ОРАТОРИЯИ «ҲАФТ ПИР» РӮЙИ САҲНАРО ДИД

Мустафо Бафоев оҳангсозест, ки ҳамеша пурсамар эҷод мекунад.

Дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ нахустин иҷрои ораторияи «Ҳафт пир»-и устод Мустафо Бафоев баргузор шуд.

Оратория ба қалами узви Иттиҳоди нависандагон, номзади илмҳои филологӣ Шодмон Сулаймон мансуб буда, ҳар фасли он аз тарзи ҳаёт, хислату каромот ва фазилати ҳафт пири тариқати Хоҷагон – Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ, Хоҷа Орифи Ревгарӣ, Хоҷа Маҳмуд Анҷир Фағнавӣ, Хоҷа Алии Рометанӣ, Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ, Хоҷа Саид Амир Кулол ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ҳикоя мекунад.
Муаллифи зиёда аз 100 суруду романс, симфония ва драмаҳои мусиқӣ Мустафо Бафоев дар мавзӯи таърихиву бадеӣ бештар эҷод мекунад, асарҳои мусиқии «Умари Хайём», «Бухорои Шариф», «Ал- Фарғонӣ», «Нодира», «Бурҷи Улуғбек», «Нур аз мозӣ», «Роҳи бузурги абрешим» аз ин ҷумла мебошанд.
–Ман дар Бухорои шариф ба воя расида бошам ҳам, дар овони ҷавонӣ аз ҳафт пири тариқат танҳо дар бораи Баҳоуддини Нақшбанд камтар маълумот доштам. Вақте ки бо ҳаёти намояндагони тариқат шинос шудам, аз Шодмон Сулаймон хоҳиш намудам, ки бахшида ба ҳаёти онҳо асаре офарад. Дар бораи авлиёҳои бузурги Бухорои шариф, ки ҳоло ҳазорон нафар сайёҳон зиёрат мекунанд, асар офаридан барои ман бахт аст, – гуфт дар баромади худ Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев.
Дар рӯзҳои охири моҳи Рамазон рӯйи саҳнаро дидани чунин асари бузургҳаҷми мусиқӣ бидуни шубҳа барои мардуми Ӯзбекистон туҳфаи бебаҳост. 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: