ОРАШИ КАМОНГИР КИСТ?

Ба ҳангоми яке аз сафарҳо ба Теҳрон дар Маҷмӯи таърихиву мадании Саъдобод, ки аз гӯшаҳои пурнафосату сарсабз ва дарахтзору босафо аст, муҷассамае дидам, ки қаҳрамоне дар даст тиру камон бовиқор баланд меистод.

. Ба ин шахси афсонавӣ таваҷҷӯҳам афзуд ва баъзе маълумотро дар бораи ӯ  аз манбаъҳо дарёфтам.
Ораши камонгир номи яке аз афсонаҳои кӯҳани эронӣ ва ҳамчунин номи шахсияти аслии ин афсона аст. Афсонаи Ораши камонгир аз достонҳое мебошад, ки дар Авасто омада ва дар «Шоҳнома» аз Ораш дар се ҷо бо ифтихор ном бурда шуда, вале достони Ораш дар «Шоҳнома» наомадааст. Дар китобҳои паҳлавӣ, китобҳои таърихи даврони исломӣ  ба он ишорате шудааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби худ ба номи «Осор-ул-боқия» ба ҳангоми тавсифи «Ҷашни тиргон» достони Орашро бозгӯ мекунад ва решаи ин ҷашнро аз рӯзи ҳамосаофаринии Ораш медонад. Дар Авасто Орашро «Арахша» хондаанд ва маънояшро низ касоне маъноҳо кардаанд: аз он ҷумла «тобон ва дурахшанда», «дорандаи соед (китф)-и нируманд» ва «худованди тири шитобон». Дар Авасто беҳтарин тирандоз Арахш номида шудааст, ки гумон бар ин аст, ки ҳамон Ораш бошад. Баъзе маънии Орашро «дурахшон» донистаанд. Ва бархе муътақиданд, ки манзур аз Ораш ҳокими портӣ Гургон буда, ки ба зӯри нирӯи тир ва камон душманро аз марзи Эрон дур кардааст. 
«Номи паҳлавоне камондор аз лашкари Манучеҳр» – чунин омадааст дар «Фарҳанги Деҳхудо». Манучеҳр дар охири давраи ҳукмронии худ аз ҷанг бо фармонравои Турон Афросиёб ногузир гардид. Нахуст ғалаба Афросиёбро буд ва Манучеҳр ба Мозандарон паноҳид, лекин сипас бар он ниҳоданд, ки диловари эронӣ тире кушод диҳад ва бад-он ҷое, ки тир фуруд ояд, марзи Эрон ва Турон бошад. Ораш, номи паҳлавони эронӣ, аз қуллаи Дамованд тире биафканд, ки аз бомдод то нимрӯз бирафт ва ба канори Ҷайҳун фуруд омад ва Ҷайҳун ҳадд шинохта шуд. Дар Авасто беҳтарин тирандозро «Арахш» номида ва гумон меравад, ки мурод ҳамон Ораш аст. Табарӣ ин камондорро «Ораши шотин» меномад ва тавре ки олими олмонӣ Нулдака тахмин мекунад, ин калима тасҳифи ҷумлаи авастоии «Хушувии Айшу» бошад, ки маънии он «Худованди тири шитобанда» аст, ки сифат ё лақаби Ораш будааст. Ва бар ривояти дигар Исфанди Урмуз тир ва камоне ба Ораш дод ва гуфт ин тир дурпартоб аст, лекин ҳар ки онро биафканад баҷой бимирад. Ва Ораш бо ин огоҳӣ тан ба марг дардод ва тири Исфанди Ормузро барои вусъат ва басти марзи Эрон бад-он сурате, ки гуфтем, биафканд ва дарҳол бимурд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: