– мегӯяд барандаи мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» аз ноҳияи Косонсой Муҳаммадсиддиқ Абдумуталов
Аз синни бачагӣ аз пайи падар рафта, касби ӯро интихоб кардан ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо касби падарро интихоб кардан ба ҳама ҷавонон ҳам насиб намекунад. Варзиш аз ҷумлаи касбҳост, аз ҳар ҷавон на фақат хоҳиш, истеъдод, балки ҷустиву чолокӣ, иродаи қатъӣ ва далериро ҳам металабад.
Дар ин ҷода ба Муҳаммадсиддиқ Абдумуталов бахт омад кард. Ҳамаи талаботе, ки аз варзишгар талаб карда мешавад, дар вай намоён буд.
Падараш Қаҳрамонҷон Аҳмедов мураббии каратэ буд, вай низ аз пайи падар рафта хато накард. Дар синфи 3-юми мактаби таълими ҳамагонии рақами 10-уми ноҳияи Косонсой таҳсил мегирифт, дар машғулиятҳои каратэи мактаби бачагон ва наврасони ноҳия фаъол иштирок карда, маҳораташро афзун мекард.
Вақте ки дар литсейи академии 2-юми тобеи Донишкадаи муҳандисиву технологии Намангон таҳсил мегирифт, баробари омӯзиши фанҳои таълимӣ, ҳамчун узви ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи шотакан каратэ-до, дар мусобиқаҳои гуногуни байналхалқӣ ва чемпионати ҷаҳон бомуваффақият иштирок карда, медалҳои тилло ва нуқраро ба даст меовард.
Соли 2015 баъди хатми литсейи академӣ фаъолияти меҳнатиашро дар клуби шотакан каратэ-дои ноҳияи Косонсой ҳамчун мураббӣ давом дода, ба шогирдон сирру асрори шотакан каратэ-доро омӯзонд. Имрӯзҳо аз шогирдонаш Абдуҷаббор Ҳакимов дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи шотакан каратэ-до, ки дар Ҷопон ва Полша баргузор гардид, муваффақиятнок иштирок карда медали тиллоро ба даст овард. Боз як шогирдаш Ҷавоҳир Шарипов барои ҷоми ҷаҳон, ки дар Гурҷистон баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм гардид. Шавкатҷон Юнусҷонов ба унвони се карат чемпиони Ӯзбекистон сазовор шуд.
Варзишгари боистеъдод Муҳаммадсиддиқ Абдумуталов ҳоло 13 сол аст, ки бо шотакан каратэ-до машғул аст.
Вай инчунин 5 карат чемпиони ҷаҳон, 6 карат чемпиони Ӯзбекистон, 5 карат соҳиби ҷоми Ӯзбекистон шуд, солҳои 2013, 2015, 2016 ғолиби номинатсияҳои «Беҳтарин варзишгари сол», «Беҳтарин мураббии сол» гардид ва соҳиби нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ва «Ӯзбекистон мустақиллигига 25 йил» шуд. Меҳнатҳои М. Абдумуталов дар арафаи Рӯзи ҷавонон баҳои муносиб гирифт. Ӯ бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардонда шуд.
– Вақте ки дар тантанаи 30 июн – Рӯзи ҷавонон, ки дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи «Водии афсонаҳо» баргузор гардид, мукофотро аз дасти ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Хайрулло Бозоров мегирифтам, хурсандиам ҳадду канор надошт. Дар чунин лаҳзаи дар ҳаётам фаромӯшнашаванда ваъда додам, ки соли 2020 дар Олимпиадаи Токио аз вилояти Намангон иштирок карда, аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифта, бо медал бармегардам, – гуфт Муҳаммадсиддиқ Абдумуталов.
Хурсандиовар аст, ки варзишгари боистеъдод М. Абдумуталов ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Намангон бидуни супоридани имтиҳон ба таври имтиёзнок қабул шуд.
19-24 июли соли ҷорӣ дар Тошканд аз рӯйи каратэ чемпионати Осиё, ки ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио роҳхат дода мешавад, Муҳаммадсиддиқ низ ба он тайёрӣ мебинад. Дар ин мусобиқаи бонуфуз ба вай бурдбориҳо орзу менамоем.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.