Аз овони хурдсолӣ орзу доштам, ки пас аз хатми мактаби миёна ва таҳсил дар коллеҷ ба ягон донишгоҳ дохил гардида, сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардам.
Ба ин хотир баҳори соли равон ман коллеҷи агросаноат ва касбу ҳунари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёро хатм намуда, бо як ҷаҳон орзуву умеди бепоён ҳуҷҷатҳоямро ба се донишгоҳ, яъне шуъбаи филологияи тоҷики донишгоҳҳои давлатии Бухоро, Фарғона ва Тирмиз супоридам. Имсол бо ташаббуси Президент барои довталабон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамчунон дар ҷараёни имтиҳонсупорӣ ба шаффофию адолат риоя шуд. Ин ба довталабоне, ки дониши кофӣ доранду дар пайи ҷустуҷӯи илму донишанд, дари имкониятҳоро боз намуд.
Дар урфият «нияти нек – нисфи давлат» мегӯянд. Хеле хурсандам аз он ки дар қатори дигар ҳамсолонам донишҷӯи шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро (ин шуъба соли ҷорӣ барқарор шудааст) гардидам.
Бояд гуфт, шаҳри Бухоро, ки яке аз шаҳрҳои куҳанбунёд мебошад ва дар ин ҷо азизу авлиёи бузург хок гардидаанд, дар андак муддат ба ман таассуроти зиёде гузошт. Махсусан, дидан аз мадрасаи Кӯкалдош, Лаби ҳавзи Девонбегӣ, мадрасаи Улуғбек, мақбараи Сомониён ва Арки Бухоро, ки хеле ободу зебо гардида, ҷойи дӯстдоштаи мардум ва сайёҳони дунё гардидаанд, ба ман хеле писанд афтод. Чунки қабл аз ин ман таърифу тавсифи ин ҷойҳоро аз китобҳои илмиву бадеӣ хонда будаму аз телевизион тамошо менамудам. Вақте бо чашми худ дидам, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихорам боз ҳам афзунтар гардид.
Шодам, ки ман ҳам донишҷӯи донишгоҳи ҳамин диёри зебоманзар ҳастам. Аз он ифтихор намудам, ки сайёҳон ҷойҳои муқаддаси кишвари моро бо эҳтироми баланд зиёрат менамоянд.
Дарҳақиқат, кишвари мо бо ёдгориҳои таърихии худ маълуму машҳур. Ифтихорам аз он зиёд гардид, ки аз ниёгонамон мероси гаронбаҳое ва ҷавоҳироти нодире боқӣ мондааст, ки, бешубҳа, имрӯзҳо ҷаҳониёнро дар ҳайрат мегузорад.
Пас аз зиёрати ин масканҳои таърихӣ назди худ қарор додам, ки баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани кишвар ҳиссагузор бошам. Пас аз хатми таҳсил ният дорам, ки дар таълиму тарбияи насли наврас бо азму кӯшиши бепоён саҳм бигирам.
Пайғом
МУҲАММАДҶОНОВ,
донишҷӯи соли аввали шуъбаи филологияи тоҷики ДДБ.