ОРЗУИ ЛЮДМИЛА

ИШТИРОК КАРДАН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН АСТ

Дар сайти FIFA.com бахшида ба футболбози дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Людмила Карачик мақолае ба забони немисӣ чоп шудааст. 

Хабарнигори сайти мазкур бо ҳуҷумгари ботаҷрибаи Ӯзбекистон суҳбат карда, навиштааст: «Агар дар футболи занона мукофоте ба унвони «Зани дорои иродаи оҳанин» мебуд, аввалин номзади он Людмила Карачик мегардид. Футболбози 25 сола аз соли 2018-ум аз замони гузаштанаш ба дастаи «Бунёдкор» дар ҳамаи бозиҳо иштирок кардааст. Ӯ дар 68 бозӣ 77 бор гол задааст. Мавсими гузаштаи футболро бо 42 гол ва ҳамчун нишонзани беҳтарини чемпионати Ӯзбекистон анҷом дод». 
Тавре ки дар мақола зикр мегардад, хеле бад аст, ки ӯ дар бозии ҷоми ҷомҳои Ӯзбекистон бар муқобили дастаи «Севинч»-и Қаршӣ ҷароҳат бардошт. Бо вуҷуди ин бозиро давом дода, тӯби ғалабаро ҳам ба дарвозаи рақиб роҳӣ намуд. 
Нашрияи электронӣ менависад, ки Людмила Карачик аз кӯдакӣ футболро дӯст медошт, аз субҳ то шом дар ҳавлӣ бо писарбачагон тӯббозӣ мекард. Ҳангоме ки волидайн ҷеғ мезаданд, худро ба нофаҳмӣ меандохт ва бозиро идома медод. «Ман футболро бағоят меписандидам, ғайр аз тӯб ба ягон чиз меҳре надоштам», мегӯяд вай бо табассум. Ҳар як кӯдак ба касе тақлид мекунад. Людмила Карачик муқаллиди Криштиану Роналду мебошад. 
«— Аз бачагӣ бозии Роналдуро аз тариқи телевизион тамошо мекунам, – мегӯяд вай. – Ман то ҳол аз он ба ҳайрат мебошам, ки вай дар майдон бо техникаи худ, суръати бозиаш, пеш аз ҳама, бо қобилияти хеш чӣ гуна ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар ҳар кадом машқ бештар аз дигарон заҳмат мекашад. Ба шарофати меҳнати муттасил дар футбол ба бисёр комёбиҳо муваффақ гардидааст. Ӯ барои ман тӯли солҳои зиёд манбаи илҳому ифтихор мебошад». 
Маҳорати Людмила Карачик дар футбол ҳанӯз ҳангоми бачагиаш зоҳир гардид. Ҳангоме ки 15 сола буд, бо дастаи «Қушбегӣ» қарордод имзо кард. Соле баъд мураббии дастаи Ӯзбекистон Элмира Ғуломова ӯро ба дастаи мунтахаби бозингарони то 19-сола даъват намуд. Бо иштирок дар мусобиқаҳои байналхалқӣ дар ҳаёти Людмила Карачик даврони нав оғоз гардид. 
Ҳангоми бозӣ дар дастаи ҷавонони Ӯзбекистон Людмила Карачик зуд муваффақ шуд ва пас аз соле ба узвияти дастаи калонсолон қабул гардид. Дар 28 мусобиқаи байналхалқӣ 21 гол зад. Ӯ дар бозии саракунии Ҷоми Осиё AFC-2018  се ва дар мусобиқаҳои саракунии олимпӣ ду гол задааст. Мутаассифона, он замон Ӯзбекистон дар ҳар ду мусобиқа муваффақ нашуд, вале Людмила Карачик ба фардо эътимод дорад. 
Қарор дар бораи то ба 32 иштирокдор зиёд кардани миқдори дастаҳои FIFA дар чемпионати ояндаи ҷаҳон оид ба футболи байни занон, ки дар Австралия ва Зеландияи Нав баргузор мегардад, ба Людмила Карачик умед мебахшад.
Бинобар суханони ӯ тамоми аъзои даста орзу доранд, ки дар чемпионати ҷаҳон иштирок кунанд ва барои гузаштан аз мусобиқаи саракунӣ маҳорати худро нишон диҳанд, то ки чӣ гуна парафшон гардидани парчами Ӯзбекистонро дар чемпионати ҷаҳони футболи байни занон бо чашми худ бубинанд. 

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: