ОҚИЛОНА ИСТИФОДА НАМУДАН АЗ ОБИ ҲАЁТ

ё худ об зару оброн заргар аст

Дар вилояти Сирдарё барои обёрии майдонҳои кишт ва рӯёндани ҳосили фаровон ба миқдори кофӣ об мавҷуд аст. Танҳо бояд пеши исрофкории обро гирифтан, дар деҳоту маҳалҳо барои дар шуури одамон ҷойгир кардани мафҳуми об – зар, оброн – заргар, назорати доимии ҷамоатиро ҷорӣ кард.
Ҳам дар деҳқон ва ҳам дар соҳиби замини назди ҳавлӣ бояд маданияти сарфакорона аз об истифода бурданро ташаккул дод. Дар ноҳияҳои Сардоба, Боёвут ва Гулистон ҳолатҳои аз захираҳои об ғайриқонунӣ истифода бурдан, ҳангоми обёрии майдонҳои кишт ба исрофкорӣ роҳ додан мушоҳида гардиданд.
Дар сессияи шӯрои депутатҳои халқи вилоят дар ин хусус маълумот дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба оқилона истифода бурдан аз захираҳои об, рӯёндани ҳосили кафолатнок аз кишти хоҷагии қишлоқ,  аз он ҷумла ниҳолҳои пахта муҳокима гардид.
Дар сессия, ки таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев дар шакли видеоселектор созмон дода шуд, дар хусуси бегуфтугӯ таъмин кардани иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки роҳбари давлатамон дар ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба дараву ҷамъоварии ғалла, рӯёндани ҳосили фаровон аз ниҳолҳои пахта, ба роҳ мондани кишти дубора ва оқилона истифода бурдан аз захираҳои об муайян карда буд, табодули афкор ба амал омад.
Ғ. Мирзоев таъкид намуд, ки муътадил омадани зимистони соли равон ва хушку салқин омадани фасли баҳор дар парвариши кишт як қатор муаммоҳоро ба миён овард. Ин ҳолат тақозо дорад, ки доир ба сарфакорона истифода бурдан аз захираҳои об ва рӯёндани ҳосили зиёди кафолатнок аз майдонҳои кишти пахта чорабиниҳо андешида шаванд.
Дар сессия таъкид гардид, ки дар байни аҳолии вилоят барои роҳ надодан ба исрофкории об, дар ҳудудҳо оқилона истифода бурдан аз оби ҳаёт, расидан ба қадри ҳар як қатраи он бояд корҳои тарғиботиро васеъ ба роҳ монд. Доир ба татбиқи чорабиниҳои иловагӣ оиди дар маҳалҳо роҳандозӣ кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, тоза кардани каналҳои байни хоҷагиҳо, таъмини гидропост ва иншооти гидротехникии каналҳои байни хоҷагиҳо, қабл аз вегетатсияи ниҳолҳои пахта аз ҳисоби маблағҳои иттиҳодияи истеъмолгарони об ва хоҷагиҳои фермерӣ тоза кардани шабакаҳои обёрикунанда, кашидани нақшаи сохтани нуқтаҳои обгирӣ, нақшаи дар мавсими обёрӣ об додани пахта ва дигар зироат, аз об оқилона истифода бурдан, рӯёндани ҳосили кафолатнок аз ниҳолҳои пахта гурӯҳи оқсақолон ташкил карда шуд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: