ОРЗУҲО ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

Ноҳияи Деҳқонобод яке аз мавзеъҳои каноравии вилояти Қашқадарё ба шумор меравад, ки аз маркази маъмурии он – шаҳри Қаршӣ фарсахҳо дур ҷой гирифтааст.

Солҳои зиёд ин ноҳия дар доми фаромӯшӣ афтода, бошандагонаш мудом дар ҳалли мушкилоти рӯзгори худ тани танҳо панҷа нарм мекарданд. Бо баробари роҳандозӣ шудани тарҳи нави ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар саросари Ӯзбекистони Нав таваҷҷуҳи раҳбарияти давлат ва сарони воломақоми вилоят ба ин ноҳия низ афзуд.
Барои обод кардани рӯзгори мардуми ин маҳал тарҳҳои алоҳидае рӯи кор омаданд, ки гуфта мешавад, дар ин авохир симои ноҳияро куллан тағйир хоҳанд дод. Солиёни зиёд аҳолии ин ноҳия орзу дошт, ки бо оби ошомиданӣ таъмин бошад. Ҳалли ин мушкил дар тасаввури мардуми таҳҷоӣ намеғунҷид. Барои беҳбуд бахшидани шароити зисти аҳолӣ, хоса таъмин намудани онҳо бо оби тоза дар сатҳи ҷумҳурӣ тасмим гирифта шуд ва пас аз чанд соли меҳнат билохира ин манбаи ҳаёт тавассути лӯлаҳои ба фишори баланд тобовар ба маркази ноҳия расид. Гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби ободкориҳои кишвар ҳукумат ба ноҳияи дурдасти Деҳқонобод ва ҳалли муаммоҳои он ҷиддан иқдом  намудааст. Ҳоло иншооте сохтаву оби дарёи Оқсувро, ки дар 100 километрии ин ноҳия воқеъ аст ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ онро ба нӯшидан мувофиқ донистаанд, ба ноҳия оварда шуд. Беш аз 75 километр хандақ кандаву қубурҳоро ба ҳам васл намуда, оби Оқсувро ба марказ расониданд. Лоиҳа «Оқсув – Деҳқонобод» ном гирифта, дар ин авохир пурра татбиқ хоҳад гашт. 
Ҳоло дар маҳалли Қорашинаи ноҳия, ки аз мавзеъҳои ба марказ наздик маҳсуб меёбад, корҳои васлнамоии лӯлаҳо ва таҷҳизоти ҳисобгири об ба хонадони аҳолӣ идома доранд. Назар ба маълумоти мутахассисон, дар сурати пурра ба истифода дода шудани лоиҳаи мазкур 116 мавзеи аҳолинишин бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд гашт. Ин 75 дарсади ҷамъи аҳолии ноҳияро ташкил мекунад.
Айни ҳол дар маҳаллаҳои Бӯстон, Ӯзбекистон, Нодира, Истиқлол, Дӯстлик, Ойдин йӯл, Чанбил ба дарозии 97 километр хандақ кандаву лӯлаҳои плостикӣ хобонида шуданд ва дар зудтарин фурсат бошандагони маҳаллаҳои мазкур аз ин манбаи ҳаёт истифода хоҳанд кард.
Дар нақша аст, ки то охири соли равон боз ба 26 маҳаллаи ноҳия лӯлаи об гузаронида шавад. Ин корҳо аз ҷониби кормандони муассисаи масъулияташ маҳдуди «Яшил диёр» ба сомон расонида мешаванд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: