ОРЗУ АЙБ НЕСТ

ё худ боздид аз ҳамсояшаҳри хориҷӣ

Қабл аз соҳибистиқлолии Ӯзбекистон, ба хусус аз тошкандиён мешунидем, ки сӯзишвории автомобилии шаҳри Чимкент тозатар аст. Бинобар ин он замон ронандагону мошиндорон ба ин шаҳри ҳамсоя рафта, мошинашонро аз сӯзишвории тоза пур карда меомаданд. Ин гапу овозаҳоро шунида, мо – ҷавонон, агарчи соҳиби мошин набудем, ба фурӯшандагони ҳалолкори он ҷо ҳавасамон меомад, мехостем онҳоро бо чашми худ бубинему ба ин қазия бовар кунем. 
Дар дили банда низ ин хоҳиш пайдо шуда буд. 
Он давр – то охири солҳои 80-уми асри ХХ дар курсҳои олии Вазорати корҳои дохилӣ, ки воқеъ дар шаҳри Тошканд буд, тарҷумонӣ мекардам. Вазифаам масъулиятнок, ки буд, бо хоҳиши худ ба сафари дур баромадан номумкин ва боз барои ин фурсат ҳам набуд. 
Ман баъди адои хидмат ба зодгоҳам – деҳаи Варзик баргашта, бо касби омӯзгорӣ машғул шудам. Ба сабаби зарурат ба кадрҳои афсарӣ баъди истиқлол маро боз ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карданд.
Орзуи сафар ба Чимкент ҳанӯз бо ман буд. Оқибат, баъди ба нафақа баромадан ба он ҳамсояшаҳри акнун кишвари хориҷӣ, ки духтар ва домодамон дар он ҷо муваққатан кору зиндагӣ мекунанд, сафар кардам. Орзуи деринаам ҷомаи амал пӯшид.
Дар даромадгоҳи шаҳри Чимкент ронандаи мо автобусро аз бензин пур кард. Ман аз ӯ пурсидам:
– Пештар бензини ин шаҳрро тоза гуфта, таъриф мекарданд, оё ҳозир ҳам ҳамин тавр аст?
– Ҳа, ҳамин хел, – ҷавоб дод ронанда.
Аз ин мебарояд, ки то ҳол дар ин маҳал бензинфурӯшони ҳалолкор будаанд.
Мошинсавор дар шаҳр гаштем, ягон ронанда аз нотозагиву олудагии сӯзишвории мошинаш шикоят намекард. 
Офарин ба бензинфурӯшони чимкентӣ! 
Асли вожаи «чимкент» ба фарзияи ман «чимканд» асту муҳаққиқон онро калимаи форсӣ-тоҷикӣ маънидод кардаанд, яъне шаҳре аз чим – қабати болои замини сабзпӯш бунёдшуда.
Чимкент дар байни ду дарё – Бодом ва Сайрам ҷойгир буда, таърихи беш аз 2200-сола дорад. Шаҳр, агарчи қадимист, мисли шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ёдгориҳои зиёди меъморӣ надорад. Вале дар он биноҳои куҳнашакли аврупоӣ ҳастанд. Чунончи, филармонияи вилоят дар бинои нимаи дуюми асри XIX ва шифохонаи клиникии вилоят дар госпитали куҳнаи ҳарбӣ ҷой гирифтаанд.
Чимкент шаҳри сераҳолӣ, гуногунмиллат, бузургтарин нуқтаи маданию саноатӣ ва тиҷоратии Қазоқистони ҷанубист. Он ба шаҳрҳои куҳнаю нав ҷудо мешавад. Ҳокимият, идора, созмонҳо дар шаҳри нав ҷойгир шудаанд. Дар шаҳр 19 маркази маданию миллии славян, ӯзбек, тотору бошқирд, немис, курд ва ғайра бо якдилию дӯстона амал мекунанд. Дар маълумоти дастраси мо мавҷудияти марказҳои форсзабонон, инчунин тоҷикон зикр нашуда, ҷумла бо «ғайраҳо» кӯтоҳ гардидааст. Ҳарчанд дар ин шаҳр тоҷикону форсҳо низ ҳастанд.
Мо Чимкентро шаҳри саҳроӣ ва камдарахт гумон мекардем. Ин гумонамон нодуруст баромад. Шаҳр – дорои дарахту растаниҳои зиёд ва хушҳавост. Аз тариқи намоиши телевизион дидем, ки боғи этнографии шаршарадору сердолу дарахти Кенбобои он баҳору тобистон салқину боби истироҳат будааст.
Обу ҳавои Чимкент ба Тошканд монанд аст. Он маркази вилояти Туркистони Қазоқистон низ ҳаст. Қаламрави он аз сарҳади вилояти пойтахти мо – Тошканд то вилояти Ҷезқозғон кашол ёфтааст. Вилоят ғайр аз шаҳру деҳот ҳамвориҳо, биёбону, адирҳо, дарёву, обанборҳо, заминҳои кишту бекорхобида ва чарогоҳҳои бепоён дорад. Туркистон мисли вилоятҳои мо минтақаи асосии пахтакории кишвари ҳамҷавор аст. 
Пеш аз бозгашт тавассути «оинаи нилгун» ду филми бадеии қазоқӣ – «Пирамард» ва «Тумориса»-ро тамошо кардем. Дар филми аввал пирамард молҳояшро ба чарогоҳ бурда, дар туман раҳгум мезанад ва шабу рӯз худу чорпоёнро аз ҳамлаи гургон муҳофизат мекунад. Бо вуҷуди ин, даррандагон тӯда-тӯда ҳуҷум оварда, аспу гӯсфандони ӯро тӯъмаи худ месозанд. Кӯҳансоли нотарсу боирода оқибат танҳо худу умеди ояндааш – барраеро аз онҳо раҳо карда, ба хонааш бармегардад... 
Дар филми дуюм маликаи массагетҳо Тумориса баъди марги шавҳараш ба тахт нишаста, бо сардории писараш – Спарганис бар зидди аҷнабиён мубориза мебарад. Дар ҷанг писараш ҳалок мешавад, вале ӯ ғалаба мекунад...  
Оре, ба орзу айб набудааст, банда ба орзуи худ расида, комёб шудам ва боз дорои таассуроти чуқуру фаромӯшнопазир гардидам. 

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: