Рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз вилояти Бухоро 73688 нафар иштирок карда, 30 ҳазор нафари онҳо аз фронт барнагаштаанд.
5 ҳазор нафари иштирокчиёни ҷанг бо ордену медалҳои ҷанговарона тақдир ёфтаанд. Байни онҳо 13 нафар соҳиби унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва як нафар муносиби се дараҷаи ордени «Шараф» шудаанд.
Имрӯз аз «таърихи зинда»-и Ҷанги дуюми ҷаҳон дар вилоят фақат 15 нафар мондаанд.
Ҳоҷимурод Бектошеви олотӣ яке аз онҳост. Вай соли1926 дар маҳаллаи Ёш ботир ба дунё омада, ба воя расид. Баъди оташ гирифтани ҷанги хонумонсӯз ӯ ба фронт рафт. Ба вай лозим омад, ки дар сафи ҷанговарони полки тирандозӣ дар ҷангҳои шадиди озодкунии Полша ва Латвия иштирок кунад. Ҳ. Бектошев баъди бозгашт аз фронт дар мактаби таълими умумии рақами 1-уми зодгоҳаш бо касби омӯзгорӣ машғул шуда, ба нафақа баромадааст. Ба ҷанговари собиқ Офаридгор умри бобаракат дод. Вай солҳои осоиштагӣ низ баҳри равнақи ёру диёр саҳми арзанда гузошт. Ӯ рӯйи ҳафт нафар фарзанд, чил набераю сӣ абераро дида, баҳри меҳнатдӯсту ватандӯст шуда ба воя расидани онҳо ғамхорӣ зоҳир кард. Ҳоҷимуродбобо Бектошев ҳоло ба рӯзгори хушбахтонааш шукрона гуфта, ҷавононро ба қадршиносии ҳаёти имрӯза ҳидоят месозад.
Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ташрифи ҳокими вилоят бо ҳамроҳонаш ба хонадони вай, табрикномаю қадршиносии сарвари давлат ӯро беҳад шоду сарбаланд намуд.
ЭҲТИРОМ БА МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр,
77-солагии Ғалаба аз болои фашизм ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарифов, роҳбарони секторҳо якҷоя бо мутасаддиёни ташкилоту идораҳо ба ҳавлии иштироккунандагони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва онҳое, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ ҳаёти худро баҳри ҳифзи Ватан нисор кардаанд, ташриф оварда, ҷанговарони собиқи сарбаланд ва наздикони эшонро бо Иди фархунда муборакбод намуданд.
Ба онҳо табрикномаи Президенти мамлакат, 15 миллион сӯмӣ пул ва туҳфаҳои муносиб инъом карданд. Мулоқот бо ҳар як ҷанговари собиқ: Ҳоҷимурод Бектошев (аз ноҳияи Олот), Рейда Ресутова, Катизе Менсеитова, Салом Раҳмонов, Норбой Қаршиев, Аҳмад Мӯҳсинов, Ниёз Гулов, Ҳабиб Валиев, Аҳмад Ғуломов (аз шаҳри Бухоро), Файзулло Ҳоҷиев (аз ноҳияи Бухоро), Баҳром Эшов, Искандар Қаландаров (аз ноҳияи Ғиҷдувон), Ҳамид Турсунов (аз ноҳияи Вобканд), Назарбобо Шеров (аз ноҳияи Пешкӯ), инчунин наздикони Эркин Беҳбудов (ноҳияи Ҷондор), хешовандони Хуршед Авезов (ноҳияи Олот), ақрабои Назирҷон Эгамов (ноҳияи Шофиркон) ва дигарон дар муҳити идона хотирмон гузашт. Мӯйсафедони сарбаланд, волидони фарзандони бовафои Ватан даст ба дуо бардошта, барои ин эҳтиром ва қадршиносӣ ба сарвари давлат ва шахсони ташрифоварда арзи сипос карданд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.