ОРЗУҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД

Ҳамҷиҳатии аҳли адаб дар миқёси ҷаҳон хеле муҳим, зеро дар якдилӣ ва қаробати халқ ва миллатҳои гуногун адабиёт нақши муҳим мебозад.

Бо ифодаи дигар, дар ҳалли муаммоҳои умумиинсонӣ истифодаи сухани рост ва дурусти эҷодкор аҳамияти муҳимро молик. Назар ба ақидаи Президенти мо, дар замони кунунии ноорому муташанниҷ беш аз пеш баланд бардоштани нақш ва масъулияти сухани бадеӣ бо мақсади муттаҳид кардани тамоми мардуми некандеш барои якҷоя ҳаллу фасл намудани мушкилоти бағоят мураккаби имрӯза, паси сар сохтани таҳдид ва хурӯҷҳои ҷаҳонӣ, ки алъон дар назди инсоният истодаанд, дар пояи ғояҳои олии инсонпарварӣ тарбия кардани ҷавонон, ки қариб сеяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, тақозои ҳаёт аст.
Чанде пеш бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таҳти ҳамдастӣ бо Вазорати таълими олӣ ва миёнаи  махсус, АУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи омӯхтан ва дар хориҷа тарғибу ташвиқ кардани адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек» баргузор гардид ва дар роҳи ҳалли мушкилоти долузарби эҷодӣ, истифода аз имкониятҳои интернет ва технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ, таҳкими равобит ва ҳамкорӣ байни иттиҳодияҳои эҷодӣ, дар баробари ҳамин наздикгардонии тафаккури адабию эстетикӣ чун марҳам истифодабарии каломи бадеӣ барои табобати ҷароҳатҳои умумиинсонӣ, гуфтан мумкин, қадами муҳим гардид.
Адабиёти ӯзбек яке аз шохаҳои пурбори адабиёти ҷаҳонист. Тарҷума, чоп ва тарғиби он дар миқёси ҷаҳонӣ аҳамияти бузург касб намуда ва дар Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон» аз 5 апрели соли 2018 масъалаи ба ӯзбекӣ тарҷума ва чоп намудани беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонӣ, ба забонҳои хориҷӣ баргардондани беҳтарин намунаҳои адабиёти классикӣ ва замонавӣ ва дар хориҷ тарғиб намудани онҳо мавриди эътибори алоҳида қарор гирифтааст.
Аз ҳамин қарори таърихӣ баромада омада, дар ҳузури Иттифоқи нависандагон комиссияи махсусе таъсис ёфт, ки он барои ба забонҳои хориҷӣ тарҷума намудани беҳтарин намунаҳои адабиёти миллиро аниқ мегардонад. Бо истифода аз маблағҳои Бунёди ҷамоатии «Ижод» корҳо дар ин самт аллакай оғоз ёфтаанд. Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид дар анҷумани байналхалқие, ки зикр гашт, ба сухан баромада, ба иштирокдорон аз хориҷ гуфт, маҳз дар ҳолати ҳамкории мустаҳками эҷодӣ бо шумо ва аҳли адаб марраҳоеро, ки чашмдорем, забт карданамон мумкин.
Ба таъкиди С. Саид, адабиёт дар шакли миллӣ намоён шуда ва рӯҳи миллиро ифода менамояд. Баробари ҳамин, дар асарҳое, ки воқеан адабианд, ғояҳои умумиинсонӣ таҷассум меёбанд. Намунаи ҳақиқии эҷод, сарфи назар аз он ки адиб намояндаи кадом миллат аст, дар қалби ҳар инсон акси садо медиҳад. Эҳсоси ҳаракат сӯи орзу ва идеалҳои баландро тавлид менамояд. Ана аз ҳамин ҷиҳат, намунаҳои нодири санъати сухан аҳамияти умумиинсониро молик мебошанд.
Нахустин тарҷумаҳо аз намунаҳои адабиёти ӯзбек ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ бо номи Алишер Навоӣ вобаста буда, «Лисон-ут-тайр»-и ӯ аз ҷониби Е. Фитсҷералд ба англисӣ баргардонида ва соли 1899 дар шаҳри Бостони ИМА ба нашр расидааст. Ба англисӣ тарҷума шудани «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, ки характери автобиографӣ дорад, дар тарғиби васеи адабиёти ӯзбек дар доираи байналхалқӣ нақши равшан дорад. Нахустин тарҷумаи ин асари бузурги мемуариро ба англисӣ соли 1826 шарқшиносони англис Ҷ. Лейден ва В. Эрксинҳо ба амал бароварда буданд. Баъд он чанд маротиба аз нав тарҷума ва дар давлатҳои гуногуни дунё ба чоп  расонида шуд.
Агар гӯем, ки ба адабиёти ӯзбек таваҷҷӯҳи аз ҳама зиёд дар Тоҷикистон зоҳир карда мешавад, муболиға нахоҳад буд. Хусусан, Алишери Навоӣ, ки бо форсӣ-тоҷикӣ низ осори гаронбаҳо ба мерос гузошта, барои тоҷикон бисёр азиз аст ва барои омӯзиши мероси адабии ӯ дар китобҳои таълимии мактабӣ соатҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Ҳанӯз соли 1926 устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» аз шеърҳои тоҷикии Навоӣ намунаҳо аварда, доири ҳаёт ва арзиши баланди эҷодии ӯ маълумот дода буд. Соли 1940 вай «Хамса»-и Навоиро дар шакли мухтасар бо шарҳ ва эзоҳи калимаҳои душвор бо ҳуруфоти лотинӣ ба дасти чоп супурд.
Соли 1948 ба табъ расидани монографияи «Алишер Навоӣ» бо эҳтимоми устод Айнӣ туҳфаи хуби халқи тоҷик ба 500-солагии Мир Алишер Навоӣ гардид. Абдусалом Деҳотӣ ва Шарифҷон Ҳусейнзода доири дӯстӣ ва ҳамкориҳои эҷодии Ҷомию Навоӣ, достони «Фарҳод ва Ширин», қасидаи «Туҳфат-ул-афкор»-и Навоӣ мақолаҳои ҷолиби диққат эълон намуданд.
Муҳиддин Аминзода «Фарҳод ва Ширин»-ро ба тоҷикӣ гардонд. Мақолаи академик Абдулғанӣ Мирзоев «Образи Алишер Навоӣ дар «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ» таваҷҷӯҳи мухлисон ва алоқамандони адабиёти халқи бародарро ба худ кашид.
Ба таъкиди доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Абдуқодиров, миёнаи солҳои шастуми қарни сипаришуда дар Тоҷикистон навоишиносӣ ба тарзи хос ташаккул ёфт. Камина нимаи дуввуми солҳои ҳафтодум дар дорулфунуни Хуҷанд таҳсил карда ва рӯичопбинии  рисолаҳои зиёди илмӣ доири эҷодиёти пурбаракоти Навоиро мушоҳида кардаам. Хусусан, яке аз устодони донишгоҳи мо, доктори илмҳои филологӣ, профессор Эгамбердӣ Шодиев навоишиносии ӯзбекро дар Хуҷанд ба зинаҳои баланд баровард. Вай зуд-зуд ба Тошканд меомад, аҳли илм ва адаби ӯзбекро ба Хуҷанд мехонд, бо кӯшиши ӯ ташкил карда шудани вохӯриҳо бо адибону адабиётшиноси ӯзбек ба мо, донишҷӯёни онвақта, як олам таассурот мебахшид. Э. Шодиев ҷустуҷуйҳои илмиро доири фаъолияти Навоӣ муттасил ва самаранок давом дода, 10 китоб ва бештар аз 200 мақолаи илмӣ эълон намуд.
Насли миёнсол ва калонсол гувоҳ, ки чӣ тавр беҳтарин асарҳои назмию насрии адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон тарҷума ва аз ҷониби дӯстдорони адабиёт пазируфта мешуданд. Худи ман ҳанӯз солҳои мактабхонию донишҷӯӣ «Афсонаҳо аз гузаштаҳо» , «Муҳаббат»-и Абдулло Қаҳҳор, «Кулоҳчаи сеҳрнок»-и Худойбердӣ Тӯхтабоев, «Ёқут»-и  Зайниддин Дӯстматов, «Фарғона то субҳдам»-и Мирзокалон Исмоилӣ ва ҳоказоҳоро ба тоҷикӣ хондаам. Романҳои Абдулло Қодирӣ «Каждум аз меҳроб» ва «Рӯзгори мозӣ» дар Душанбе ба табъ расиданд. Дар баргардониш аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ Деҳотию Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Кибриё Қаҳҳорова, Ҷонибек Қувноқ, Саттор Турсун ва дигарон саҳми муносиб гузоштанд. Айни замон асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни С. Айнӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Ф. Ниёзӣ, Ю. Акобиров ба ӯзбекӣ баргардонида ва дар идораҳои табъу нашри Тошканд аз чоп баромаданд.
Вақтҳои охир аз нав барқарор шудани анъанаи тарҷума ва таблиғи адабиётҳои якдигар аз ҷониби аҳли қалами ду кишвари дӯст, албатта, воқеаи хурсандибахш.
Ба қавли Президентамон, то даме, ки адабиёт, санъат ва маданиятҳо бақо доранд, миллатҳо, халқҳо, умуман тамоми инсоният пойдор хоҳад буд. Орзуи мо оиди мустаҳкамшавии робитаи адабиётҳои ӯзбек ва тоҷик, инак, ба амал мебарояд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: