ОМӮЗИШИ ҲАМСАДОҲОИ ҶАРАНГДОР ВА БЕҶАРАНГ

Дар синфи панҷуми мактабҳои таълими ҳамагонӣ фанни забони тоҷикӣ мувофиқи нақшаи такягоҳии Вазорати маориф ҳафтае ду ё се соат омӯзонида мешавад.

Шукр, ки донишомӯзон фаъолона аз устодони худ мавзӯъро омӯхта, дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекунанду натиҷаҳои судбахш ба дида мерасад. Омӯзиши мавзӯъҳои фанни мазкурро боз ҳам сайқал додан ва ё аз ғалатҳо холӣ будан низ мақсади муаллиму шогирд аст. Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки алҳол ғалатҳои имлоӣ рӯз то рӯз вусъат меёбанд. Шояд ин дар як вақт омӯзиши фанҳои забони модарӣ, давлатӣ, хориҷӣ ва русӣ ба баъзеи хонандагон душворие пеш орад.
Мебоист мавзӯи «Ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг»-ро боз беҳтару хубтар омӯзонем. Зеро аксари иштибоҳҳо ба ҷойи ҳамдигар корбаст кардани ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг ва ё дарк накардани он мебошад. 
Ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг, ҷуфти худро доштани онҳо (б-п, в-ф, д-т, к-г...)-ро хонанда хуб медонад. Омӯзиши ин мавзӯъро ба таҳлили як ҳикояи хурде низ ҷонноктар кардан мумкин. Яъне, порчаи хурди матнҳои бадеиро истифода кардан самаровар аст. Ин ҳол барои ташаккули навъҳои нутқи хонанда низ замина ҳозир менамояд. Барои мисол порчае аз ҳикояи «Як шоми бемористон»-и нависанда Озодҷон Ҳамидзода, ки дар китоби «Суханобод» дарҷ гардидааст, корбаст мекунем.
«Ҷовидро дард зӯрӣ кард. То поси шаб нахуспид. Дар рӯи ҷойгаҳ ба худ мепечид. Аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт. Гоҳо рӯ ба шифти палата менамуд, то соате хоб кунад. Аммо хобаш намебурд. Бар замми он ҳарорати танаш хеле боло мерафт... (саҳифаи 41).
Ниҳояд аз ҷояш хеста, сӯи ҳуҷраи ду(ӯ)хту(ӯ)ри навбатт(д)ор омад. Дарашро ку(ӯ)фт. 
Дӯ(у)хту(ӯ)р аз ваз(ъ)и саломатии Ҷовит(д) дарак ёфта, дӯ(у) су(ӯ)зандору кард...» (саҳифаи 42).
Ҳамин тавр, хонанда ба чунин ғалатҳо роҳ доданаш мумкин, ки барои такрор нашудани он чунин таҳлилро анҷом дод:
(Ҷовит(д)ро дард зӯ(у)р(и)ӣ кард. То поси шап (б) нахуспид. Дар рӯи ҷойгаҳ (ҷогаҳ) ба худ мепечид. Аз як паҳлӯ(у) ба паҳлӯ(у)и дигар мегашт. Гоҳо рӯ ба шифти палата менамуд, то соате хоп(б) кунад. Аммо(Амо)  хобаш намебурд. Бар замми(зами) он ҳарорати танаш хеле боло мерафт... 
Баъди анҷом додани чунин таҳлил дастоварди муайянро нисбати меҳнат ба даст овардан мумкин. Яъне, мавриди корбасти ҳамсадоҳои  б-п, в-ф, д-т, з-с, ж-ш, ҷ-ч, г-к, ғ-х-ро донист, ки ҳоло аз нуктаҳои нозуки таълими забон гӯем хато нахоҳад шуд. Агар беэътиборӣ кард, ба ғалатҳои сермаҳсул аз қабили Ҷовит – Ҷовид, хоп – хоб, дӯхтӯр – духтур, шап – шаб, адабиёд – адабиёт ва ғайра рӯ ба рӯ мешавем. Саводхонии хонанда дар кадом вазъият буданашро аз дафтарҳои даврӣ, назоратӣ ва ё вақти дар тахтаи синф навиштани ӯ бараъло эҳсос кардан мумкин. 
Ба таври умум гӯем, ислоҳ накардани ин ҳол ба тақдири ҳар як шахс таъсири манфие оварда, дар мактабу ҷомеа чанд ҳолати ногуворро пайдо мекунад. Барои ҳамин сидқидилона омӯхтани мавзӯъ ва фарзанди арзандаи халқу Ватан будан вазифаи муҳим буданашро дар ёд нигоҳ дошт.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

Вилояти ФАРҒОНА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: