«ОШИҚӢ ЭҲСОСИ БАХШИШҲОИ ҚИСМАТ БУДААСТ...»

Аввалин вохӯрии мо бо ин шоири шаҳир ва дӯстдоштатарини халқамон дар овони донишҷӯйӣ рух дода буд.

Аввалин вохӯрии мо бо ин шоири шаҳир ва дӯстдоштатарини халқамон дар овони донишҷӯйӣ рух дода буд.  Соли 1976. Хеле ғӯр будаем.  Эълон шуд, ки дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон консерти ҳунарпешаҳои машҳур баргузор мешавад. Мо – донишҷӯёни факултаи таърихро чун толибилмони факултаҳои дигар ба он ҷо маҷбуран ҷамъ оварданд.  Дидори чунин фарзандони обрӯманди миллат, аз қабили Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакару Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ... бароямон хеле арзон афтода буд. Гумон доштем, ки онҳо ҳамеша зиндаанд.  Навбат ба шоири ҷавон Лоиқ расид. Шеър дар қироату овози ӯ  аҷиб садо медод, баъзан шӯхӣ мекард... Ашъораш саропо ошиқона буданд. Аммо мо, боз мегӯям,   ҷавонони ғӯр будему ҳанӯз лаззати шеър начашида. Аз ин рӯ, бештар муштоқи шунидани тарона дар иҷрои овозхонони дӯстдоштаамон будем. Аз ин лиҳоз барои Махфират Ҳамроқуловаю Муқаддас Набиева бисёртар кафкӯбӣ мекардем. 
Аммо суҳбатҳои Мирзо Турсунзодаи бузургвор зимни мулоқотҳои бевосита бо ҷавонон ё аз тариқи телевизион моро аз хоби ғафлат бедор намуданд. Шодравон мегуфт, ки шеъру ғазали форс-тоҷик худ як оҳанг, суруду тарона аст. Вазни арӯз оҳанги тайёри мусиқист. Баъд ин байти Саъдиро   мисол меовард:
Эй сорбон, оҳиста рон, 
к-ороми    ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, 
бо дилситонам меравад...
Сонитар,  мазаи шеъри Лоиқро фаҳмидему ҳама ошиқи шеъри шӯрангези ӯ шудем. Ба суҳбаташ ҳама чизро фаромӯш карда, ҳатто аз баҳри консертҳо гузашта медавидем. Дар вохӯриҳо барои сӯзанпартоӣ ҷой ёфт намешуд. Ҳама масти шеъри Лоиқ буданд. Дарёфти китобаш, гирифтани дастхаташ кори осон набуд. Ман барои аз “Тоҷиккитоб”-и назди кинотеатри “Ватан”-и Душанбешаҳр харидани китоби “Варақи санг”-и шоир (“Ирфон”, соли 1980) соатҳо навбат истодаам. Лекин китоб нарасид, бинобар ин ба троллейбус савор шуда, ба канори шаҳр, ба мағозаи “Северний” рафтам. Он   ҷо ҳам навбат дароз буд. Фақат якдонагӣ мефурӯхтанд.  Акнун Лоиқона, шоирвору шиорвор баланд мехондем:
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон 
зинда бод,
Шеъри Турсунзодаву ин 
обшорон зинда бод.
Китоби Лоиқ армуғони гаронмоя барои дӯстону ошиқон шуд. Аммо суҳбат ва маҳфилҳо бо иштироки ӯ  муҳтавову кайфияти дигаре доштанд. 
Боре яке аз ҳамкорон – Манзурхон Додохонов аз Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба тӯйи хонадоршавиаш даъват кард. Ин базм бо иштироки Лоиқ барои мо хотирмон шуд. Мо, гӯё на ба базм, балки ба вохӯрии шоир Лоиқ омада будем. Рӯзи дигар ҳама мегуфтанд: дар арӯсии Манзурхон шахсан худи Лоиқ иштирок кард. Оре, сухани табрикӣ   дар тӯю сур  бо шеъри Лоиқ  шукӯҳи махсус, лаззати дигаре дошт. Акнун “Хонаи дил”,  “Рӯзи сафед”, “Дасти дуои модар”, “Ману дарё”  ва китобҳои дигари  ӯ  дар дилу дидаи  мухлисони шеър   ҷойгузин шуда буданд.  Дар тӯйи хонадоршавии мо соли 1980 ҳам ин ғазали ошиқонаи шоир садо дода буд:
Ишқ дар дил шуълаи субҳи 
саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои 
қисмат будааст.
Дар   ҷавонӣ   ишқ буду давлати 
дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат 
будааст.
Ҳангоми таҳсил дар аспирантура барои мо суҳбату мулоқотҳоро бо устод Лоиқ дӯсти азизамон, журналисти машҳур, зиндаёд Муҳиддини Олимпур арзон кард. Дар қаҳвахонаи Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода шоиру нависандагон  Лоиқ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Шодон Ҳаниф, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Салимшо Ҳалимшо, Қутбӣ Киром, Низом Қосим, Адаш Истад, Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигарон зуд-зуд ҷамъ омада, маҳфили гарм меоростанд. Бо шарофати  Муҳиддин Олимпур мо ҳам гувоҳи ин  суҳбатҳои фаромӯшнопазир мешудем. Лоиқ мехонд:
Рӯзҳо мегузаранд, 
Рӯзҳо аз сари мо, 
Аз дили мо мегузаранд
 Хабари лаҳзаи дидору
 ҷудоӣ бар лаб, 
Аз раҳи манзили мо мегузаранд...
Баҳори соли 1989. Лоиқро аз ҳавзаи интихоботии Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба депутатии ҳалқии СССР номзад нишон доданд. Рақибонаш, албатта чун дар замони шӯравӣ расм буд, аз ҷумлаи механизатору говдӯшу котиби якуму мудири база буданд. Бар асари сиёсати ошкорбаёниву демократияи бебунёди Горбачёв  ҳама ба даҳон ҳар чӣ ояд, мегуфтанд. Дар   ҷараёни тайёрӣ ба интихобот бародарони камина санъаткорон Шоҳсалим ва Тошбой Муҳаббатовҳо барои Лоиқ кор мекарданд. Дар яке аз мулоқоти номзадҳо  ба депутатӣ дар Истаравшан (ман ҳам гувоҳ будам) чун навбат ба Лоиқ расид, пас аз баромади дигар номзадҳову саволу ҷавобҳои бемантиқу бемаънӣ ӯ гарчанде дилозурда буд, мардона хитоб кард: – Ин ҷо аз   ҷониби дигар номзадҳо ваъдаҳо зиёд шуданд. Яке гуфт, ки ман ба Ӯротеппа аз Хавос роҳи оҳанро меоварам, дигар гуфт, ки ағбаи Шаҳристонро  сӯрох карда, лаҷоми оби дарёи Зарафшонро ба Истаравшан мегардонам. Бародарон, ман шоирам. Ман ин гуна ваъда дода наметавонам. Ман бароятон шеър мегӯям. Дарди забони миллиро шофӣ мешавам... Агар овоз додед, ташаккур мегӯям, надодед, хафа намешавам...
Расмиятпарастони ҷамъомад дар ҳайрат монданд. Баъди ин суханронӣ ҳатто бо ӯ касе баҳс ҳам накард.
Умуман ҳар як суҳбат бо устод Лоиқ фаромӯшнопазир ва бо ҳазлу мутоибаҳои лоиқона мегузашт. Ёд дорам, тирамоҳи соли 1991 дар Хуҷанд ба муносибати 50-умин солгарди устод дар театри ба  номи Камоли Хуҷандӣ шаби назму наво ташкил шуд. Ман аз Тошканд, чанд нафар аз Самарқанд меҳмони он базм будем.  Шеъру ғазал дар қироати шоир лаззати дигар дошт. Дар аснои базм як духтараки дӯстрӯ аз толор ба саҳна баромад ва аз Лоиқ боисрор хост, ки ба кафи дасташ бо сабти байте имзо гузорад.
 Яке аз роҳбарони ҳизби вилоят аз ин рафтори шоиру он духтари ошиқи шеъри шоир хашмгин шуд. Барқасд, қалами шоир ба дасти духтарак наменавишт.  Лоиқ чанд муддат дасти он духтаракро дошта дастхат навишт. Ҳама офарин хонда мегуфтанд: “Дастхат ҳам хатти даст шуд”.
Лоиқ Ӯзбекистон, мардуми ӯзбекро дӯст медошт. Муҳаббаташ ба Тошканд зиёд буд. Таваҷҷӯҳ намоед ба суханони қалби шоир, ки баҳори соли 1981, ҳангоми Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфтааст: “Дар Ӯзбекистон тоҷикону ӯзбекон бародарвор паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд, зери як осмон аз нурҳои як офтоб баҳра мебаранд. Дар Тоҷикистон низ тоҷикону ӯзбекон аз як чашма об, аз як дастархон нон мехӯранд. Дар баъзе хонаводаҳо якбора ҳам забони тоҷикиро мешунавед, ҳам лафзи ӯзбекиро. Дар як тӯй гоҳо домод тоҷик асту арӯс ӯзбек, ё баръакс. Агар дар маъракае тоҷик косагул бошад, ӯзбек таббох аст. Ва чун зиндагӣ   ҳама рӯзу ҳама соат ҷашну сур нест, агар ҷанозае иттифоқ афтад, тоҷик як пояи тобут, ӯзбек як пояи дигари тобутро мегирад. Хуллас, шарики шодию ғами якдигаранд, бо ҳам механданд, бо ҳам мегирянд. Мо орзу дорем, ки ин қаробат, ин ширу шакар, саҳеҳтараш ин ширпайванду шакарпайвандии дӯстӣ ҳамеша боқӣ бошад”.
Аввали моҳи майи соли 1997 устод Лоиқ аз Лондон омада, як-ду рӯз дар Тошканд монд. Аввалин коре, ки ӯ дар ин ҷо кард, ба хонаи шодравон Ҷонибек рафтану аз ҳоли апаи Кимё ва фарзандони дӯсташ хабар гирифтан буд. Мо аз фурсати мусоид истифода бурда, барои рӯзномаи “Овози тоҷик” мусоҳабае анҷом додем. Яке аз саволҳои роқими ин сатрҳо чунин буд:
“Устод, чуноне ки дар оғози суҳбат гуфтед, шумо дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон  иштирок доштед. Он рӯзҳоро пазмон шудед?
— Аз барои савоб, пазмонии мо ба  маъракаҳои гулрезон, ҷашнҳову маҳфилҳои пурнур ҳад надорад. Набояд фаромӯш кунем, ки  фарҳангу русуми  мо бо бародарони ӯзбек яктост. Ман дар Ӯзбекистон  Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Барот Бойқобилов барин  дӯстони наздик дорам. Шодравон Ҷонибек пули фарҳангии миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон буд. Робитаҳои фарҳангии мардумони мо  заминаҳои таърихӣ доранд. Мо бояд саъй кунем, ки аз таърих биомӯзем, аз он саҳифаҳои ибратнокашро бигирем...”. 
Аз шоир шеъри нав дархост кардем. Субҳи дигар матни ду шеърро ба коғазе навишта, манзури мо намуд, ки ҳоло ҳамчун як осори гаронмояи шоири дӯстдоштаи худ дар бойгонӣ маҳфуз медорам. Яке аз онҳо ғазали шоир ба муносибати пойдор шудани сулҳ дар сарзамини Тоҷикистон буд, ки матлаъаш, фикр мекунам, ба ихлосмандони шеъри шоир ошност:
“Раҳми парваридигори 
мо омад,
Нури ҳақ бар диёри 
мо омад”.
Оре, шоир Лоиқ ҳамеша ҳамдаму ҳамнафасу ҳамдарди мардумаш буд. Нафақат  ҳамдарди тоҷикон, балки ғами дунёро мехӯрд. Аз  меваҳои дарахти дӯстии халқҳо сарфароз мешуд.
Имрӯз дар остонаи сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва дидорбиниҳо бо сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фикр мекунем, рӯҳи шоирони бузурги тоҷик Мирзо Турсунзодаву Лоиқ Шералӣ ҳамчун кулли мардумони некхоҳи бо ҳам бародар шод мешавад.

Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: