ОНҲО ҲОФИЗАИ ИЛОҲӢ ДОШТАНД

Дар ҷумҳуриамон баргузор шудани Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ аҳли фарҳангу санъатро водор месозад, ки бори дигар ба таърихи ниёгон ва эҷодиёти шифоҳии мардум назар андозад.

Базмҳои ҷамшедии тӯю сур ва шабнишиниҳои ҳамдеҳагонамро ба ёд меорам. Он рӯзгор дар миёни боғ ё рӯйи ҳавлии тӯйдор ҳезуми бисёреро ҷамъ карда оташ мезаданд. Хурду калон дар атрофи он зери садои думбура ё доира мерақсиданд. Ҳофизон овози форам доштанд, вақте онҳо месароиданд, аз ҳар тараф нидоҳои «кам нашав!», «офарин!», «ҷуфт шавад!» баланд мешуд. Ба нақароти суруди ҳофиз атрофиён ҷӯр мешуданд...
Қисса, афсона, таронаю суруд, латифа, ашъори бахшида ба ҷашн ва шодӣ, марсия ва сӯгвориҳо, намоишҳои суннатӣ... аз ҷумлаи гунаҳои адабиёти шифоҳӣ ҳастанд.
Дар як деҳаи хурдакаки Эҷи ноҳияи Нурато низ аз қадим ин ганҷинаи заволнопазирро бо ҳама зебоиҳояш ҳифз мекунанд ва саъй доранд бо ҷилои доштааш ба дасти ояндагон супоранд.
Яке аз амалҳои суннатии кӯҳистониён он буд, ки аҳли касбу ҳунар ҳангоми кор, вақти гилему қолибофӣ, намадпазӣ, деворзанӣ, танӯрандозӣ, наққошӣ, чӯпониву даравгарӣ суруду тарона мехонданд ва коровозу корнавоҳо аз даҳон ба даҳон гузашта паҳн мешуданд. Чунончӣ, ҳангоми овардани арӯс ҳофиззан доира зада, суруд мехонд ва бардорандаҳо ба ӯ ҷӯр мешуданд:
Гӯянда: Хона меҳмон омадас, 
шарбати ҷон омадас.
Бардоранда: Ҳой арӯс, ҳой арӯс, калин мебарим имрӯз.
Гӯянда: Хез оча калин омад, нури хона даромад.
Бардоранда: Ҳой арӯс, ҳой арӯс, калин мебарим имрӯз.
Гӯянда: Додош кунад рахташа, худо теяд бахташа.
Бардоранда: Ҳой арӯс, ҳой арӯс, калин мебарим имрӯз...
Аз сӯйи дигар, ғарибӣ, танҳоӣ, дарду ранҷҳои зиндагӣ одамонро ба ҳасрат кардан водоштааст. Оҳанги ҳазини гӯяндагон ба дилҳо нишаста дергоҳ аз ёд намеравад:
Надорам додару додӣ,
Ба фарзандам кунад шодӣ.
Надорам апаю хоҳар,
Мана модар, ғариб зодӣ.
Ғарибам ман дар ин манзил,
Ба дарто мубталоям ман.
Харидорам не дар ин ҷо,
Ғарибу бенавоям ман.
Агар сози асосии занони гӯянда доира бошад, мардон аз дутор, танбӯр, рубоб ва агар чизе ёфт нашавад, аз табақча (тақсимча) истифода мекунанд.
Шахсеро, ки шеъру сурудҳои мардумиро месарояд, гӯянда ва аҳёнан ҳофиз мегӯянд. Дар гузашта Зокири ҳофиз аз ғазалгӯёни саршинос ба шумор мерафт, ки ба даст танбӯр ё тақсимчаю доира гирифта, бо оҳанги дилнишин суруду ғазал мехонд ва мухаммасгӯйӣ мекард. Ҳамчунин Деҳқони Шомурод дуторнавози маъруф буд ва баъдан ҳунари ӯро писараш Асалбойи Деҳқон идома додааст. Дар деҳаи Эҷ аз байни занон ҳофизаҳо бисёр будаанд, аз ҷумла Пӯлодой Йӯлдошева, Умеда Нуруллоева, Ҳанифа Нурназарова, Хосият Рӯзиева ва дигарон, ки овози маҳину форам доштанд.
Модаркалонам Шодмонгулмомо низ каму беш қувваи ҳофизӣ дошт ва зери лаб хиргоҳӣ мекард. Дар он ҳуҷуми босмачиён ба деҳаҳо, рӯзгори вазнин, гирифторӣ ва ба мардикорӣ рафтани мардум ифода ёфта буд:
Босмачӣ омад ба сарҳомо,
Гурехта рафтим ба кӯҳҳомо.
Мадад меод ба арвоҳомо,
Мардум монданд ба ӣ бало.
Юртора хони қуш кард,
Ҷаву гандума хуш(к) кард.
Дили ҳама нохуш кард,
Мардум мондан ба ӣ бало.
Мардикорон равон шудан,
Зану бача гирён шудан.
Ташнаю зори нон шудан,
Мардум мондан ба ӣ бало...
Гарчанде аз деҳаи хурдакаки Эҷ сарояндагони машҳури достонҳои «Гӯрӯғлӣ» ва «Алпомиш» набаромадааст, вале аксарияти мардуми он гӯяндагони халқӣ мебошанд.
Баргузор шудани чунин ҷашнвораҳои байналхалқӣ, бешак, ба эҳё гардидани анъанаҳои пешинагон ва густариш ёфтани санъати овозхонӣ такони наве хоҳад бахшид.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: