ОРЗУИ ЗАНОНИ СИРДАРЁӢ ҶОМАИ АМАЛ ПӮШИД

Дар натиҷаи обхезие, ки бинобар рахнашавии обанбори “Сардоба” дар вилояти Сирдарё рух дод, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Дар натиҷаи обхезие, ки бинобар рахнашавии обанбори “Сардоба” дар вилояти Сирдарё рух дод, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ зарари ҷиддӣ диданд. Дар раванди рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар баробари сохтмони манзилҳои замонавӣ ва ободонии ноҳияҳои зарардида ба шуғли аҳолии маҳаллӣ низ диққати махсус дода мешавад.
Дар маҳаллаҳои навбунёд иқтидорҳои бузурги замонавии истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, ҶММ «Сардоба Оқсарой Текстил», ки ба истеҳсоли либоси трикотажӣ тахассус дорад, дар маҳаллаи нави истиқоматии «Дӯстлик»-и ноҳияи Сардоба созмон дода шуд. Чунин саъю кӯшишҳо дар навбати худ ба таъмини шуғли аҳолӣ, хусусан занони сокини ин маҳалла ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири миллӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудаанд.
«Сардоба Оқсарой Текстил» корхонаи таркиби “Oqsaroygroup” аст. Гурӯҳи истеҳсолӣ дар шакли кластери «Oqsaroygroup» яке аз ширкатҳои пешрафтаи мамлакати мо ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо корхонаҳои нассоҷии он дар саросари кишвар кор мекунанд. Ширкат марҳилаҳои аз парвариши пахта то ба маҳсулоти тайёр табдил додани онро ба низоми ягона муттаҳид кардааст.
Ширкат дар вилояти Қашқадарё пахта рӯёнда, дар ин ҷо онро аз нав кор карда, калоба истеҳсол менамояд, ки онро дар Тошканд ранг карда, аз он дар дигар соҳаҳо матоъ истеҳсол мекунанд.
— Ҳоло дар корхонаҳои мо 3 ҳазор нафар кор мекунанд, — мегӯяд муассиси гурӯҳи Оқсарой Даврон Ваҳобов. — Мо ин лоиҳаро дар тӯли 5 моҳ барои кӯмак ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Сирдарё ва саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоии минтақа оғоз кардем. Сокинони Сирдарё, алалхусус сокинони Сардоба ба мо дар сохтмон кӯмак карданд.
Дар айни замон, корхона аллакай қисман ба кор оғоз карда, 500 ҷои корӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамин ки истеҳсолот пурра ба кор дароварда мешавад, дар ин ҷо 650 ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешаванд.
— Мо гумон намекардем, ки чунин як корхонаи бузурги саноатӣ дар маҳалла сохта мешавад, — мегӯяд Гулнора Умирова аз маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳияи Сардоба. — Ин алалхусус барои занони ба мо монанд як рӯйдоди хурсандибахш буд. Ман худам коллеҷи касбии Пахтаободро хатм кардам, аммо ҷои кор наёфта, ба тарбияи фарзанд банд будам. Бо ифтитоҳи ин корхона ба кор омадам. Ҳоло ман аз устоҳои баландихтисос истифодаи мошинҳои замонавии дӯзандагӣ ва дӯхтани маҳсулотро меомӯзам.
Иқтидори «Сардоба Оқсарой Текстил» имкон медиҳад, ки соле ба маблағи 3,5 миллион доллари Амрико матоъ ва либосҳои тайёр истеҳсол карда шавад. Имрӯз, 100 фоизи маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои Русия ва Украина интиқол дода мешавад.
Ба корхона мошинҳои замонавии дӯзандагӣ ва системаҳои хунуккунандаи каммасрафи истеҳсоли Туркия васл карда шудааст. Дар бино то ки он дар зимистон гарм ва дар тобистон хунук нигоҳ дошта шавад, тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
— Мо ба роҳбари давлатамон ва маъмурияти корхона барои шароити фароҳам овардашуда ва имконияти кор бо технологияи муосир изҳори сипос менамоем, – мегӯяд дӯзандаи корхона Юлдуз Каримова. — Музди меҳнат вобаста аз ҳаҷми кор муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, мо аниқ медонем, ки дар як рӯз чӣ қадар даромад мегирем. Ин шаффофият масъулият ва ҳавасмандиро ба кор баланд мебардорад.
Шахсони масъул қайд карданд, ки музди меҳнати коргарон вобаста ба имконият ва қобилияти кормандон аз 1 то 3 миллионро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ҳудуди корхона ошхонаи қулай ва зебо мавҷуд аст. Дар айни замон дар доираи лоиҳа кӯдакистон барои 250 ҷой барои фарзандони кормандон сохта мешавад.
Хулоса, сокинони минтақаи Сардоба дар натиҷаи корҳое, ки барои дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ, баланд бардоштани шуғл ва некӯаҳволии он амалӣ шудаанд, ба оянда бо боварӣ менигаранд.

Ҷобир ХӮҶАҚУЛОВ,
мухбири АИ «Дунё».

ТОШКАНД – СИРДАРЁ – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: