«ОРИЕНТ» – СОҲИБИ ҶОМ

Ба қарибӣ дар толори варзишии Донишкадаи муҳандисиву сохтмони Намангон мусобиқаи Ҷоми Ӯзбекистон аз рӯйи волейбол дар байни мардон баргузор гардид.

Дар баҳсҳо дастаҳои «Ориент» (Тошканд), «ОКМК» (Олмалиқ), «Миллий гвардия» (Тошканд), «Ёшлик» (Фарғона), «Андиҷон ёшлари» (вилояти Андиҷон), Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, «ҚДПИ» (Қӯқанд), «Бунёдкор» (Намангон) ба ду гурӯҳ тақсим шуда, барои ба даст овардани ғолибият қувваозмоӣ карданд.
Мувофиқи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа ҷойи якумро волейболбозони «Ориент»-и шаҳри Тошканд ба даст оварданд. Ҷойҳои дуввум ва сеюм ба ҷамоаҳои «ОКМК» ва «Миллий гвардия» насиб кард.
– Ба мусобиқаи Ҷоми Ӯзбекистон аз тарафи ҳокимияти вилоят ва Донишкадаи муҳандисиву сохтмон ҳамаҷониба омодагӣ дида шуд. Толори варзиш аз рӯйи андозаҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст. Барои ҳамин ҳам талоши мусобиқа басо шавқовар ва ҷолиби диққат гузашт, – гуфт саркотиби Федератсияи волейболи Ӯзбекистон Данияр Бурнашев.
– Ба ин мусобиқа аъзоёни ҳар як ҷамоа бо омодагии калон омаданд. Вале волейболбозони дастаи мо бо ҳамҷиҳатӣ қувваозмоӣ карданд. Ва мо дар натиҷа ғалабаро ба даст оварда, соҳиби Ҷом гаштем, – гуфт сардори ҷамоаи «Ориент» Максим Ермолов.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии ташкилотчиёни мусобиқа сарафроз гардиданд.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: