ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ РАБУДАНИ АРӮС

Дар бораи рабудани арӯс нақлҳои аҷибу ғароиб мавҷуданд.

Дар баъзе мардум арӯсрабоиро суннат меҳисобанд, вале мардуми дигар онро барои худ ору номус медонанд. Чунин суннат дар байни мардумони Доғистон низ каму беш роиҷ будааст. Ба гуфтаи Абдулкарим, ки аз қавми дарғиҳои  Доғистон аст, духтареро хеле дӯст медошт. Духтар низ ба вай дил дода буд, аммо  падару модари арӯс мехостанд духтарашонро ба ҷавони дигар ба шавҳар диҳанд. Абдулкарим мегӯяд, ана ҳамин муамморо вай аз роҳи рабудани арӯси худ ҳаллу фасл намуд.
– Ману дилдодаам аз ин тасмими падару модари вай норозӣ будем, барои ҳамин қарор додем, ки  барои ягон моҳ  ба ҷои дур нопадид мешавем,  вагарна, моро  аз ҳам ҷудо хоҳанд кард. Ин нақшаамонро дар амал пиёда намудем ва ёфтани мо кори осон набуд. Танҳо баъди як ҳафта падару модари арӯсамро огоҳ кардем, ки нигарон нашаванд: духтарашон сиҳҳату саломат аст ва ба вай  касе осеб намерасонад,– мегӯяд ин ҳамсуҳбатам.
Ба гуфтаи ӯ  баъди ин ҳодиса падару модараш ба хонаи арӯс рафтаанд ва онҳоро розӣ кардаанд. Падару модари арӯс низ ба хотири нигоҳ доштани эҳтироми хонаводагӣ маҷбур шудаанд, ки ба  созиш  раванд ва ба қисмат тан диҳанд. Ҳамин тавр, ҳоло бо ҳамсараш соҳиби се нафар фарзандони дӯстрӯяк ҳастанд ва зиндагии орому осудаеро аз сар мегузаронанд.   
Замоне, ки дар Бишкек кор мекардам, рӯзе Алина ном ҳамкорам хотирпарешон вориди дафтари корӣ шуд.  Ҳама  аз вай пурсидем, ки магар  ҳодисае рух додааст, ки табъаш хира метобад. Алина посух дод, ки рӯзи гузашта  ҳамшираашро ҷавоне рабудааст ва дар ҳамин ҳол маълум нест, ки онҳо ба куҷо рафтаанд. 
– Волидонам шаби дароз миҷҷа таҳ накарда баромаданд. Модарам то рӯз гиря кард. Ҳоло ҳам ҷигархун аст вай,– аз  оби пиёлаи дасташ, ки яке аз ҳамкорон дода буд,  як ҷуръа нӯшида гуфт Алина. Баъд идома дод:
– Ин як суннатест, ки аз қадимулайём боқӣ мондааст, аммо  ҳоло замона дигару мардум дигар шудаанд. Ҳамаи корро акнун бамулоҳиза ва машварати калонсолон метавон анҷом дод.
Аз Алина суол кардам, ки оё  ин кор  тибқи мувофиқаи пешакии ҳар ду тараф сурат гирифтааст ва ё  ҳамширааш намедонист, ки ҷавон вайро рабуданӣ аст?
Вай  гуфт, ки ҳамширааш дар литсейи академӣ таҳсил мекунад ва ҳанӯз ҳатто шиноснома нагирифтааст.
– Дар Қирғизистон ақди никоҳи расмӣ баъди синни ҳаждаҳ муқаррар шудааст, барои ҳамин домодшаванда ба ин кори берун аз қонун даст задааст ва шояд муҷозот шавад,– гуфт Алина, ки акнун каме  ба худ омада буд.
Оқибатҳои ин арӯсрабоӣ бароямон номаълум монд, зеро машғули кор шуда дигар аз Алина напурсидем, ки сарнавишти арӯс ва рабояндаи вай бо чӣ анҷомид. Аммо як чиз мусаллам гашт, ки аз ин суннат на ҳамаи мардуми қирғиз пайравӣ мекунанд. Танҳо дар онҳое, ки дур аз илму фарҳанг ва бехабар аз қонуну қоидаҳои нав ҳастанд ва  дар талу пуштаҳо, дур аз тамаддун зиндагӣ мекунанд, ҳанӯз ҳодисаҳои арӯсрабоӣ рух дода меистанд.  
– Мо борҳо шоҳиди оқибатҳои ногувори ин суннати мардумӣ– арӯсрабоӣ шудаем. Аксари арӯсрабоиҳо бидуни мувофиқаи тарафайн сурат гирифта буданд ва ҳатто яке аз арӯсон натавонист, ки баъди ин ҳодиса ба назди падару модар ва хоҳару бародаронаш баргардад. Аз ҷумла, як тан худро нобуд кард ва дар дили падару модару пайвандонаш доғи якумриро муҳр зад,– мегӯяд сокини қирғизтабори шаҳри Андиҷон Гулзода Мамаҷонова. 
Ба гуфтаи ӯ чунин ҳодиса дар байни қирғизҳои маскуни ҷумҳуриамон хеле кам рух медиҳад ва ба ин қонунҳои кишварамон ҳам роҳ намедиҳанд.
Тааҷҷубовар аст, ки чунин ҳодиса дар ноҳияи Сӯхи Фарғона низ ба вуқӯъ пайвастааст  ва  бо оқибатҳои басо хунину фоҷиавӣ анҷомидааст. Ному насаби ин ҷавонон  маълум аст, фақат ин ҷо аз овардани он истиҳола мекунам. Тафсилоти  ҳодиса тақрибан чунин аст: Рӯзҳои гарму тоқатфарсои соли 2015. Тарафи писар нахостааст, ки арӯсашон духтари хонаводаи нодор бошад.  Аммо писар духтарро дӯст медоштааст. Дар дили духтар низ нисбат ба писар ишқи ҳақиқӣ шӯъла мезадааст, барои ҳамин ҳарду ваъда кардаанд, ки  касе онҳоро аз ин нияташон гардонда наметавонад ва ба висол мерасанд!
Ҷараёни гуфтугузорҳои аъзои ду хонавода мунҷар ба он шудааст, ки писару духтар  роҳи ягонаи ба васли ҳамдигар расиданро дар гурехтан бинанд. Онҳо рӯзе номаълум ба кӯҳ боло шудаанд ва ду шабонарӯзро он ҷо сипарӣ кардаанд. Кӯҳи Чакотомар, ки поёнтар аз кӯҳи Суратӣ воқеъ гаштааст, онҳоро ба канор кашидааст. Ҷавонон гумон кардаанд, ки  онҳоро касе надидааст ва баъди чанд рӯз поён мешаванду худро зану шавҳар эълон мекунанд.
Баъд воқеа ранги дигар гирифтааст. Ҳама фаҳмидаанд, ки духтару писар ба сӯе ғайб задаанд. Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ин хабар расидааст. Ҷустани писару духтар шурӯъ шудааст. Фаҳмидаанд ё касе гуфтааст, ки  ҷавонон дар кӯҳ паноҳ бурдаанд. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ аз пайи дарёфти онҳо шудаанд ва пароканда шуда, кӯҳу пуштаҳоро аз назар гузаронидаанд. 
Духтару писар аз баландӣ дидаанд, ки як гурӯҳ милиса оҳиста ба тарафи онҳо боло мешавад ва дар фикри дастгир кардани онҳо афтодаанд. Духтару писар даст ба дасти ҳам додаанду худро аз баландӣ ба поён ҳаво додаанд. Ҷисмашон ба теғаҳои тези санги кӯҳистон бархӯрдаву бар асари ҷароҳатҳои зиёд дар ҳамон ҷо ҳарду ҷон таслим кардаанд. 
Бидуни иштибоҳ, оқибати ин ҳодисаи фоҷиабор, ки аксарият онро танҳо дар китобҳо хондаанду дар  ривоятҳо шунидаанд, сару садоҳои гуногунро дар миёни мардум ба бор овардааст.  Одамон танҳо тахмин  задаанд, ки чӣ шудаву чӣ мондааст. Аз ҷумла, тибқи баъзе тахминҳо ҷавонписар ба гумони он ки акнун вайро барои рабудани духтар ба маҳкама мекашанд ва ҷазо медиҳанд, ба ин кор даст задааст.  Духтар низ нахостааст, ки ба маломати падару модар ва хурду калони деҳ дучор шавад, бо ошиқи худ пайваставу худро аз кӯҳ сарозер ҳаво додааст.
Як нукта мусаллам аст, ки  ҳодисаи мазкур дар деҳу маҳаллаҳо  мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст ва сарчашмаи ҳодисаро касе таҳқиқ накардааст. Дар асл рух додани ин ҳодиса мабнӣ бар он аст, ки калонсолон низ ба суханони ҷавонон гӯш  диҳанд ва арзу додашонро бишнаванд. Дар акси ҳол... Гузашта аз ин, ба пулу сарват дода шудани бархе аз падару модарон ва нодида гирифтани ишқу муҳаббати фарзандон низ аз омилҳое мебошанд, ки мумкин аст чунин ҳодисаҳои фоҷиавиро ба бор оваранд. 
Дарвоқеъ, вақте ки ин ҳодисаҳоро ба риштаи як гузориш мекашидам, байте  ба ёдам расид, ки дар достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ омадааст:
...Бигуфто:  ишқи Ширин бар ту чун аст?
Бигуфт: аз ҷони ширинам фузун аст.
Бигуфто: дил зи меҳраш кай кунӣ пок?
Бигуфт:  он гаҳ, ки бошам мурда дар хок!

Пас, ин гуфтаҳои Низомӣ гапҳои хушку холӣ набудаанд? Пас, ишқу муҳаббати ҳақиқӣ вуҷуд дорад? «Илоҷи воқеа –  пеш аз вуқӯъ» мегӯянд, барои ҳамин нагузорем, ки дар пеши назар ҳодисаҳои каснодиду касношунид рух диҳанд ва талош кунем, ки дар ин кор  мо, калонсолон зери айб намонем. Лаббай?

Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: