асосӣ» дохил мешаванд, яъне, «Одобнома», «Эҳсоси Ватан», «Ғояи истиқлоли миллӣ ва асосҳои маънавият», «Асосҳои маънавият», «Таърихи динҳои дунё»-ро дарбар гирифта, дар якҷоягӣ самтҳои асосии фанни ягонаи «Тарбия»-ро муайян мекунад. Бо ин мақсад, таҷрибаи Чин, Сингапур, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Австралия, Олмон, Британияи Кабир, Франсия ва Русия омӯхта шуда, дастурҳои омӯзишии фанҳои  амалӣ ба таври қиёсӣ ҳаматарафа таҳлил карда шудааст.
Фанни «Тарбия» дар синфи I 33-соат, дар синфҳои II-IX 34-соат омӯзонда мешавад. Мазмуни дастури фанни «Тарбия» барои такомули ҳамаи фанҳои омӯзишӣ хидмат менамояд. Барои чуқур омӯхтани ҳар як мавзӯи дастур омӯзгор бояд ба ташкили корҳои амалӣ ва эҷодӣ эътибор диҳад. Мувофиқи характери мавзӯъҳо ҳикояҳои эҷодӣ тартиб дода, бачагонро барои баён кардани  муносибаташон ба одоби қаҳрамонҳо ёд додан зарур аст. Ҳамчунин, ба истифодаи воситаҳои медиамаҳсулот ва ҳам масъалаҳои ишколӣ аҳамият додан лозим мебошад.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
омӯзгори мактаби таълими ҳамагонии №47 ноҳияи Чинози вилояти Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: