ОРЗУМАНД БА МУРОДИ НЕК МЕРАСАД

Аз хидмат омадани тағои хурдиам Ғаниҷон (шодравон) чандон нағз дар хотирам нест, чунки он айём 5 ё 6-сола будам.

Аз хидмат омадани тағои хурдиам Ғаниҷон (шодравон) чандон нағз дар хотирам нест, чунки он айём 5 ё 6-сола будам. Азбаски модаркалонам танҳо буд, тағоям бо таъхир ба аскарӣ рафт. Бо бозгашт аз хидмати ҳарбӣ дар хонаашон мардуми дидорбин меафзуд.
Дар миёнаҷойи ҳавлӣ тағои аскарам сари ду по нишаста, каминаро оғӯшкунон бӯса ва ҳолпурсӣ мекард.
Ман ба чеҳраи вай, гоҳ ба фуражкаю либоси расмии ҳарбии зебандааш нигоҳ карда, аз шарм ба пурсишҳояш «ҳа» ё «не» гӯён ҷавоб медодам.
Лаҳзаҳои дигари пешвозгирию аҳволпурсиҳои тағоям дар ёдам намондааст.
Хидмати ҳарбиро хуб адо карда омадани ҳамсояамон дар хотирам бештар аст. Фасли сармо торафт наздик мешуд. Ҳаво андак хунук буд, рӯз ба бегоҳ мерасид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман, ҳамсояҳоямон Муҳиддин ва додари он, ки хонандагони синни хурди мактабӣ будем, бозию даводавиро қатъ намекардем. Дар роҳи фароху мумфарши деҳа велосипедронӣ мекардем. Ногоҳ ғур-ғури мотор баланд шуду таксие омада, дар рӯ ба рӯи дарвозаи Муҳиддинино қарор гирифт. Муҳиддин – «аскар, аскар!» гӯён фарёд кард.
Аскари дар мошинбуда бародари ӯ Абдуназар буд. Хушхабар болу пар дорад. Гарчи атроф дар иҳотаи торикӣ буд, калону хурди зиёд ба дидану ҳолпурсии аскар омада, ҷамъ шуданд. Хонаи дуюм пур аз зану духтарон шуд.
Дар хонаи мардон Абдуназари аскарро чун меҳмони олиқадр ба пешгоҳ шинондем. 
Суҳбати гарму ҷӯши калонсолон бо аскар сар шуд. Ман дар қатори бачагон наздиктар ба аскар нишаста будам. Аз рӯйи сафед, мӯйсари калта гирифташуда, телпаки ситорадор, гиребони костюмаш бо аломати танкчаҳо ороёфта, нишонҳои ҳарбии сари сандуқи дил, кулли либоси расмии ҳарбии Абдуназарако чашм намекандам. Равшан шуд, ки он дар қисми танкчиён хидматашро адо намудааст.
Ҳама ба дидорбиниву гуфтугӯ бо аскар – муштоқ. Муҳиддин бошад, қатъан дар олами дигар буд. Вай ба либоси ғафси ҳарбии дар девор овезон ишоракунон пурсид:
– Ин чӣ?
– Он бушлат, – ҷавоб дод Абдуназар.
– Бушлат, – такрор кард Муҳиддин.
Пас он аз ҷомадони дар тоқчабудаи аскарӣ китоби «Ҳикояҳо»-и дастхӯрдаю кӯҳнаро гирифта, боз суҳбати калонҳоро бурида, савол дод:
– Ако, шумо дар Москва ҳам китоби тоҷикӣ хондед?
– Ҳа, – тасдиқ намуд Абдуназар.
– Барои чӣ русӣ нахондед?
– Русӣ ҳам хондам. Барои он ки забони модариамро фаромӯш накунам, китобҳои тоҷикӣ ҳам хондам.
Гарчи ҷавоби ӯ ҳазломез буд, он Муҳиддину ҳамаи моро ҳайрон кард, ки «ба ҳар гуна китобхонӣ вақти аскар мерасидааст-дия».
Суҳбати аҳли хонадону меҳмонон бо аскари хушсухан давом мекард.
Аз он дам аскар ҳамчун ҷавони покиза, чолок, китобхон, доно, боэҳтиром, ба халқу Ватан содиқ дар ёди мо, насли наврас нақш баст.
Орзуманд ба ҳар муроди нек мерасад. Мо, бачагону ҷавонони  он давр тағоямон Ғаниҷон, ҳамсояамон Абдуназар ва монанди онҳоро дидаву ҳаваскунон либоси аскарӣ ба бар намуда, ҳамчунин кишвари паҳновару маҳбубамонро таҳти ҳимоя гирифтем.
Ин анъанаи намунавии муҳофизони Ватан давом дорад.

Ш.МИРЗОЕВ,
майори бознишаста.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: