ОРЗУҲОЯМРО ФАРЗАНДОН АМАЛӢ КАРДАНД

Ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандони ӯ рӯҳан ва ҷисман солим ба воя расанд.

Ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандони ӯ рӯҳан ва ҷисман солим ба воя расанд. 
4 нафар писарони оилаи Ҳоҷиматов, ки дар маҳаллаи Себзори ноҳияи Чуст умр ба сар мебаранд, муносиби падару модар шуда ба воя расиданд. Сарвари хонадон Ғаниҷон ва модари фарзандон, сарвари шуъбаи ноҳиявии Ҷамъияти ҳилоли Аҳмар Нодира барои таълиму тарбияи фарзандон ҳамаи шароитро фароҳам оварданд.
– Орзуҳоямро фарзандонам амалӣ карданд, – мегӯяд модари фарзандон. – Вақти хатми мактаби миёна ба волидон гуфтам, ки дар соҳаи ҳарбӣ хонданиам, онҳо монеъ шуданд. Аз ин сабаб ният карда будам, ки фарзандонам ҳарбӣ шаванд.
Умри инсон тезгузар аст. Орзуҳои деринаам ҷомаи амал пӯшид. Ҳоло фарзандонам барои халқ ва Ватан хидмат мекунанд. Ба осудагии ҳаётамон ҳиссаашонро мегузоранд. Шукргузорам, ки орзуҳоям армон нашуд. Исботи амалии онро дар фаъолияти фарзандонам мебинам. Раҳматнома ва мактубҳои миннатдориеро, ки аз қисмҳои ҳарбӣ меоянд, хонда, шукр мекунам. 
Писари калониам Бахтиёр – подполковник. Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Фарғона хидмат мекунад. Отабек бошад, дар Қашқадарё  — майор. Ҷӯрабек дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ кор мекунад. Писари хурдиам Ҷасурбек дар фурудгоҳи Намангон хидмат мекунад. Ӯ низ аз пайи бародаронаш рафт.
Рушди мамлакатамон аз фаровону осуда умргузаронии аҳолӣ дарак медиҳад. То чунин писарони далеру мард ҳастанд, дар кишварамон осоиштагӣ ҳукмфармост.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: