Гирдбоди шадиде, ки шоми 27 апрели соли ҷорӣ якҷо бо селборон дар вилояти Бухоро рух дод, ба манзили зисти аҳолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи вилоят, хусусан ноҳияҳои ҷанубии он зарари ҷиддӣ расонд.
Гирдбоди шадиде, ки шоми 27 апрели соли ҷорӣ якҷо бо селборон дар вилояти Бухоро рух дод, ба манзили зисти аҳолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи вилоят, хусусан ноҳияҳои ҷанубии он зарари ҷиддӣ расонд. Боздиди саривақтии Президент Ш. Мирзиёев ба ин муносибат, шиносоӣ бо вазъият, мулоқоту ҳолпурсиҳои ӯ бо сокинону ҷабрдидагон, андешидани чораҳои фаврӣ аҳолии вилоятро хеле рӯҳбаланд сохтанд. Баҳри бартарафкунии оқибатҳои офат нафақат садорату корхона, ташкилоту ҷамоаҳои вилоятӣ, балки вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ҳокимиятҳои шаҳру вилоятҳо, хизматчиёни ҳарбӣ кӯмак мерасонанд. Мардум бори дигар эҳсос намуданд, ки онҳо дар рӯзи сахт танҳо нестанд, давлат ва мардуми ҳимматбаланд пушту паноҳи онҳо аст.
Мо аз ҷонишини ҳокими вилоят, сардори Садорати дастгирии маҳалла ва оила, ҷонишини сардори ситоди бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ Йӯлдош Ҷумъаев хоҳиш намудем, ки доир ба талафоти расида ва ҷараёни бартарафсозиҳои офат маълумот диҳад.
– Гирдбод, ки аз ҷониби Туркманистон ба вилоят ворид гардид, бо борони сел омезиш ёфта, ба офати бемисл табдил ёфт. Дар натиҷа 41927 бино ва иншоот, аз ҷумла 41085 хонадон, 842 объекти соҳаи иҷтимоиро хароб кард, зарари расида 141,6 миллиард сӯмро ташкил дод. Дар натиҷаи офат 359,1 ҳазор хонадон бе барқ монд.Дар ноҳияҳои Олоту Қарокӯл 1,8 ҳазор трансформатор аз кор баромад.Дар 115,3 ҳазор хонадон гази табиӣ қатъ ёфт. Таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои Олот, Қарокӯл, Рометан, Вобканд, Когон, Бухоро ва шаҳри Бухоро аз сабаби набудани барқ ғайриимкон гардид. 10 стансияи телефонии алоқа бо сим, 13 манораи алоқаи мобилӣ, 433 сутуни алоқа, 92 км хати алоқаи ҳавоӣ, 481 базаи стансияҳои мобилӣ аз фаъолият бозмонданд. Аз 9,9 ҳазор гектар киштзори пахта 12168 ҳазор гектараш ношоям гардид ва акнун дар онҳо бояд кишти такрорӣ гузаронида шавад. Ҳоло бориши пай дар пайи борон ба кишти такрорӣ халал мерасонад. Дар айни замон 12619 гектар ғаллазор зарар дид. Акнун дар 680 гектари он кишти такрорӣ: дар 248 гектар пахта, дар 185 соя, дар 120 офтобпараст, дар 19 аз ҷумла зироати полиз, дар 68 мош ва дар 40 га ҷуворимакка кошта мешавад. Дар натиҷаи офати табиӣ 194 гектар гармхона, 2616 гектар боғ талаф ёфт. Ташрифи сарвари давлат ба вилоят ва Фармони ӯ аз 28 апрели соли 2020 «Дар бораи чораю тадбирҳои таъхирнопазири бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар вилояти Бухоро « ҳамаро ба по хезонд. Вазорату идора, корхонаю ташкилот, муассисаю ҷамоаҳо ҳимматбаландона ба кӯмак омаданд. Ҷараёни пуршиддати барқароркунию ислоҳсозӣ, корҳои бинокорию таъмиркунӣ оғоз ёфт. Бо ин мақсад 32448 нафар бинокорон, аз ҷумла аз Вазорати мудофиа 240 нафар, аз садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят 245 нафар, аз Вазорати корҳои дохилӣ 79 нафар, аз Гвардияи миллӣ 250 нафар ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи азму кӯшиши дастҷамъии онҳо то 10 май 23284-то хонадони аҳолӣ, 314-то мактаб, 154-то муассисаи таълими томактабӣ, 75 бинои ҳифзи тандурустӣ ва 78 иншооти дигар пурра аз таъмир баромаданд. Дар ҳудудҳо гази табиӣ, оби нӯшокӣ, хатти алоқа кашида, стансияҳои осебдидаи онҳо пурра барқарор гардиданд. Қариб ба ҳамаи хонадонҳои бечароғмонда ҷараёни электрикӣ дастрас шуд. Корҳо бобати барқароркунии стансияҳои насосии «Ҳамза –1» ва « Ҳамза–2» ба поён мерасад. Бо мақсади бартарафсозии офат аз вазоратҳо, идораю ташкилотҳои ҷумҳурӣ, ҳокимиятҳои шаҳру вилоятҳо ба андозаи 6 миллиард сӯм ёрии ҳомиён, инчунин ба андозаи 2,9 миллиард сӯм масолеҳи бинокорӣ ва 1,6 миллиард сӯм маҳсулоти хӯрокворӣ расид. Бояд таъкид намуд, ки аз офати табиӣ ноҳияи Олот бештар зарар дид. Имрӯз дар 38 маҳаллаи ин ноҳия 2368 нафар мададгорон (кормандони ширкату идораҳо ва хидматчиёни ҳарбӣ) бо 114 воситаи нақлиёт ва техникаи махсус баҳри бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ заҳмат мекашанд. 722 нафар ҳарбиён, кормандони идораҳои гуногун дар бозори деҳқонӣ, иншооти тандурустӣ, мактабу муассисаҳои таълими томактабӣ, коллеҷ ва хонадонҳои маҳаллаҳо бо корҳои тозакунӣ машғуланд. Дар ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия бо мақсади таъминоти хӯрокворӣ дуконҳои сайёр хидмат мерасонанд. Ба аҳолии ноҳия аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо 28961 килограмм картошка, 22010 кило пиёз, 44400 кило орд, 3215 кило шакар, 2941 кило макарон, 24176 кило биринҷ, 14800 кило сабзӣ, 13318 литр равған расонда дода шуд. Ба туфайли саъю кӯшиш, ҳамҷиҳатию ҳаммаслакӣ оқибатҳои офат дилпурона бартараф мегарданд. Шубҳае нест, ки халқи мо, мардуми заҳматкаш ва ҳимматбаланди мо ин душвориҳоро низ мардона паси сар намуда, роҳи худро ба сӯйи мақсадҳои наҷиб сарбаландона идома медиҳанд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.