Абдуллоҳи РАҲМОН
Абдуллоҳи РАҲМОН
ОН ҶО ТУВУ ИН ҶО МАНАМ
Лабташнаи ҷоми висол он ҷо туву ин ҷо манам,
Аз дасти ҳаҷр афтодаҳол он ҷо туву ин ҷо манам.
Ман дӯст медорам туро, шояд ту аз ман бештар,
Аммо дар ифшо бемаҷол он ҷо туву ин ҷо манам.
Парвоз месозад нигаҳ пинҳон миёни мову ту,
Паррандаи бишкастабол он ҷо туву ин ҷо манам.
Ҳамдил, ки будему чаро ҳастем мо аз ҳам ҷудо,
Мулзам ба шарҳи ин суол он ҷо туву ин ҷо манам.
Дур аз сари мо нурфишон то кай бувад хуршеди ишқ,
Бебаҳра аз авҷу камол он ҷо туву ин ҷо манам.
Оғӯши мо бе ҳамдигар сард асту холӣ то ба кай,
Қоматхамида чун ҳилол он ҷо туву ин ҷо манам.
Дар ин дурӯза зиндагӣ бо ҳам нагуфта рози дил,
Гирён ба ҳашр аз ин вубол он ҷо туву ин ҷо манам.
Дарёи умри мо равон азбаски гилолуда аст,
Армонии оби зулол он ҷо туву ин ҷо манам.
Асадуллоҳ ШУКУРОВ
Шуҳрати ту оламе тасхир кард...
Эй Бухоро, оби шӯрат оби чашмони ман аст,
Раъду барқат ламъае аз мавҷи исёни ман аст.
Баҳри ҳар як зарра хокат ҷон бидодам солҳо,
Сангу хишти ҳар манорат пораи ҷони ман аст.
Моҳи Хоса бо ҳамон истораи рахшони худ
Раҳнамои миллати аз худ гурезони ман аст.
То ҳанӯз Исмоили Сомонӣ аз худ норизо,
Норизо аз ҳамзабони нобасомони ман аст.
Бӯалӣ Сино надорад як нишоне дар диёр,
Ҳар гиёҳи ин замин ҳарчанд дармони ман аст.
Аз Баҳоуддин Балогардон бигирам ибрате,
«Дил ба ёру даст бар кор» ин рамзи имони ман аст.
Эй Бухоро, шуҳрати ту оламе тасхир кард,
Таъриху шаъну шукӯҳат шавкату шони ман аст.
Ҳикоят
«Вич»
Як дӯсти профессорам, ки кардиолог буд, дар корхонаи бонуфузе директор таъин шуд. Барои табрик ду дафъа ба корхонааш рафтам. Ҳар ду дафъа ҷавоби котиба ин буд: «Нестанд».
Ҳафтае пас, иттифоқо, дар оши наҳори соҳибтӯе вохӯрдем.
Дар омади гап пурсидам аз ӯ:
– Шумо ҳамчун роҳбар пагоҳӣ ба кор меоед? Ду бор кофта равам, дар идораатон нестед.
– Бале, ҳар рӯз аз субҳидам он ҷо ҳастам. Худаш шумо чӣ хел пурсидед? – изҳор дошт мусоҳибам.
Пурсидам, ки акои Темурхон ҳастанд? – ҷавоб додам.
– Эҳ, олими калону одами солхӯрда бошед ҳам камфаросат будаед. Дар дунё кӣ бисёр — Темурхон бисёр. Вале дар Ӯзбекистон доктори илмҳои тиб, профессор Темур Музаффарович якто! Бояд мепурсидед, ки «Темур Музаффарович ҳастанд», таъкид намуд ӯ бо оҳанги ҷиддӣ. Он гоҳ аз нафаҳмидани «вич» хиҷил шудам.
Ҳамидҷон ҲОМИДӢ.
МУКОЛАМА
Набера аз бобояш суол кард:
— Бобоҷон, мардум дар замонҳои қадим чӣ гуна зиндагӣ карда бошанд: на барқ, на телефон, на телевизор, на компутер, на мошин, на қатора, на самолёт, на кино, на плитаи газ, на мошини ҷомашӯйӣ...?
Бобо посух дод:
— Чӣ гуна, ки имрӯз шумо зиндагӣ мекунед: на намоз, на рӯза, на закот, на ҳаҷ, на шарм, на ҳаё, на одоб, на ахлоқ, на муҳаббат ба якдигар...
Таҳияи ДУРАНДЕШ.
Ӯткир ҲОШИМОВ,
Нависандаи мардумии Ӯзбекистон
Шукргузор
(Ҳикоя)
Як ҳамсинф доштам. Падараш дар кори «калон» кор мекарду бе каму кост зиндагӣ мекарданд. Дар маҳалаашон аввалин шуда телевизор харида буданд. Ӯ аъло мехонд. Синфи ҳафтумро тамом карду мототсиклдор шуд. Мактабро бо медали тилло хатм намуд.
Солҳо гузаштанд. Рӯзе бо ҳам вохӯрдем.
– Корҳо чӣ хел? – пурсидам. Бо зарда даст афшонду гуфт:
– Расво! Устодам одами хуб нест. Кори номзадиамро ба таъхир меандозад.
Баъди чанд сол вохӯрдем.
– Корҳо чӣ хел?
– Расво! Зиндагии духтарам нотинҷ. Модари шавҳараш бад аст. Ба суд доданиям.
Чанд соли дигар гузашт. Шунидам, ки ӯ дар бемористон аст, ба аёдаташ рафтам. Ранги рӯяш заъфарон, рӯйи кат хобидааст. Пурсидам:
– Саломатӣ хуб аст?
– Расво! Касалии қанд маро адову тамом кард. На мемурам, на сиҳат мешавам!
Тавба, шояд фариштаҳо ба ҳамин гапаш омин гуфта будаанд, ки дур нарафт бечора...
Ҳамсинфи дигаре доштам. Падараш аз ҷанг маъюб баргашта буд, дар кулбаи вайрона зиндагӣ мекарданд. Нағз мехонд. Лекин барои медалгирӣ дасташ «кӯтаҳӣ» кард.
Солҳо гузашту рӯзе рӯ ба рӯ омадем.
– Корҳо чӣ хел?
– Шукри Худо, нағз! Дар фабрикаи мебелсозӣ кор мекунам. Рӯзона бо дуредгарӣ машғуламу шабона рӯздармиён посбонӣ мекунам. Ба наздикӣ велосипед харидам.
Чанд соли дигар гузашту бо ҳам боз вохӯрдем.
– Корҳо чӣ хел?
– Худоба шукр, нағз! Духтарам фарзанддор шуд. Барои набераам гаҳворахарӣ меравам.
Солҳо гузаштанд. Шунидам, ки ҳамсинфам дар беморхона аст. Хабаргирӣ рафтам. Ӯ дар бемористоне муолиҷа мегирифт, ки ҳамсинфи аввалам хобида буд. Рангаш хеле дигар шудааст.
– Саломатӣ чӣ хел?
– Худоба шукр, нағз! Гурдаам камтар шамол хӯрда будааст. Ба дарди додааш ҳам шукр!
Чанде пеш ӯро боз дидам.
– Корҳо чӣ хел?
Худоба шукр, нағз! Набераи калониам қад ёзондааст. Худо хоҳад, баъди панҷ-шаш сол тӯйи арӯсии набераро мегузаронем.
Пеш аз тӯй даъват мекунам, мебиёӣ-а?!
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.