ОНЧУНОН НАЗДИК БУДЕМУ ДУР...

Барои вохӯрии се насли минтақаи вилояти Тошканд ҷамоати Эшонободи ноҳияи Чиноз интихоб гашта буд.

Барои вохӯрии се насли минтақаи вилояти Тошканд ҷамоати Эшонободи ноҳияи Чиноз интихоб гашта буд. Барои мо ва хонандагони «Овози тоҷик» низ номи ин маҳал бояд шинос бошад, зеро зимистони гузашта, пештар аз фарорасии соли 2021 дар он ҷо маросими бошукӯҳе ба мавқеву домани корҳои тибқи Барномаи «Деҳаи обод» анҷомёфта муносиб барпо шуда буд.
Ҳоло акнун пас аз ободониҳо ва сариштакориҳо дар ин ҷамоат ҳар соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиву маишӣ мураттаб гардида, мардум дар маҷрои зиндагии маъмулӣ ва оддии худ умр ба сар мебарад. Аммо чунин иттифоқ афтодааст, ки онҳо нисбат ба ҷамоатҳои дигару хоҷагиҳои дигар толеъбаландтар будаанд, зеро ин боғи истироҳатиеро, ки бо тамоми ҷиҳозҳои муқаррароти фароғат, чандин варзишгоҳи пӯшидаву сарво, этнобоғи соҳиби аломату хусусиёти миллии қавмҳои маскуни маҳал, қасри фарҳанги ихчаму зебо ва саҳнаи кушод, сехҳои дӯзандагӣ барои садҳо нафар, кӯдакистону дигар маконҳои маишӣ дар деҳоти мисли Эшонобод дар вилоят аҳёнан дучор шудан мумкин аст.
Меоем боз ба сари худи вохӯрӣ, ки онро кас мехоҳад ҳатто ҷашн ном бубарад, зеро ҳар касе, ки аз ин маҳал – хурду калон, аз гӯшаҳои гуногуни вилоят, сафирони давлатҳои хориҷӣ ба ин ҷо ҳозир шуданд, аз кайфияту ваҷҳашон маълум буд, ки ба як иди ҳақиқии мардуми ин мавзеъ омадаанд.
– Фикр намекардам, ки дар чунин маҳалли даштӣ ҳамчунин мавзеи ободу зебо ва замонавӣ ба вуҷуд оварда шудааст, – мегӯяд ҳаяҷони худро ниҳон карда натавониста мушовири оид ба масъалаҳои занони ҳокимияти шаҳри Бекобод Ҳалима Иброҳимова. – Дар Бекободи мо ду ҷамоати шаҳрвандон – «Бунёдкор» ва «Абдураҳмони Ҷомӣ» низ ба Барномаи «Деҳаи обод» дохил шудааст. Дар ин маҳаллаҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон асосан тоҷикону ӯзбекон зиндагӣ мекунанд ва аз ин боис гӯё ҳамқавму хешовандон дар ду ҷониби сарҳад зиндагӣ мекунанд. То солҳои охир мо бо онҳо он қадар наздик зиндагӣ мекардему лекин ончунон дур будем, ки солҳои зиёд ба дидори ҳам расида наметавонистем. Имрӯз акнун дар ҷашнҳои ҳамдигар, масалан Наврӯз, иштирок кардани мо ва дӯстонамон аз ноҳияи Спитамени Тоҷикистон кори муқаррарӣ шудааст.
Вақте ба яке аз ғурфаҳое, ки бо намуду ҷилои тоҷикӣ оро дода шудааст, сар мехалондем, нафаре харбузаву тарбуз пора мекард ва ҳадаҳа моро таоруф ҳам мекард.
– Абдуфайёз Раҳмонов, муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби таълими ҳамагонии №47 ҳастам, – худро шиносонд ӯ. – Имрӯз ин ҷашн аз мо ҳам ҳаст, чунки ҷамоати мо «Тонг юлдузи» чандон дур нест, аз ин боис худро соҳибхона эҳсос карда, дар хидмати меҳмонон камар бастем.
Воқиан мавзеи тоҷикнишини номбурда низ ҳамагӣ чанд сол пеш тибқи Барномаи «Деҳаи обод» тақрибан аз нав сохта шуда буд ва ҳоло намояндагони он низ дар ҷашни Эшонобод аз соҳибмизон аст.
Янглиш Нодирова аз мактаби №47 аст ва дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият мебошад. Аз ӯ мепурсам, ки ҳоло пас аз ободиҳо, хусусан дар мактаб, чӣ навгониҳо рух доданд.
– Дар таълими баъзе аз фанҳо ба низоми кабинетӣ гузаштем. Дониши хонандагонамон аз фанҳои информатика, физика, математика, забон ва адабиёти тоҷик ба ин муносибат хеле беҳтар гардид. Хонандаамон дар олимпиадаи забон ва адабиёти тоҷик ҳатто дар марҳилаи ҷумҳурӣ иштирок кард. Дар масъалаи кадрҳо низ то андозае мушкиламон рафъ шуд.
Эшонобод ва ҷамоатҳои атроф аз миллияту қавмҳои мухталиф иборат аст. Қисми асосии онҳоро қазоқон ташкил намоянд, боқӣ тоҷику тотору русу ва ғайра. Аз Янглиш мепурсам, ки дар ин гуна ҷамъияти гуногунмиллат зиндагӣ ва кор кардан чӣ гуна...
– Агарчӣ аз қавми латтабош ҳастам, кору зиндагиям дар як ҷамъият бо вакилони дигар фарҳангу забон бисёр бо фараҳ ва осуда мегузарад, – мегӯяд бо ифтихор ва сарбаландона Янглиш Нодирова.
Мисли анъана дар чунин ҳамоишҳо иштирок намудани меҳмонон амри табиӣ буд. Сафирон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Русия низ ҳузур доштанд ва бо шароиту имконот ва вазъи зиндагии мардум шинос карда шуданд.
Дар чорабинӣ аз чандин марказҳои миллӣ-мадании ҷумҳурӣ раисон ва фаъолонаш иштирок доштанд.  Саврон Мирзоев аз ҷумлаи онҳо буд, ки дар Маркази миллӣ-мадании тоҷик фаъолият дорад.
– Дар ноҳияи Пискент бо соҳибкорӣ машғулам, – мегӯяд Саврон. – Ба истиқболи ҷашни истиқлол нафақат бо ташкили 30 ҷойи корӣ расидам, хостам имрӯз боз дар ин вохӯрӣ ҳам иштирок намоям ва ҳам ҳисса гузорам.
Қабули Муроҷиатномаи марказҳои миллӣ-мадании ҷумҳурӣ ба Президент Шавкат Мирзиёев дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли кишвар ва дар он ифода ёфтани ғамхориву эътибори солҳои охир ба орзуву ормонҳои миллатҳои мухталифи муқими ҷумҳурӣ аз муҳимтарин нуктаи ҳамоиш буд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратҳои муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: