Дар чаҳорчӯбаи иҷрои фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳо оиди омодагӣ ба ҷашни 29-солагии ташкилёбии Нирӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан» аз 18 декабри соли 2020, бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистон то 18 январи соли равон бо собиқадорони ҳарбӣ, ташкилотҳои «Ватанпарвар» ва қисмҳои ҳарбӣ суҳбат, вохӯрӣ ва медиатурҳо ташкил дода мешаванд.
Дар чаҳорчӯбаи иҷрои фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳо оиди омодагӣ ба ҷашни 29-солагии ташкилёбии Нирӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан» аз 18 декабри соли 2020, бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистон то 18 январи соли равон бо собиқадорони ҳарбӣ, ташкилотҳои «Ватанпарвар» ва қисмҳои ҳарбӣ суҳбат, вохӯрӣ ва медиатурҳо ташкил дода мешаванд.
Медиатури навбатӣ бо иштироки журналистон, блогерҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни самти журналистикаи ҳарбии Донишгоҳи давлатии журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ дар қисми ҳарбии шаҳраки «Қуёшли»-и ноҳияи Зангиато баргузор шуд.
Он таҳти шиори «Он кӣ бошад бар Ватан содиқ манам!» гузашт.
Дар ҳудуди қисми ҳарбӣ бо мақсади дар якҷоягӣ омӯзондани назарияю амалия моҳи январи соли 2019 бо ташаббуси роҳбари давлат Институти ҳарбии алоқа ва технологияи ахбору коммуникатсионӣ аз нав созмон дода шуда буд. Ҳангоми суҳбат роҳбари институти номбурда Ҳаким Муҳиддинов оид ба фаъолияти институт, самтҳои он, ҳамкорӣ бо институтҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки Президент дар Муроҷиати худ ба Олий Маҷлис ба самти ҳарбӣ ва Нирӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ алоҳида истода гузашт. Бино ба гуфтаи роҳбари давлат барои ба таҳдид ва хатарҳои пешомада ҷавоби сазовор додан бояд доим дар ҳолати омодабош қарор гирифт. Барои ба халқ, таърих ва аҷдоди бузурги худ вориси муносиб шудан, таъмини бехатарии мамлакат бояд соҳиби армияи муқтадир буд.
Иштирокдорони чорабинӣ бо шароити зисти аскарон, хонаи машғули бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, хобгоҳ, толори варзишӣ, китобхона ва ошхона шинос шуданд.
Вақте вориди китобхона шудем, 5-6 нафар аскар бо мутолиаи китоб машғул буд.
– Дари китобхона барои мо – аскарон ҳамеша боз аст. Ман китоби «Тузукоти Темур», достонҳои халқии «Спитамен», «Мангубердӣ» ва ғайраро, ки дар дили мо ҳисси ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва шуҷоатро бедор мекунанд, хонда баромадам. Дар қисми ҳарбӣ барои мо ҳаматарафа ғамхорӣ мекунанд. Се маҳал бо хӯроку либосҳои гарм таъмин ҳастем. Бо падару модар ва қарибони худ доимо дар мулоқотем. Ҳар дафъае, ки ба модарам занг мезанам, ба ӯ мегӯям: «Модарҷон, аз ман хавотир нашав, дар оғӯши ту набошам ҳам, Ватан маро сарпаноҳ аст», – мегӯяд Темур Аҳмадҷонови фарғонагӣ.
Дарҳақиқат, ҳангоми давр задани хонаи хоб, ошхона гувоҳи гуфтаҳои аскар шудем. Хонаҳо гарм ва тозаву озода буданд.
Музейи таърихии институтро тамошо кардем. Дар он техника ва аслиҳаи ҳарбӣ, ускунаҳои алоқа, почтаҳои ҳарбии алоқа аз замони темуриён то давраи ҳозира мавҷуд буд.
Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ журналистон бо мукофотҳои иттиҳодия тақдир шуданд.
Афсарон саф ороста бо суруди «Фарзанди содиқи Ватан ҳастам!» иштирокдорони чорабиниро гусел карданд. Ин лаҳза ба кас боварӣ мебахшад, ки ҳимояи Ватан дар дасти фарзандони сазовори он аст.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».