ОРЗУИ АЙНИИ БУЗУРГВОР

Ба муносибати 90-солагии адабиётшинос Камол Айнӣ

Устод Айнӣ дар ҳаёти оилавӣ низ ба дигарон намуна гардид ва бо бавоярасонии фарзандони собиру солеҳ ба исбот расонд, оила дар баробари таъминсозии абадият ва давомнокии ҳаёт маскани тарбия ҳисоб меёбад. Дар чӣ гуна инсон шуда ба воя расидани наслҳои оянда таъсири хонадон калон. Фарзандони устод Камол, Лутфия ва Холида, бинобар гирифтани тарбияи дуруст дар ин гуна муҳити оила, ба халқ ва ҷамъият низ муносиб фарзанд гардиданд. Шахсони номдор шудани онҳоро ба маънавияти хонаводагӣ вобаста мешуморанд, ки ин беасос нест.
Навъе огоҳем, Айнӣ ба тарбияи Холида ҷиддан машғул шуда, рисолае бо унвони «Қиз бола ёки Холида» (баъдтар худаш онро ба тоҷикӣ баргардонд) таълиф сохт, ки он дар мактабҳои усули нав ба сифати китоби дарсӣ солҳои дароз мавриди истифода қарор гирифт. Муаллиф тавассути образи Холида ва муҳити хонадон, ки ӯ тарбия гирифтааст, ба исбот расондан хост, хонадон барҳақ корхонаи муқаддасест, ки мӯъҷизот – инсонро «истеҳсол» мекунад, ҷаҳони маънавию ахлоқии тифл, баъде ӯ ба мактаб фаро гирифта шуд, ташаккул меёбад. Айнӣ гӯшрас мекард, дар мусаллаҳшавии насли ҷавон бо асосҳои дониш ва ахлоқ муассисаҳои таълимӣ низ таъсири бузург доранд.
Одатан ба тарбияи фарзанд, ки дар оилаи ҷавон ба дунё омадааст, бештар бобою бибиҳо машғул мешаванд. На ҷавонҳо, балки намояндагони насли калонсол, ки таҷрибаи бои рӯзгор доранд, ба оила роҳбарӣ менамоянд. Вале аснои фарзанддор шудан синни Айнӣ аллакай ба ҷое расида ва мезебид чун падар насиҳат кунад, ба фарзандон роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳад.
Писари ягонаи устод Камолиддин 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфт. Аснои дар дабистони таълими умумӣ таҳсил гирифтанаш ба адабиёт рағбати ҷудогонаи ӯ эҳсос мегашт. Хусусан, адабиёти классикӣ таваҷҷӯҳашро ба худ мекашид. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и падар аз даст намегузошт. Дар арафаи анҷоми таҳсил дар мактаб чун изҳор намуд, ки шарқшинос шуданист, Айнӣ монеъ нагашт. Камол ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (он вақт Ленинград) ҳуҷҷат супурд. Писари ягонаи нависандаи маъруф будани худро дар донишгоҳ ошкор наменамуд. Нозпарвард, ки калон нашуда буд, ба азобу тангдастиҳои донишҷӯӣ бардошт мекард. Фориғ аз таҳсил соате вақти худро беҳуда нагузаронида, ба китобхона мешитофт, аз алифбои арабиасос воқиф буд, маъхазҳоро варақ зада, чизҳои барояш лозимиро пайдо менамуд. Устодони донишгоҳро рағбати ба омӯзишу пажӯҳиш доштаи Камол қаноатманд месохт ва мутмаин мегардонд аз вай адабиётшиноси хуб мебарояд. Камол соли 1949 донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Аспирантураи Институти шарқшиносии АУ Иттиҳоди Шӯравӣ низ паси сар гашт. Камол Айнӣ доири эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Монографияи илмии вай «Бадриддин Ҳилолӣ» соли 1957 аз чоп баромад.
Ҳилолӣ, ки чун булбули боғи адабиёти тоҷик ном баровардааст, таъкид месохт: «Ман подшоҳи ишқам, ин аст кишвари ман». Камол Айнӣ дар шарҳи ғазалиёти шӯрангези Ҳилолӣ менависад: «Мазмуни асосии ғазалҳои Ҳилолӣ ишқ аст. Сабаби асосии ин дар он аст, ки мазмуни назми лирикии замони Ҳилолӣ ба қонунҳои муайяни адабӣ, ки онҳо дар давоми чанд асри гузаштаи тараққиёти ҳаёти маданӣ кор карда шуда буданд, итоат мекард». Адабиётшинос тавзеҳ медиҳад, таҳти калимаи «ишқ», ки дар луғати Ҳилолӣ бисёр дучор меояд, маънӣ ва ҳадафҳои иҷтимоӣ низ ниҳон мебошанд.
Аз соли 1951 сар карда, мақолаҳои илмӣ-пажӯҳишии Камол Айнӣ, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва маҷмӯаҳои илмии фарҳангистони улум ба нашр расиданд, эътибори алоқамандони илми адабиётшиносро ба худ мекашанд. Таълифоти ӯ «Китоби нав дар адабиётшиносии тоҷик», «Бадриддин Ҳилолӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ», «Беҳзод – суратгари бузурги тоҷик», «Тазкираи Ҳасани Нисорӣ ва нусхаҳои он», «Қасида дар осори Рӯдакӣ» ва ғайра аз ҷониби шарқшиносони маъруф ва аҳли илму адаб баҳои баланд гирифтанд.
Камол Айнӣ дар ба нашр омоданамоии осори классикони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ низ хидмати босазо намуд. Таҳти эҳтимоми ӯ «Гулчине аз девони ашъор» ва «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Осори мунтахаб» (1958) ва «Ғазалиёт»-и Ҳилолӣ (1970) ҷомаи табъ ба бар карданд. Саҳми муносиби Камол Айнӣ дар мураттаб сохтан ва дастраси умум гардонидани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, асарҳои ҷудогонаи Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём ва куллиёти устод Айнӣ қобили қайд аст.
Камол Айнӣ байни ҳамзабонҳоямон дар Эрону Афғонистон низ шуҳрат дошт. Хусусан, соли 1969 бо кӯшиши ӯ ба нашр омодагардии матни интиқодии «Ҳумо ва Ҳумоюн»-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, ки аз достонсароҳои форсигӯст, баҳои сазовори худ ёфт. Соли 1965 дар Маскав мусаввараи «Ҷомӣ дар миниатюраҳои асри XVI» аз чоп баромад, ки яке аз мураттибони он Камол Айнӣ буд.
Камол яке аз шохаҳои пурбори эҷодии Айнии бузургвор – адабиётшиносиро ихтиёр сохта, дар таъмини бардавомии умри маънавии ӯ чун фарзанди сазовор ҳисса гузошт.
Имсол 140-солагии бузургдошти Садриддин Айниро қайд карда бошем, ҳоло ба рӯзи таваллуди парвардаи хонадони арҷманди ӯ Камол Айнӣ 90 сол пур гашт. Навъе мебинем, устод Айнӣ дар панҷоҳсолагӣ соҳиби писар шуда ва Камол ном гузошта, камолоти ҳарҷонибаи ӯро орзу карда буд. Орзуи бузургвор, метавон гуфт, ба амал баромад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: