ОНҲОЕ, КИ АЗ РАХНА ПАЙДО КАРДАНИ ОБАНБОРИ САРДОБА ЗАРАР ДИДААНД, НА ТАНҲО БО МАНЗИЛ, ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОӢ, БАЛКИ ТИҶОРАТИ «ТАҲТИ КАЛИД» ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Ин далел дар корҳое, ки дар ҳудудҳои аз обхезӣ зарардидаи обанбори Сардоба амалӣ шуданд, намоён мегардад

Ин далел дар корҳое, ки дар ҳудудҳои аз обхезӣ зарардидаи обанбори Сардоба амалӣ шуданд, намоён мегардад
Якҷоя бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Сирдарё барои сенаторон, намояндагони аҳли ҷомеа, инчунин кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти ободонии минтақаҳое, ки аз обхезӣ дар обанбори Сардоба зарар дидаанд, саёҳати матбуотӣ ташкил карда шуд.

Соли равон барои башарият як имтиҳони хеле душвор гардид. Аз ҷумла, вазъияти ғайричашмдошт бо Covid-19 диққати ҷаҳонро ба худ равона кард. Мутаассифона, ин бадбахтӣ Ӯзбекистонро низ дар канор нагузошт. Пандемияи моҳи март саршуда, то ба имрӯз идома дорад.
Биёед ба хотир орем, ки имсол табиат низ инҷиқиҳои худро нишон дод. Шамоли сахт, ки аввалҳо дар минтақаи Бухоро мушоҳида шуд, ба аҳолии ноҳияҳои Олот ва Қарокӯл, хонаву ҷой, хоҷагии кишоварзии минтақа зарари ҷиддӣ расонд. Дере нагузашта, субҳи 1 май дар мамлакати мо як хабари дигари нохуш паҳн шуд — сарбанди обанбори Сардоба рахна зад. Дар натиҷа, маҳалҳои аҳолинишин дар ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтин зери об монданд. Ноҳияҳои наздимарзии Қазоқистони ҳамсоя низ зарар диданд.
— Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки обхезие, ки дар натиҷаи вайрон шудани сарбанди обанбори воқеъ дар ноҳияи Сардоба ба амал омад, на танҳо барои сокинони Сирдарё, балки барои тамоми мардуми кишвари мо имтиҳон шуд, —  гуфт муовини аввали ҳокими вилоят Анвар Каримов. — Дар натиҷаи офати табиӣ  89 450 нафар одамон аз 28 маҳаллаи ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтин фавран ба ноҳияҳои дигар кӯчонида шуданд. 4 710 хонаи истиқоматӣ осеб дид, ки 2221-тои онҳо хароб шуда, 2499-тои онҳо таъмир карда шудаанд. Дар натиҷаи дастуру супоришҳои сарвари давлатамон, ки дар ҷараёни як қатор сафарҳояш ба вилоят дода шуданд, ба ҷои маҳаллаҳои аз обхезӣ осебдида ноҳияҳои комилан нав сохта шуданд.
Аввалин макони иштирокдорони сафари матбуотӣ корхонаи муштараки «Sirdaryo-mega-luks» дар вилояти Сирдарё буд. Имкониятҳое, ки дар корхона фароҳам оварда шудаанд ва маҳсулоти он дар баробари афзоиши иқтидори иҷтимоию иқтисодии минтақа ба таъмини некӯаҳволии аҳолӣ хизмат мекунанд.
Сипас иштирокчиён бо корҳое, ки дар маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Сардоба идома дорад, шинос шуданд. Дар баробари бунёди биноҳои бисёрқабата дар ноҳияи нав корхонаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиву трикотажии  ҶММ «Sardoba Oqsaroy Tekstil» барои 1500 ҷой сохта мешавад.
Ба сокинон инчунин шароите, ки дар биноҳои бисёрқабатаи маҳаллаи «Дӯстлик» муҳайё карда шудааст, маъқул аст.
— Пас аз обхезӣ ин ҷойҳо ба ботлоқ мубаддал гаштанд. Танҳо бо мӯзаи резинӣ гаштан мумкин буд, — мегӯяд собиқадори меҳнат Отабек Эгамбердиев. — Вақте дар ин ҷо шаҳр сохта мешавад, гуфтанд, шахсан ман бовар накарда будам. Бубинед, ки чунин хонаҳои зебо дар панҷ моҳ сохта шуданд. Дар ин ҷо тамоми имкониятҳои инфрасохтори замонавӣ, аз қабили газ, оби нӯшокӣ, барқ, канализатсияи мутамарказ мавҷуданд. Ҳоло мардуми мо бояд дар ин ҷойҳо софдилона кор кунанд, ба қадри имкониятҳо расанд ва хуб зиндагӣ кунанд.
— Ман дар натиҷаи обхезӣ хона ва амволи худро аз даст додам, — мегӯяд сокини ноҳия Гавҳар Унгарова. — Вақте ки рӯйдодҳои он рӯзро ба ёд меорам, вуҷудамро ларза фаро мегирад. Ташаккури зиёд ба Президентамон ва давлат, ки барои мо хонаҳои беҳтару зеботар сохт, ки аз хонаҳои шаҳрӣ фарқе надоранд. Ман дар ин манзилҳо як хонаи 3 ҳуҷрагӣ мегирам. Шароити хонаҳо хуб аст. Дар ин хона ҳамроҳи фарзандонам тӯй барпо мекунам. Ғайр аз он, Президент барои шаш намуди асбобҳои рӯзгор, ки ба онҳо мо — занон низ ниёз дорем, шаҳодатнома дод. Имрӯз онҳо ба хонаҳои мо ройгон таҷҳиз карда мешаванд.
Инчунин, дар назди  9 бинои бисёрошёнаи маҳаллаи «Навбаҳор» -и ноҳияи Мирзообод, ки дар натиҷаи садамаи техногенӣ дар обанбори Сардоба зарар дидаанд, барои 360 оила гармхонаҳо сохта шуданд. Бо шарофати лоиҳаи «Ижтимоий иссиқхона» («Гармхонаи иҷтимоӣ»), ки бо ташаббуси ширкати «Беккластер» амалӣ шудааст, ба ҳар 64 оила гармхонаи масоҳаташ 25 сотихӣ дода мешавад.
Рӯзноманигорон ва блогерҳо инчунин бо тағйироти азими иҷтимоию иқтисодӣ, сохтмон ва бунёдкорӣ дар ноҳияҳои Сирдарё, Оқолтин, Мирзообод ва Сардобаи вилоят шинос шуда, аз гармхонаҳои дар асоси ин лоиҳа оғозёфта дидан карданд.
 — Мо инчунин ин лоиҳаро «Тиҷорати таҳти калид» меномем, — мегӯяд яке аз роҳбарони лоиҳа Анвар Ҷуманов. — Ба ибораи дигар, 64 оила муассисони ду ҷамъияти масъулияташ маҳдуд мебошанд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур таъсис дода шудаанд. Ва барои қарзҳои гирифташуда ҳамон ширкатҳо кафил ба ҳисоб мераванд. «Беккластер» маҳсулоти дар 25 сотих гармхонаи ҳар як оила парваришшударо харидорӣ намуда, таҳти бренди Ӯзбекистон содир мекунад. Пас аз пардохти пурраи қарз, баъд аз 2-3 сол оила соҳиби комилҳуқуқи гармхона, яъне соҳибкор мешавад.
Ғайр аз он, дар доираи лоиҳа маркази илмию амалии растаниҳои ситрусӣ, субтропикӣ ва тропикӣ таъсис дода шуд, ки барои омӯзиши хоҷагии гармхонаҳо пешбинӣ шудааст.
Ҷойгоҳи навбатии мо маҳаллаи «Янги Ӯзбекистон» буд. Дар маҳаллаи собиқи «Ҳақиқат» 40 бинои панҷошёнаи дорои  800 хона сохта шудааст. Барои ин аз ҳудуди маҳалла тақрибан 12 гектар замин ҷудо карда шудааст. Биноҳои бисёрошёна дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби бинокорони ҶММ «White-cityconstruction» сохта шуданд. Дар натиҷаи корҳои азими бунёдкорие, ки дар ин ҷо гузаронида шуд, маҳалла  номи «Янги Ӯзбекистон»-ро  гирифт.
Барои сохтани хонаҳо дар муддати кӯтоҳ корҳо бо усули туркии «бетонрезии нақбӣ» анҷом дода шуданд. Дар таҳхонаи бино барои ҳар як оила ҳуҷраи алоҳидае бо масоҳати 15 метри мураббаъ мавҷуд мебошад, ки соҳибони манзил метавонанд онро ҳамчун анбор истифода баранд. Дар қаламрав камераҳои назорати видео насб карда шудаанд.
Хонаҳо қувваи барқ, гази табиӣ, оби нӯшокӣ ва канализатсия доранд. Дар ҳудуди ноҳия маҷмӯи маҳалла, аз ҷумла муассисаи таълимии томактабии «Янги авлод», инчунин 6 майдончаи бозӣ,  майдончаи омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ, нонвойхона, сартарошхона ва китобхона мавҷуд аст.
Маҳаллаи «Янги Тошканд» дар ноҳияи Оқолтин низ яке аз ноҳияҳои пас аз офати табиӣ бунёдшуда мебошад. Дар ин ҷо дар 130 хонаи бетониву панелӣ корҳои таъмирӣ гузаронда, шароити манзилии беш аз 200 оила беҳтар карда шуд. Ҳар як кӯчаи маҳалла номи ноҳияҳои шаҳри Тошкандро гирифтааст.
Дар маҳалла гузар, китобхона, майдончаи бозӣ ва маҷмӯи варзишӣ бунёд ёфтаанд. Роҳҳои дохилӣ сохта шуданд, қувваи барқ, гази табиӣ ва оби ошомиданӣ барқарор карда шуданд. Дар 8 кӯча 135 квартира сохта шудааст. Ҳоло дар ин ҷо зиёда аз 1200 нафар сокинон зиндагӣ мекунанд.
Инчунин, боғчаи бачагонаи рақами 5 дорои 130 кат ва бинои мактаб барои 150 нафар таъмир карда шуданд.

Ҷобир ХӮҶАҚУЛОВ,
мухбири АИ «Дунё».

ТОШКАНД – СИРДАРЁ 
– ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: